Бахшҳо

Посухҳои Кабирӣ ба суолҳои фаъолони Фейсбук

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон баъди зуҳри 2-юми июл дар шабакаи иҷтимоии фейсбук ба суолҳои фаъолони гуруҳи “Платформа” посух дод:

Модератор Платформа: То кай Шумо муносиботи бади низоми ҳокимро бо аъзои ҲНИТ ва дар маҷмуъ ба ҳизб таҳаммул мекунед?

Муҳиддин Кабирӣ: Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон. Талош мекунам мухтасаран ба ҳамаи суолҳо ҷавоб диҳам. Ба модератор мегӯям, то ҳамон қадаре, ки барои ҳифзи сулҳу муътадилият дар кишвар зарур аст, мо таҳаммул мекунем. Медонам, ин мавқеи мо ба бисёриҳо маъқул нест ва моро дар бефаъолиятӣ муттаҳам мекунанд. Аммо мо нияти иқдомеро, ки метавонанд ба бенизомӣ оранд, надорем. Ҳарчанд мақомот моро таҳрик ҳам диҳанд, таҳаммулпазир ва оромона рафтор хоҳем кард. Бовар кунед, ин сиёсати мо самара дода истодааст ва рӯз аз рӯз теъдоди бештари одамон дарк карда истодаанд, ки талоши ба иғво кашидани мо ва бадном кардани ҳизб, ҳамчун нерӯи нооромкунанда натиҷа надода истодааст. Одамон фаҳмида истодаанд, ки кадом нерӯ ба амнияту сулҳи мо таҳдид дорад ва дар куҷо кор мекунанду чӣ вазифа доранд.

Jamila Huseinova: Мегӯянд, ки Шуморо низ тақдири Зайд Саидов интизор аст, алалхусус, ин овозаҳо пас аз масъалаи бозори шаҳри Турсунзода бештар садо медиҳанд. Ба ин чӣ мегӯед? Метавонед, гӯед, ки то имрӯз Шумо чӣ қадар иншооти иҷтимоӣ барои мардум сохтаед?

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳарчи дар пешонаамон бошад ҳамонро мебинем. Шояд Зайд аз мо озодтар аст, агарчи дар зиндон аст. Дурӣ аз наздикон осон нест, вале барои як мубориз ва озодандеш зиндон идомаи роҳ аст. То имрӯз мактаби миёна, масҷид, ва чандин иншоотҳои дигари иҷтимоӣ, динӣ, варзишӣ сохтаем. Дар чор ноҳия толори варзишии муҷаҳҳаз кардем. Даҳҳо ва шояд садҳо донишҷӯйҳо барои таҳсил ба донишгоҳҳои дунявӣ кӯмак намудаем. Номбар кардани ҳамаи онҳо риё мешавад, вале савол, ки кардед, як қисмашро инҷо гуфтам. Хотиррасон мекунем, ки ин ҳама аз маблағҳои хусусӣ мебошанд. Гоҳо одамон байни маблағи хусусӣ ва буҷавӣ фарқ намегузоранд. Мепурсанд, ки фалон мансабдор ин кард, Шумо чӣ кардед. Фикр намекунад, ки фалон мансабдор аз ҳисоби пули мардум ва тибқи хароқоти буҷа кард, агар ҳамаашро сарф карда бошад. Ин вазифааш аст, на ҷои миннату реклама.

Khursand Kh: Ахиран маъракаи зиддинаҳзатӣ авҷ гирифтааст, ки айнан ба аз байн бурдани ҲНИТ ё ба ҳизби “дастнигар” табдил додани он равона шудааст. Аммо Шумо аз муколама мегӯеду изҳор медоред, ки ин самти пешгирифтаро идома медиҳед. Чӣ кор бояд кард вақте муколома ба кор намеравад, Шуморо намехоҳанд шунаванд? Дар ин сурат чӣ кор хоҳед кард?

Муҳиддин Кабирӣ: Муколама ҳамеша бамаврид ҳаст, ҳатто дар ҳолатҳое, ки шуморо шунидан намехоҳанд. Мо талошҳоямонро идома хоҳем дод ва агар ҳукумат нашунавад дер ё зуд халқ мешунавад. Бешубҳа ҳукумат тарафи зарурӣ дар муколамаи миллист, аммо муҳимтарин ҷониб ин ҷо халқ дар симои ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва фаъолон аст. Маъракаи зидди ҲНИТ эҳтимолан бештар ба заифсозии ҳизб равона шудааст на ба аз байн бурдани он. Инчунин аз амали мақомот алайҳи ҲНИТ, махсусан дар маҳалҳо бармеояд, ки як дастури умумиро аз боло гирифтаанд, аммо дастурамали мушаххасе нест, ки чӣ кор бояд кунанд? Ин ҷо ҳама аз сатҳи маърифатнокӣ, фарҳанг ва фаҳмиши мансабдорон вобаста аст. Баъзеҳояш дафтарҳоро вайрон мекунанд, бархеи дигар аъзои ҳизбро даъват мекунанд, ки аз узвияти он бароянд. Муҳим нишон додани натиҷа аст, аммо мутаассифона дар роҳ ба ин натиҷа аз қонун, этика ва мантиқ фаромӯш мекунанд. Инчунин фаромӯш мекунанд, ки “эффект бумеранга” мавҷуд дорад.

Модератор Платформи: Теъдоди дақиқи аъзои ҲНИТ ҳозир чӣ қадар аст?

Муҳиддин Кабирӣ:
Ба ҳоли имрӯз 42 ҳазор нафар.

Khamza Zaminzada: Шумо бо низоми феълӣ розиед? Агар не чӣ иқдомро пеш мегиред?

Муҳиддин Кабирӣ: Дар баъзе масоил мо ҳукуматро дастгирӣ мекунем. Асосан дар масоили сиёсати хориҷӣ ва ҳимояти манфиатҳои миллӣ. Мо бештар дар робита ба сиёсати дохилӣ суолҳо дорем. Чун ҳар мухолифини созандаи дигар мо ҳукуматро дастгирӣ мекунем, агар он сиёсати дурустро пеш гираду вазифаҳояшро иҷро кунад ва танқид мекунем, агар сабабе бошад. Аммо вақтҳои охир намояндагони алоҳидаи ҳукумат аз дастгирӣ дида, барои танқид бештар баҳона дода истодаанд. Мо ин хатти пешгирифтаамонро идома медиҳем.

Tatish Mamadbekov: Ҷаноби Кабирӣ ба изҳороти тунди роҳбари “Ватандор” Додоҷони Атоулло дар ҳаққи Шумо чӣ вокуниш нишон медиҳед?
Муҳиддин Кабирӣ: Ягон хел вокуниш нишон намедиҳам, ҳамон тавре, ки изҳороти ҷониби дигарро низ беҷавоб мемонем.

Fayziniso Vohidova: Аз фишоровариҳои ҳукумат эҳсос мешавад, ки нияти бастан ё аз байн бурдани ҲНИТ-ро доранд. Агар хато накунам, соли 1993 чунин як қарор буд. Агар чунин шавад, Шумо чӣ вокуниш нишон хоҳед дод?

Муҳиддин Кабирӣ:
Соли 1993 вазъият дигар буд, ҳозир баҳона барои бастани ҳизби мо нест. Болотар гуфтам, ки ҳадаф заифсозии ҳизб дар арафаи интихобот аст. Агар Худо накунаду чунин шавад, мо аз ҳаққамон дар доираи қонун ҳимоят хоҳем кард. Аз ҷониби дигар ҳизб худаш ҳадаф нест, он барои хизмат ба ғоя, халқ ва давлат аст. Имрӯз василаҳои дигари қонунии фаъолияти сиёсӣ вуҷуд доранд, ки баъзан самараноктар аз ҳизб аст. Мо ба ҳар ҳолат омодаем ва вобаста ба вазъ амал хоҳем кард.

Dilovar Ashurov: Ба фикри Шумо дар Тоҷикистон кай таҳаввулоту навовариҳоро интизор шавем ва оё дар аҳди ҳукумати феълӣ таҳаввулотеро интизор шудан мумкин аст?

Муҳиддин Кабирӣ: Таҳаввулот замоне рух медиҳанд, ки аксарият онҳоро мехоҳанд ва ҳукумат эҳсос мекунад, ки мардум тағйир ёфтааст ва онро бо усули куҳна идора карда намешавад. Ҳар гуна ҳукумат моҳиятан консервативӣ аст ва танҳо халқи сахтталаб метавонад, онро ба ислоҳоту таҳаввулот водор кунад. Нишаста аз ҳукумат тағйиротро интизор шудан маъно надорад.

Muhammad R. Saidov: Назари Шумо ба эҳтимоли иштироки президент ва тағйири синни номзад ба президентӣ чист? Шумо дар интихоботи ояндаи президентӣ иштирок мекунед?

Муҳиддин Кабирӣ:
Сарқонун талаб дорад, ки синни номзад ба президент ҳадди ақал 35 сол бошад. Фикр намекунам, барои иштироки писари раисиҷумҳур сарқонунро тағйир диҳанд. Агар синнусол мувофиқ бошад, ҳар шаҳрванд, аз ҷумла фарзанди раисиҷумҳур ҳаққи пешниҳоди номзадияшро дорад. Дар бораи иштироки ман дар интихобот чизе гуфтан ҳанӯз барвақт аст.


Савол: Аз рӯи кадом нишондод Шумо аъзои ҳизбро ба ягон вазифаи ҳизбӣ таъин мекунед?

Муҳиддин Кабирӣ: - Он қисмате, ки интихобӣ аст, вакилони анҷуман ё конфронс интихоб мекунанд. Аксари вазифаҳои мо интихобӣ мебошанд. Дар идораҳои иҷроия аз руйи тавонмандӣ, самимият ба аҳдофу арзишҳо ва дониш.

Савол: Дар Ҳизби Шумо маҳалгароӣ ҳаст ё не ? Агар бошад бо кадом роҳ зидди маҳалгароӣ дар дохили ҳизб мубориза мебаред ?

Муҳиддин Кабирӣ: - Шояд дар зеҳнҳо бошад, чун онҳо ҳам ҷузъи ҳамин ҷомеъаи мубтадогашта ҳастем. Вале дар амалия қариб, ки вуҷуд надорад ва беҳтарин роҳ барои мубориза бо он шаффофият ва шоистасолорӣ мебошад. Бародари калониам то раиси ҳизб шуданам роҳбари шуъбаи ҲНИТ дар Душанбе буданд, устоди худам ва шахси арзандае ҳастанд. Пас аз интихоби мо ба ҳайси раиси ҳизб, ин вазифаро тарк карданд ва ба кори поинтар гузаштанд. Агарчи, кори ҳизбӣ кори давлатӣ нест, вале риояи меъёрҳои фарҳанги сиёсӣ хуб аст.

Савол: Ба фикри Шумо бо кадом роҳ дар ҳукумат маҳалгароиро нест кардан мумкин аст ? Аз руи мушоҳидаи ман дин ва маърифат даъвои ин дарди миллат шуда наметавонад.

Муҳиддин Кабирӣ: - Барои расидан ба ин ҳадаф аз нав велосипедро ихтироъ кардан шарт нест. Таҷрибаи Гурҷистон барои мубориза зидди маҳалгароӣ ва фасод метавонад муфид бошад. Дин ва маърифат метавонад кӯмак кунад, вале ба танҳоӣ масъаларо ҳал карда наметавонанд.

Савол: Агар кишвардори Точикистон мебудед зидди мазҳабу сектаҳои ба гуфти русҳо “околоисламский” чӣ гуна мубориза мебурдед?

Муҳиддин Кабирӣ: - Мубориза бо касе намебурдам, фақат пеши роҳи арзишҳо ва таълимоти муътадтили ҳанафиро намегирифтам. Ҳамин кофӣ аст, ки дигарон заиф шаванд ва Исломи воқеии созанда рушд кунад.

Савол: Ба фикри Шумо ғайр аз куштану зиндонӣ кардан ягон роҳи дигари табобат кардани чавононе, ки гирифтори мазҳабҳои бегона шудаанд, ҳаст?

Муҳиддин Кабирӣ: - Болотар гуфтам, куштану зиндонӣ кардан роҳи ҳал нест, балки фазои муносибро барои Исломи муътадил боз кард. Гароиш ба дигар мазҳабҳо буданд ва хоҳанд буд. Ин фоҷеъа нест, танҳо мушкилӣ аст, ки ҳалшаванда мебошад. Роҳҳал ҳам, озод мондани ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ва фиқҳи ҳанафӣ аст. Ин ақида ва фиқҳ дар аргу хуни ин мардум реша дорад ва худаш худашро ҳимоят мекунад, агар халал нарасонем.

Савол: Ҳоло ҳукумат чӣ кор бояд кунад, ки пеши роҳи паҳншавии мазҳабхои бегона, ки бо суръати хеле хатарнок паҳн мешаванд, гирад? Патриархати Маскав барои мардуми бехона, хуроки гарм ва пояфзоли хушк тақсим мекунад, хонаҳои кудакони бепарасторро дастгирӣ мекунанд, ҳамроҳи табибон барои табобати нашъамандон мубориза мебарад ва ғайра. Ба фикри Шумо чаро Муфтиёти Точикистон ва тоҷикон ин корҳоро намекунанд ? Масҷид сохтан заруртар аст (вақте, ки дар аксарияти маҳалҳо масҷид ҳаст) ё таъмир кардани биноҳои вайрони бепарасторон ва сер кардану пушондани онхо?

Муҳиддин Кабирӣ: - Патриархати Русия аз аксари андозҳо озод аст, пули зиёд дорад. Масҷидҳои мо мисли соҳибкорон андоз месупоранд, пули барқ медиҳанд, боз ба ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯмаки пулӣ мерасонанд. Ҳатто барои масҷидҳоро ободу тоза нигаҳ доштан маблағ надоранд, чигуна ба корҳои хайрия бирасанд? Вазъи ҳуқуқӣ ва молиявии масҷидҳои мо аз калисоҳо комилан фарқ мекунад. Бо вуқуди ин, чандин мактабу ятимхона аз тарафи масоҷид сохта ё таъмир гаштаанд, ки камтар дар ин бора мегӯянд. Дар умум, бо Шумо розӣ ҳастам, яке аз вазифаҳои ташкилоти динӣ кори хайрия аст, бояд онҳо ташвиқ шаванд, пеш аз ҳама аз тарафи давлат.

Савол: 1. Ин иқтибос аз баромади Шумо бахшида ба "Рӯзи Ваҳдат" дар қароргохи ХНИТ: “Вақти он расидааст, ки ҳамчун як ҳизби сиёсии қавӣ, соҳибҳақ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси созишнома ва дар асоси фарҳанги сиёсӣ рафтор кунем ва он ҳаққи ҳалоли аҳзоби сиёсиро аз дигарон талаб кунем ва ҳар чӣ ҳаст, ошкор бигӯем, ки ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро бар дӯш бигирад. Агар натавонистед, ки дуруст рафтор кунед, Наҳзати Исломии Тоҷикистон омодааст, ки масъулияти кишварро бар дӯш гирад, мардум омода бошанд.” Шумо фикр намекунед, ки режим инро чун таҳдид қабул мекунад ва фишор нисбати ҳизби Шумо шадидтар мешавад?

2. Агар фишор ба ҳизби Шумо аз тарафи режим давом ёбад, сабри Шумо то кучост? Яъне фишор то кадом дараҷа бояд расад, ки аъзои ҲНИТ ба майдон бароянд?

Муҳиддин Кабирӣ: Дар иқтисбоси овардаи Шумо аз суханронии ман чи таҳдиде ба ҳокимият вуҷуд дорад? Аввалаш, ин худ иқтибос аз суханони Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебошад, ки чанд сол пештар гуфта буданд. Сониян, ин ҳарфро ҳамаи ҳизбҳои олам мегуянд, агар нагӯянд пас ҳизб нестанд. Ин таҳдид нест, балки фурсат аст. Агар як ҳизби сиёсӣ бигӯяд, ки “сиёсати хуб доред, кумакатон мекунем, иштибоҳ кардед, танқиду ислоҳатон мекунем, танҳо дар сурате барои тагйири Шумо талош мекунем, ки бовар кунем, дигар наметавонед миллату кишварро пеш бурда”, чӣ таҳдиде дорад? Агар фишор болои мо аз ин бештар шавад, пас маълум мешавад, ки дигар ҳатто танқидро ҳам қабул надоранд ва ислоҳшаванда нестанд. Ба фикри мо, ҳар ҳукумате, ки худашро эҳтиром мекунад, бояд барои чунин мавқеъ ташакур бигӯяд ва хурсанд шавад. Дар тамоми дунё оппозиция, новобаста аз он, ки ҳукумат муваффақ ҳаст ё не, танқид мекунад ва талаб мекунад, ки ҷойро холӣ кунанд. Вале, дар кишвари мо оппозиция омода аст, ки кӯмак намояд, агар дуруст рафтор мекунанд. Шумо аввалин касе нестед, ки ин ҳарфро мегӯед ва бовар доранд, ки ҳукумати мо тавони шунидани чунин суханҳоро надорад. Савол ин аст, ки оё ҳукумати мо воқеан то ин ҳад худкома ва худпараст шудааст, ки дигар як сухани одии маъмул дар ҳама ҷаҳонро қабул надорад? Ё Шумо муболаға мекунед дар шинохти ҳукумат ё мо аз ҳад зиёд хушбин ҳастем.

Аммо чавоб ба саволи дуюми Шумо ин аст, ки сабри мо ханӯз мустаҳкам аст. На парвои зиёд аз фишорҳо дорем, на аз танқидҳо барои сабр. Ҷое гуфта будам, ки сабри мо то ҳадде хоҳад буд, ки худи фишордиҳандаҳо сабру тоқаташонро аз даст медиҳанд. Алакай, натиҷаи инро мебинем, сабрашон аз пурсабрии мо дорад тамом мешавад. Дар тамоми олам мухолифин алайхи ҳукумат митинг мекунад, помидору тухмимурғ мепартояд. Ва ҳукуматҳо сабру таҳаммул мекунанд. Сабри мо ҳама чизро иваз кард, дигар ба ном “тарафдорони ҳукумат” митингу помидорзаниро пеша кардаанду мухолифин “сабри ҳукуматӣ”-ро. ҲНИТ метавонад, майдон барояд, ин ягон мушкилии қонунӣ надорад, вале набояд ин ҳамчун ниҳояти сабр дониста шавад. Ба майдон рафтан ҳам худаш сабру усутвори мехоҳад. Касоне, ки дар бораи майдону митинг зиёд ҳарф мезананд, бовар дорам, ки ягон нафаршон омодаи баромадан нестанд. Онҳо мехоҳанд, ки дигарон бароянд, аз ҷумла , Наҳзат ва ҳадаф ислоҳу тағйирот ҳам нест, муҳим, ки як кас оғоз кунад, давомаш масъалаи политтехнология мебошад. Як бор майдон ташкил карданд, Наҳзат баъдан пайваст. Ҳоло ҳама чизро ба души Наҳзат андохтаанд, ки комилан беинсофӣ аст. Майдон ҳамон вақт мебароем, ки худамон ба ин натиҷа расем ва идорааш кунем. Мутмаин бошем, ки бар нафъи миллату давлат мебошад ва таконе барои ислоҳоту пешрафт мешавад.

Инҷо як масъалаи дигар аст, ки бояд равшан шавад. Моро ҳамеша танқид мекунанд, ки пеши роҳи майдону митингҳоро мегирем ва намегузорем, ки мардум зидди зулму фишор эътироз кунад. Бале, мо то имрӯз даъват кардаем, ки ин корро накунанд ва ташаккур мегӯем ба касоне ҳарфи моро гуш мекунанд. Аммо ҳарфи моро одатан аъзо ва тарафдорони мо гуш ва риоят мекунанд. Касоне, ки моро барои сабри аз ҳад зиёд танқид мекунанд, аксаран на аъзоанду на тарафдори мо. Агар тарафдори мо мебуданд, моро барои ин сиёсат танқид намекарданд. Онҳо агар ғайрату ҷасорат доранд, марҳамат, мо пеши роҳи онҳоро нагирифтаем. Ариза диҳанд барои гирдиҳамоӣ ва ҳаққи худро талаб намоянд. Вале, агар ҳадаф танҳо кашондани Наҳзат ба майдон аст, бигузор ором бошанд, мо ҳамаро мешунавем ва тасмимро ниҳоят бо дарки ҳама паҳлуҳои масъала хоҳем гирифт. Ба касе маъқул ҳаст ё нест, ин мавқеи мост, ки то имрӯз иштибоҳӣ набуд.

ilyosiddin Giyosov: Барои чӣ 30%-иро Шумо дуруст истифода бурда натавонистед?

Муҳиддин Кабирӣ: Барои он, ки марҳалаи сулҳ инро тақозо мекард , то аз баҳри бисёр чизҳо бигзарем, вагарна сулҳ намешуд.

Barot Kodirov: Сабаб чӣ буд, ки Шумо номзадии худро дар интихоботи 2013 нагузоштед ?

Муҳиддин Кабирӣ: Манфиати давлату миллат ва ҳизб ҳаминро тақозо мекард.

Abdulmubdi Sidikov: Суоли ман чунин аст, ки агар дар интихоботи 2015 ҳизб ба парлумон роҳ наёбад, пас тақдири ҳизб чӣ мешавад?

Муҳиддин Кабирӣ: Мо бояд тамоми талошҳоро кунем, ки на танҳо роҳ биёбем, балки бештар ҷой бигирем. Агар роҳ наёфт, фоҷеъае намешавад, ба шарте, ки мардум инро нахоста бошанд. Вале, агар мардум раъй бидиҳанду мисли пешина тақаллуб сурат бигирад, ин дигар фоҷеъаи танҳо як ҳизби мо нест, аз миллат аст, ки раъяшро медузданд. Бояд аз раъйи мардум ҳамагон ҳимоят кунем. Чӣ овози мо бошад чӣ аз дигарон. Будан дар парлумон хеле муҳим аст, вале шаръи бақову ояндаи мо нест. Ҳизбҳо гоҳо ба парлумон мераванд ва гоҳо намераванд, ин як амри табиӣ бояд бошад.

Abdulmubdi Sidikov: Муҳтарам Кабирӣ, чаро дар моҳи Рамазон дар ватани мо болоравии нархи маҳсулотҳои ниёзи мардум ба назар мерасад ? сабабашро дар чӣ мебинед: Контрол карда натавонистани ҳукуматдорон ё беинсофии тоҷирон?

Муҳиддин Кабирӣ: -Тарафдори он нестам, ки ҳамеша имону инсофи тоҷиронро меъёр қарор бидиҳем. Ҳукумат бояд тибқи нақша ва барномаи худ кор кунад ва бозорро бо моли рақобатпазир таъмин намояд. Нигаҳ доштани нарх, таъмини молу махсулот, таъмини фазои солими рақобати тиҷорӣ ин вазифаи асосии ҳар як ҳукумат аст. Вақте ки аз уҳдаи кори худ набаромаданд, имону инсофи тоҷир ба ёдашон мерасад ва ҳама чизро бар души онҳо бор мекунанд. Тоҷир дар ҳама чо тоҷир аст, чӣ дар Осиё бошад чӣ Африқову Амрико. Агар бинад, ки рақобат ҳаст, маҷбур мешавад, нархро паст кунад. Дар хориҷа ҳамаи идҳову ҷашнҳо ба поиншавии нархо таъсир мерасонад, чун моли бисёр вориди бозор мегардад ва ҳар кас кӯшиш мекунад, аз ҳисоби фурӯши бештар даромад бигирад на аз ҳисоби нархи қимматтар. Зеро, агар қиммат кард, молашонро ба фурӯш намеравад, ҳамсояааш бештар мефурӯшад. Ба ҷойи насиҳати тоҷирон бояд молро бештар даровард ва истеҳсол кард. Андозро бояд паст кард, то ба нарх таъсир нарасонад. Монополияро аз байн бурд. Вақте ки нархи барқ дар аввали Рамазон 15 фоиз боло рафт, айби имони тоҷир чист? Ӯ маҷбур аст, ки ин хароҷотро аз ҳисоби боло бурдани нарх пушонад. Барқро кӣ боло мебарад, андозро кӣ муайян мекунад, ришваро кӣ меситонад? Мо мехоҳем, қоидаҳои одии иқтисодиро риоя накунем ва онро аз ҳисоби инсофу имони тоҷиру соҳибкор ҷуброн созем. Ин як бор натиҷа медихад ё ду бор. Иқтисод ва тиҷорат қонуни худро дорад.

Интересный Собеседник: Шумо ҳамеша ва рӯйрост аз андешаю афкори ихвониҳо (Бародарони мусулмон) дастгирӣ мекардед. Акнун, ки онҳоро дар ватани худ террористу экстремист гуфта, ҳабс карданд, ҳазорҳо нафари онҳоро ба қатл маҳкум карданд. Масҷидҳояшонро бастанду мебанданд. Чаро нисбати онҳо хомӯшӣ ихтиёр кардаед? Оё фишори ҳақиқӣ оне нест, ки онҷо пеш мегиранд?

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳоло ҳам ман аз ихвониҳо пуштибонӣ мекунам ва он чи мегузарад, нисбати онҳо зулм аст. Имкон надорад, ки бештар аз нисфи мисриҳо террористонро ҷонибдор бошанд. Онҳо аксарияти овозҳоро гирифта буданд. Ба терроризм муттаҳам кардани ихвониҳо таҳқири як миллат аст. Мутмаин бошед, мо хомӯш нестем ва дифоъ аз онҳо вазифаи ҳар як мусалмони огоҳу бедор аст. Вале коре ҷуз дуо аз дасти мо намеояд.
Мӯҳр
Точик
хехе наход Озодагон ин кадар паст шуда бошад, ки ин тавр маколахои "пуч"-ро нашр кунад?! ин хандаовар аст, ки як вакили парлумон бо одамхое, ки номхои "Фейк" дар фейсбук доранд саволу чавоб мекунад. наход вакил ин кадар бекадр бошад ё ин худнамоиши аст?!

ами бача беаклай чияй дар. фейсбук одам худаша фейку мейк гуфта кайд карда бошад и айби вакаил асть магар , баъд ин ки агар ахмият дода бошед ба чуз ин вакил Мухиддин Кабири дар Точикистон гуфтугуи озоди дигар вакилон кам ба назар мерасад.Точик,
Точик,

АБДУЛЛО
Бародари Точик аслан худат бефаросту бефахму бемантику бефарханг хатси!!! Кабири ба мисли ту ва чанд нафаре, ки дар сари вазифаи давлати хастанд назарашон ба мардуми оди намегирад ин тавр нест!!! Балки бо мардуми оди низ сухбат мекунад. Ба гуфтаи ту гуё корбарони фесбук одам нестанд?!!! Ё ки вакили МО шуди шоху думи зиёдати дори?!!! Бефаросат.

узбеков
Точик,
ман аз ин точики беаклро нашунида будам

Саволу чавоби бисёр хуб. Ин гуна вакилро вакили мардуми мегуянд. фаркаш чи файк аст номи саволдихандахо ё хакики мухим он ки саволхои мавчуда дар кишрхои чомеаро посух гуфт М. Кабири. Чавобхои каноаткунанда ва МАРДУМИ. Зиннда бош эй САРВАР. ман шахсан ин мардро намешиносам аммо суханхои у чой доранд ва бамавриданд. МОШООЛЛОХ.

