Бахшҳо

Умед Бобохонов: Ман ҳам қариб ҷосус мешудам...

Умед Бобохонов, муассиси медиа-гуруҳи “Азия-Плюс”

Қазияи баҳсбарангези боздошти олими тоҷик, Александр Содиқов, ба иттиҳоми ҷосусӣ аллакай тамоми расонаҳои ҷаҳониро чарх зад. Ба ҳимояти ӯ бисёри созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва беш аз 30 ҳазор олим аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон-Русия, Қирғизистон, Британияи Кабир, ИМА ва Фаронса баромад карданд.

Зимнан мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки далелҳои фаъолияти ҷосусии Содиқовро рӯи даст доранд. Чунин шуд, ки ман низ ғайриихтиёр иштирокдори ин “қазияи ҷосусӣ” шудам. Як бор ҳам не, ду бор.

Инак дар иттилоияи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон омадааст, ки Александр 16-уми июн ҳангоми иҷрои супориши хадамоти махсуси яке аз кишварҳои хориҷӣ дар Хоруғ боздошт шуд: “Санҷиши пешакӣ нишон дод, ки Содиқов 9-уми июн тариқи почтаи электронӣ ба мулоқот бо яке аз намояндагони кишварҳои хориҷӣ даъват шуд... Вохӯрӣ бо ин намоянда 10-уми июн сурат гирифт. Бегоҳи он рӯз дар бошишгоҳи сардори хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ, ки зери ниқоби дипломатӣ фаъолият мекунад, супориши мушаххас ва маблағи муайян гирифта, барои дарёфти иттилооти хусусияти ҷосусидошта аз Алим Шерзамонов озими Хоруғ шуд.”

Дар асоси ин Содиқов аз рӯи моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ дар хиёнат ба давлат муттаҳам мешавад, ки барои он то 20 соли зиндон бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Акнун, ин қазия ба ман чӣ рабт дорад? Батартиб шарҳ медиҳам. Рӯзи 10-уми июн ман низ, чун Александр Содиқов тариқи почтаи электронӣ аз сафорати Британияи Кабир ду даъватнома гирифтам. Аввал рӯзи 11-уми июн маро ба ғизои шом ба бошишгоҳи сафир даъват карданд, ки ба ифтихори ташрифи олими Донишгоҳи Эксетери Британия-доктор Ҷон Хизершоу ташкил шуда буд. Даъватномаи дуюми барои 13-уми июн ба чорабинии сафорат ба муносибати мавлуди Маликаи Британияи Кабир буд. Чун рӯзи 11-уми июн ба муносибати рӯзи Русия ба қабули сафири ин кишвар дар Душанбе даъват шудам, қарор кардам, ки он рӯз русиягиҳо ва 13-уми июн пайравони Маликаи Британияи Кабирро табрик кунам ва чунин ҳам кардам.

Тавре маълум аст, Александр Содиқов замони боздошташ дар Хоруғ аз рӯи лоиҳаи Хизершоу кор мекард ва эҳтимолан маҳз дар вақти ғизои шоми 11-уми июн аз Хизершоу суолномаи таҳқиқот ва роҳкироро гирифтааст. ( Дар иттилоияи РКДАМ-и Бадахшон вақти мулоқот дар бошишгоҳ 10-уми июн сабт шудаст, аммо ин ҷо мумкин хато шудааст, чун сафир 10-уми июн дар Хоруғ буд ва танҳо рӯзи 11-уми июн ба Душанбе баргашт. Намедонам, ки оё дипломати дигари Бритониё дар набудани сафир ҳаққи қабули меҳмононро дар бошишгоҳаш дорад ё на?!)

Чанд рӯз баъд ҷонишинам ба ман хабар дод, ки замони сафар доштанам, ӯ барои мулоқот бо олими хориҷие розигӣ додааст, ки ба омӯзиши Тоҷикистон машғул аст. Ҷонишинам гуфт, меҳмонон ба дафтари мо баъди 30 дақиқа ҳозир мешаванд ва агар хоҳам, метавонам дар ин мулоқот иштирок кунам. Баъди ним соат ба утоқи кориям Александр Содиқов ва нафари бароям номаълумро ворид намуд. “Доктор Хизершоу, Донишгоҳи Эксетер”- худро муаррифӣ кард меҳмон.

Аз суҳбат бо доктор Хизершоу маълум шуд, ки ӯ низоъшинос аст ва мушкилоти Тоҷикистонро беш аз 10 сол омӯхта, дар ин бора чанд китоб ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ навиштааст. (Дертар дар сомонаи донишгоҳ ман дар бораи Хизершоу иттилои муфассал пайдо кардам, ки воқеан ҳам дар ин донишгоҳ ба ҳайси муаллими калон кор карда, матлабҳои зиёде дар бораи минтақаи мо навиштааст.” Профессор изҳор дошт, ки дар бораи низоъҳои минтақаи мо кори илмӣ менависад ва Александр розӣ шудааст дар фасли тобистон ба ӯ кӯмак кунад. Суҳбати мо ҳудуди ним соат идома ёфт ва меҳмонон миннатдорӣ баён намуда, рафтанд.

