Бахшҳо
05 июл 2014 22:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пайдо шудани ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов ва маросими дафни ӯ дар Понғоз

Ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, баъд аз чиҳил рӯзи садама пайдо шудааст. Наздикони Турсунов гуфтанд, маросими дафни ӯ субҳи 6 июл дар зодгоҳаш - ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт баргузор хоҳад шуд.

Дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтоду мошин ба дарё сарозер шуд, Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси шаҳри Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони ҳамин донишгоҳ ба ҳалокат расида буданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса гуфта буд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи “ГАЗ-3102”, ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд.

Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, ду нафар аз мусофирон – Умед Бақоев ва Кашуба Владимир – ҷон ба саломат бурдаанд. Ҷасади Облоқул Сангинов (соли таваллуд 1955) ва Абдулҳақ Оев (соли таваллуд 1963) баъд аз як рӯзи ҳодиса дарёфт ва ба хок супурда шуда, аммо ҷустуҷӯи ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов (соли таваллуд 1961) қариб чиҳил рӯз идома кард.

Абдуқаҳҳор Турсунов солҳои зиёди умри худро барои тарбия ва парвариши шогирдон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сарф карда, муовинати раиси донишгоҳ дар бахши илмро бар уҳда дошт. Ӯ соли 1960 дар рустои Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, соли 1982 Донишгоҳи политехникӣ ва соли 1986 Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскавро хатм намудааст. Турсунов рисолаи номзадияшро соли 1990 дар шаҳри Тошканд ва рисолаи докторияшро соли 2003 дар Русия ҳимоя мекунад. Муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмист.
Мӯҳр
Наим
Худованди бузургу мехрубон чояшро дар чаннат кунад. Чунин бузургмардон фахри миллати точик буданд.

Darvesh
Ozodagon! mebakhshed hami ma;lumota purra navised! Ay kjo, ki, kay yoftay??????

Инсондуст ва олими тавоно буд.Шогирдон.дустон.хамкоронро доимо дастгири менамуд.Донишкада олими ояндадору инсони халкпарварро талаф дод.Чоятон чаннат бошад дусти азиз.Ба наздикон ва пайвандони Устод сабри чамил хохонам.

Рухатон шоду манзили охирататон обод бошад, акои мехрубон! Ёди Шумо доимо дар дили мо зинда хохад монд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)