Ваҳдат
Ин тоҷике ин вакилро таҳқир кардааст ин худаш кадом вакили бесавод аст ки худаш аз суҳбати озод метарсад ва ба Оғои вакил ҳасадаш омадааст ки чаро бо фаолони файсбук ҳарф мезанад хай ки Шумо суҳбат карда наметонед аз хашматона бинотона газед баҷои таҳқир кардани дигарона шармандаҳо шармандаҳо шармандаҳо

Sobir
ba tojik-
bo in navishtahoyat kursavod, past budani mafkura va past budani hudro nishon dodai. sharmanda.
Suolhoi ba mavrid va javobhoi bisyor olly va jolib. Az hardu jonib sipos guzoram, va KHudovand Ustodro ba niyathoi peshgiriftaash birasonad. ba durusti ki KHudovand bo sabrkunandagonast. Ozodagon salomat boshed baroi hizmathoi nek ba millat.

Точики бекина
Точик, чаро дигар вакилон хамин чуръати Кабириро надоранд, то бо суолхо бидуни варак посух гуянд? Кани дигар вакилону вазиронро барои мусохибаи озод бо корбарони интернет даъват кун чи посух медиханд? Да пошел ты ... - мегуяндат. Рахмат ба Кабири барои посух гуфтан ба суолхо.

Озод
Кандаша хурад Кабири бо хама як аст.кани бинем чи ягон вакили дигар сухбати фейсбуки анчом медихад.

Хурбармур
Барои чоме дард на дар исломгарои асту на дар болевикигарои,дарди чомеъаи имрузаи точик аз чанги точиккуши соли 1992,ки русхо ва узбакхо андохтаанд манша мегирад.Махз аз хамин чанги зидди точики!Барои шифоёбии он хар ду тарафи айбдор,дастнишондодахои Руссия ва Узбакия- болшевикон ва исломихо бояд соли 1997 чун гунахгорони оси ва кнопкаи чосусони хоричи дар катли оми точик ба хотири мансабу моликият бояд аз 70 фоиза ва 30 фоиза даст кашида аз майдон берун шуда,дар назди миллати азияткашидаи точик чавоб мегуфтанд.Мутаасифона ин хел нашуд ва кишвархои "бародар" як кисмати бесаводи дигарашро,ки бо танку тупаш сохибмансаб кардааст чун мустамлика ва гуломи халкабардуш истифода дорад.Афус!

Рохбарии кишварро ба душ мегирем гуфтан осон аммо фикри ухдаи онро низ фаромуш накунед ки боз кишвари озоду тинчи имрузаи точиконро ба Сирия мубадал нанамоед. Шумо мехохед ки рохбари давлат бошед. Фарз кардем ,ки ба шумо ин кор муяссар шуд, баъд чи? Хама серию пури нархи арзони хурока, маоши баланд, сиёсати хоричии давлат бехтарин, мухочирони мехнати баргардонида ва бо чои кор дар кишвар таъмин карда мешавад ми? Огои Президент. Озодагон хам мисли шумо як расонаи опозитсиони буда факат дар бораи шумою шумобаринхо чоп мекунад.

Точики бедор
Бовар кунед хамаи саволхои бемаънию чавобхое, ки нашунида хулосашаванда хастанд. Фейсбукда аз точико ду се каси тамоман бекоре мешинад, ки нокобил ва ноухдабарост. Барои чи ин хел мегуям барои он ки одам агар ухдабарот бошад як кори ошкоро мекунад нотарсида, як гапи ошкоро мезанад нотарсида ва г. Дар фейсбук игвою дасиса бисёр аст аз чомеа дида. Барои он ки дар фейсбук бо ана хамун фейку мейк пушти парда шиштану даситсаю игво кардана афзал медонанд. Ин як майдони игвою дасиса аст. Ба ин шабакахои интернети дода нашавед зеро инро аврупоихо махсус барои манфиатхои молию сиёсии худашон фикр карда баромадаанд. Боз хам казовату инсоф аз худатон

.
Точики бедор,

Рост гупти точики хоболуд. Точикон бояд танхо сухани "хакро" аз ТВ Точикистон шунаванд.

мухтарам Кабири икдоми хуб кардаанд ки дар фейсбук бо суолу чавоб ташкил карддаанд.ки мехоханд ба проблемхо рушани андозанд.кош дигар мансабдорон низ чунин мекарданд. ташаккур Кабири.

.
офтоб,

Баъд аз он ки дар Кулоб уро помидоршапу тухмшап кардан, акнун факат дар Фейсбук баромад мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)