Чанд рӯз пас аз боздошти “ҷосус Содиқов” хабар паҳн гардид...

Баъди ин ҳодиса ман ба худам суолҳое медиҳам, ки ҷавобашонро намедонам: Агар ман ҳамон рӯз ба ғизои шом дар бошишгоҳи сафир ҳозир мешудам, ман ҳам ҷосус ҳисоб мешудам ё шарики ҷосус? Оё олимони тоҷики дигаре, ки дар он “мулоқоти махфӣ” иштирок доштанд, ҷосус ҳисоб мешаванд? Агар сотсиал-демократ, Алим Шерзамонов, ки замони мулоқот бо ӯ Содиқов боздошт шуда буд, барандаи иттилои ҷосусӣ бошад, оё ман чунин баранда нестам? Агар бошам, оё ғайриихтиёр дар мулоқот бо олимони бритониёгӣ ягон асрори давлатиро фош накардаам?

Бояд дар оянда ман ё ҳамкоронам-рӯзноманигорон бо олимону рӯзноманигорони хориҷӣ мулоқот кунем, ё аз онҳо ҳазар намоем, то аз рӯи моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ айбдор нашавем? Месазад, ки ба масоили мубрами ҷомеаамон, аз қабили фасод, мухаддирот, геополитика, Ислом, энергетика ва амнияти озуқаворӣ машғул шавем, ё он ҳамчун ҷамъоварии иттилооти ҷосусӣ баҳогузорӣ хоҳад шуд?
Мӯҳр
Sodik
Хазору як фоиз чосусед!!!! Магар шумо акнун ба худ савол медихед ки чосус хастед е не?? Охир Хамин газетатон ва даромадхои хангуфтатон ва реклама хои сафорату ташкилотхои байналмилали ва грантхошон Азия плюс ро Азия плюс кард ку!!!????? Сони ки гуфт ки чосус хои америкои е аврупои устоди донишгох нестанд????? Е устодон хамчун чосус истихдом намешаванд?????? Бие сафсата нахон!!! Хатто Хамин маколаат бо супориши онхо нависта шудааст!!!!

Ман хам ба назари Содик мувофикам Умед Бобохонов ин миллатро тинч монед!!! дар ягон чои дунё чосус гуфта, вазифаи руирост нест!!! албата чосусхо дар никоби хар кас мегарданд агар никоб набошад онхо чи гуна чосуси мекунанд охир!!! ту хам никобатро дукабата кардан мехохи !!! дигар ин никобатон шафоф шуд агар 10 кабатдошта бошанд туро чосус мебинанд!!! агар вичдон доред холо хам дер нашудаст аз рохатон гардед!!!!

Точикак
таги хукуматдорон нам шудаст, чи аз шамолаки охистакак метарсанд? Ин бемаззагиро бинед, ки зурашон ба як бечора расида бурда махкам кардандаш. О Хизершоу дар точикистон буд, чосус буданашро медонистед пас барои чи дафъаш накардед. Дигар ба гапхои шумо бовар нест...Боки валлоху аълам....

Умед...шумо чосус хам набошед..одами ботаъсири идеологии гарб мебошед...хамин тавр хаст. мехохед дар точикистон нотинчи бошад...ва заказхои онхоро ичро мекунед...хайр..худо ба шумо шохид...дигар чи гуям...ба даст меафтед..е дар ин дунё е дар он хатман

Sodik,
То ту ва тубаринҳо аз байн нараванд, сари ҳар як шаҳрванди кишвар хатари ҷосусӣ овезон хоҳад буд.

рост
Sodik,
Сафсатаро ту гуфта истодаи. Дар 23 сол барои миллат коре ба анчом наросонидед. Ноухдабароии худро бори дигарон накунед. Бе кумаки замин хоричиен кайхо хамаро аз даст медодед. Ое ту медони, ки бучаи точикистон дахсолахо бо дарназадошти маблаги хорича тахия мегардад. Бе кумаки беруна шумо сифри холиед. Шуморо хоричихо сари кудрат оварданд. Бо шохи букка бози накунед.

Собикадори орган
Чосусро аслан аз байни олимон, такикотчиён ва кормандони махсуси давлати интихоб менамоянд, чунки махз хамин кабил инсонхо барои бахогузори ва тахлили проблемахои даркори хизмат карда метавонанд. Барои як нафарро чосус таёр кардан, аввалан кормандони тахрибкори давлатхои манфиатдор шахси даркориро, ки пештар таи чашм намудаанд, ба конференцияхо, шабнишинхо ва дигар чорабинихо мавчуд буда давъват намуда, бо онхо аз наздик шиносои пайдо мекуанд ва баъдан ба хар гуна роху усулхо ба онхо супоришхои махсус медиханд. Хандаовар ин аст, олимон хоричи бо шеваи нодони барои озодии Александр овоз балан карда истодаанд, ки гуё у тадкикотчи аст. Дуруст аст, ки такикот мебарад ва чосус хам махз аз байни ана хамин гуна шахсон интихоб мешавад. Шумо хам огои Умед бе шаку шубха кадам ба пайрохаи чосуси мондаед ва агар бо кормандони макомтои тахлдор сухбат намуда, баъдан рафта вохурихоятонро гузаронед дар ин холат ягон хел чиноят намешавад. Аз ин лихоз бояд хар як фарди огоху ватандуст бояд сиёхро аз сафед ва шаб аз руз фарк карда тавонад. Тахрибкорхо хооричи хеч вакт кущоду равшан намегуянд, ки ту чосуси бояд куни. Ана бо чунин роху равише, ки дар боло кайд намудаи туро ба манфиатхои дигар давлат истифода менамоянд. Хар як шахрванд хох у журналист бошад, хох олим бошад хох дигару дигар пеш аз вохурдан бо шахрвандони хоричи кормандони махсуси давлатиро бояд огох намоянд ва баъдан мухтваои сухбати намудаашро ба онхо гуфта диханд.

Штази
Sodik,Чаноб, агар ту чунин акида дори, пас хамаи рузноманигорон чосусанд. Аммо ту бехабар бо чанд тинаке, ки мегири, гумон дори ки "патриоти бузург" танхо худати. Намедони, ки шояд ин Бобохонов аз бобою бобокалону тагою амакат дар якчояги бештар патриот аст ва шояд аз хама зиёдтар гами ин миллатро мехураду ба ин давлат вафодортар аст.Вале аклаки ночизи ту ба ин чиз то рузи охирини умрат хам намерасад.

Sodik, Ман ку намедонам, ки ин олим чосус аст е не, тафтишоти суди муайян мекунад, лекин хамин зиндаги нишон медихад, ки барои хукумати имруза чосусони ашади бештари рохбарони вазоратхо, хукуматхорохбарони корхонаю идорахо мебошанд Дар назди ЧО касам ед мекунанду дар чойи кор факат дуздию гораткуни, хешутаборбози ва корхонахои давлатиро ба ширкатхои хусуси табдил додаанд ва касе намепурсад ки хой бародар ту чи кор карда истодаи

.
Бобохонов худ кайхо грин-карди ИМА ро дорад ва он чо истикомат мекунад. Точикистон танхо чойи пулкоркунии уст. Дигар заррае собик ватанаш барои у арзише надорад. Боз у ин чосус САША-ро дастгири дорад. САША хам Точикистонро танхо чойи пулкоркуни мехисобад.

Ватандор
Содик дуруст мегуяд. Маблагхои Азия+ асосан аз хорич аст. Дигар ин ки хорича бе манфиат пулаша намедихад. Як рафики ман чанд бор ба чонибдории корхои кардаи хукумат хабару макола навишт аммо Азия+ чоп накард. Инхо номуси ватандорй надоранд, балки пушти чор тангаи амрикой медаванд ва иншоолох рузе пешпо мехуранд

Tojik
Умедако, говорят "У вора шапка горит" решили себя заране ха?

Содик дуруст мегуяд : 100%
Осиёб ба навбат аст...

Шерлок Холмс
Дар мо чосусхои аз хама бисёр аз Руссия ва Узбакистон хастанд.Чун миллат хору залил ва бучааш баробари бучаи "Реал"Мадрид аст наметавонем,ки зидди онхо муборизаи сахт барем.Хамин бекадрии чанд соли давлати точикон низ назди Русия ва Узбакистон низ аз пурра омухта баромадани вазъи иктисоди ва мукоисаи маблаги мардикорони дар Русия будаи точик бо бучаи кишвар сар шуд.Барои мо рушди иктисодии босуръат лозим хат то микдори мардикорон кам кунем ва ин кишвархоро "ту" гуем на "Шумо".

Шерлок Холмс,
Чаро мегӯӣ, ки "наметавонем мубориза барем?" Хеле хуб метавонед! Бо Зайд Саидов чӣ кор кардед?????? Ман то ҳол нашунидаам, ки касе ЗСро бад гуфта бошад, на дар матбуот, на дар берун. Шумо ҳамеша аз рақобати солим метарсед. Аз тарс дар чеҳраи ҳама ҷосусу душман меҷӯед! Айнан сиёсати Иттиҳоди Шӯравиро пешаи худ кардед! Чӣ ҷойи тааҷҷуб, ҳамон коммунистони ортодокси (шахшудаи!) Шӯравӣ сутунмӯҳраи ҲХДТро ташкил мекунанд. Онҳо фақат пӯсти худро дигар кардаанд, барои вазифаву манфиати шахсӣ. Кору бору афкорашон низ шахшудааст. Вале фаромӯш накунед, дар берун асри 21 аст! Бо Фейсбуку твиттеру ютубу скайпу телефонҳои мобилӣ!!!!!!!!! Амрикову Иттиҳоди Аврупо ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки шумо дар зулм аз ҳад гузаред!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)