Бахшҳо

Посухи вазири маориф ба Бибиннисо: “Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад!”

Бибиннисо Мамадҷонова, хатмкунандаи мактаби рақами 18-и ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон, иддао дорад, ки мақомот “квота”-и насиби ӯро ба дигар кас додаанд. Бибиннисо рӯзи 7 июл, ҳангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов -- вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба Душанбе омад ва ин мавзуъро шахсан бо ӯ дар миён гузошт.



Ин хатмкунандаи мактаби 18-и ноҳияи Носири Хисрав пеш аз он ки бо вазири маориф ва илм дар ҳузури хабарнигорон суҳбат кунад, ба “Озодагон” гуфт, бори дувум аст, ки мақомот пирӯзии ӯро нодида мегиранд. “Бори аввал дар олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни кимиё иштирок кардем. Ҷои аввалро гирифта будам, вале баъдан онро ба Роҳима Маллаева, духтари яке аз раисони хоҷагӣ, доданд. Бори дувум барои гирифтани квота ба Донишгоҳи тиббӣ низ якҷоя ҳуҷҷат супоридем. Ман ҳафт бал гириифтам, вале квотаро боз ба ӯ доданд. Агарчӣ Маллаева тамоми вазифаҳоро иҷро накарда буд”,-нақл кард Бибиннисо.

Бибиннисо Мамадҷонова мегӯяд, он замон талош кардааст, то бо вазири маориф ва илм вохӯрда, масъаларо дар миён гузорад, аммо муваффақ нашудааст. “Баъд, ба назди муовини раиси ноҳияи Носири Хисрав Бозоргул Саидова рафтем. Вақте гуфтем, дар ин бора ба Ҷаноби Олӣ муроҷиат мекунем, он кас гуфтанд, ба куҷое равед, рафтан гиред. Моро ҳеч кас ҳеч кор карда наметавонад”,-афзуд Бибиннисо.



Ин ҳарфҳоро Бибиннисо ҳангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, низ баён дошт ва гуфт, барои додхоҳӣ ба назди Сайфиддин Давлатов, масъули вазорат, рафта буд. “Гуфтам, ки бал ё холи ман барои гирифтани квота зиёд аст, онро ба кӣ доданиед? Он кас дар ҷавоб гуфтанд, “ба очаат медиҳам!”



Дар посух Сайфиддин Давлатов, ки дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, ин иддаои Бибиннисоро беасос донист. Нуриддин Саидов ҳам ба ин баҳс ҳаммроҳ шуд ва гуфт, “чор бор шуд аз ноҳияи Тоҷикобод қабул мекунем, касеро ёфта наметавонем, ки ба Донишгоҳи тиббӣ роҳхат гирад. Сабаб чист? Барои он ки дониши паст доранд. Акунн ба қарори ҳукумат тағйир ворид шуда, камбизоату камбағал аз байн бардошта шудавуҷавонони лаёқматманд мондааст. Чизи дигар, ҳозир ин духтар танҳо нест, нафарони зиёде ҳастанд, ки медонанд, он духтар ва ё ҷавон аз инҳо лаёқатманданд, вале тан намедиҳанд. Он қадар худбин ҳастанд, ки... Таслим намекунад, ки вай аз ӯ босавод аст. Ҳозир аризаи даъвогии дигаре омадааст аз Ҷиргатолу Темурмалик. Бояд ҳақ ба ҳақдор расад. Нафаре ки донотар аст, бояд таҳсил кунад.”


Мӯҳр
махмадулло
ку хами ахбора то охира брасонен охируш чи мешава....ОЗОДАГОН....

Эътикод
Муваффакият хохонем ба Бибинисо! Ба рости шохини истикбол аст, ва албатта Чаноби Вазир аз ин часорати Шумо - духтари Точик хуш пазирой мекунад.

ОРИФ
Озодагон ахсан ба ШУМО ин духтара аз як оилаи камбизоат аст лекин чудо босавод ва бо акл аст ин масъаларо чидди бигиред Худованд аз ШУМО рози бошад кори хайре кардед дар хаки ин камбизоат.

Хохари азизам ахсан ба ту, ки хакикатчу будаи хеч гох таслим нашав, дар чустучуи хакикат ва илм бош. Муваффакият хохонам бароят.

Бозоргул Саидова ВА Сайфиддин Давлатов ИНХО КИ МЕБОШАН ИН ТАВР СУХАН МЕГУЯНД... Инхоро харчи тезтар аз вазифа сабукдуш созед... Илтимос

донишчу
Офарин, Бибиниссо!

Точикандеш
Аламовараш он аст,ки ин духтар точик буда нагузаштааст,Маллаева бошад узбак аст.Инро чи гуна фахмем.Пагоху пасфардо узбакхо хама чизро аз мо мегиранд!Имруз низ дар минтакаи Кургонтеппа хама чоро дар сохаи тибб узбакхо гирифтаанд.Точик дар кишвари миллии худ чой намеёбад кучо расад ба точики Самарканду Бухоро.Хатман ин Маллаева пора дода гузашта,ин точикдухтари босаводро афтондаанд.Ходисахои дар курси 6-ум бисёр хирург шудани узбакхо бо пулу мол низ зиёд буда,точикони чаррох каманд.Оё ин ба бехатарии милли чанобон таъсиргузор нест магар?!

Точикандеш,
Андешаат дуруст аст. Духтурони дандонро (стоматолог) намегӯӣ? Сар то сар узбакҳоянд. Ин қавм мисли магас аст. Куҷое луқма бошад, мечаспад.

рохгузар
Аз кормандони ВАО хохиш дорам, то ин масъаларо ба худи Чаноб бурда расонанд. Аз суханронии "чаноби" вазир маълум гашта истодааст, ки у аз ин ходиса бохабар хаст. Агар хохад ки хак ба хакдор расад бояд ин ду нафарро дар хузури журналистон аз нав имтихон кунад. Боки саломат бошед.

Dev
Janobi Sajfidin Davlatov , boyad sharm kuni! Shahsono tasodufi hamai sohahoi Tojikistonro shikastand, na tanho maorifro.

Инсоф
сухани бисёр як хара бор гуфтаанд дар урфият, охир мушаххас масъалаи ҳамин духтари бечораро ҳал намо, ин шаҳрванд аст. Дар ин мақомдорон як чиз расм шудааст, касе ҳаққи худро талаб намояд ҳатман ӯро зери фишор мегиранд, гапҳои подарҳаво мегӯянд, ба мисле, ки онҳо худ андозсупоранда ҳастанду маблағи падарбузурги худ (на бюҷети давлатиро) барои мардум сарф мекунанд. Чизе ҳаст нест, ақалан дилашро бардор, як сухани хуб бигӯ, ё ҳамин ҳам мушкил аст ҷаноби вазир ?!

Omuzgor
Muhtaram vazir!. Shumo khud ki dar vaqti kori bo dustoni khud dar joi kor choy nushida meshined oyo in durust ast??? Digar in ki in Syfiddini Shumo savdogari bozor ast!!! Baroi hami ba hami dukhtar nigoh kuned!! Kurtai pushidai uro nigoh kuned!!! Na yagon shahrvandi mo misli u baromad namekunad! Dastgiirii Shumo baroi u zaruru ast AGAR khudro odami donishmandi zamon va hamchun Abualivu Khayomu Hofizu Sa'di donotarini dunyo taroshed!!! Dastgiri kluned va hami dukhtarro ba DONISHGOHI TIBBI KVOTA DIHED!

Точикандеш,
бародарон хакикатро гуфтед хамин тиб хама узбаки шудааст дар хама сохапора метиян хамин точикистона хамаро харомхуру порагир омухта кардагианд ба гуфте озодагон кани чоп кунетон

САРИ ХОСОР
ОФАРИ БА ТУ ХОХАР . ХУДОВАНД БА ТАМОМИ ХОХАРОНУ БАРОДАРОНИ ЧАВОНИ ТОЧИКИСТОН ХАМИНХЕЛ САБРУ КУВВАТУ ЧАСОРАТ ДИХАД ТО АЗ ХАККУ ХУКУКХОИ ХУД ДИФОЪ КУНАНД . ОЗОДАГОН АМИ АХБОРА ТО ОХИР ПАХШ КУН КУ БИНЕМ И ХАК БА ХАКДОР СУХАН ТО КУЧО ХАКИКАТ ДОРАД.

неизвест
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)