АКС: Ҳаракати дасту пои Шаҳбол ва мураххасияш аз беморхона

Дасту пойи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ба ҳаракат даромада, бо кӯмаки атрофиён метавонад, дар ҷойаш нишинад.
Дар ин бора Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар сӯҳбат ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки рӯзи 30 июн писараш баъд аз 40 рӯзи муолиҷа аз беморхонаи вилоятии Суғд ба Маркази физиотерапияи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд: “Айни ҳол саломатияш хуб буда, дасту пойяш ба ҳаракат даромадааст ва метавонад шинад. Дар маркази физиотерапия барқарорсозии саломатияшро идома медиҳем.”
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 8 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 як сол аз хидмати ҳарбӣ маҳрум шуда, даҳ дарсади маошаш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |