Бахшҳо

Лус

Азизи НАҚИБЗОД

Лус чашмгуруснаро гӯянд. Дар лаҳҷаҳо лусро носерӣ низ меноманд. Ин вожа ба касе нисбат дода мешавад, ки чашмаш аз молу чизи дунё сер намешавад. Бештар чашм ба молу кисаи дигарон мебандад.

Мардум ба шахси лус бо чашми нафрат ва ҳақорат менигаранд. Аммо як сарватманде, ки аз роҳҳои машруъ ва қонунӣ сарват ба даст меорад, лус нест. Лус ҳамонест, ки ё бо роҳи тамаъву талаб моли дигареро мегирад ё бо роҳи зулму зӯрӣ. Лусро халқ ба лошахӯр ташбеҳ мекунад.

Як нафар лусро аз чашмону нигоҳаш аз рафтораш аз зоҳираш метавон шинохт. Ангор дунёро бо чашмонаш мехоҳад, фурӯ барад. Дастонаш ҳамеша ишора ба гирифтан мекунанд. Ишорати додан ба дасти лус ҳеч гоҳ даст намедиҳад. Забонаш ҳарфи бигирро гӯиё талаффуз наметавонад кард. Танҳо бидеҳ!

Муқобили вожаи лус чашмсер аст. Одамон метавонанд ду навъ бошанд: чашмсер ва носер. Носер ҳамон лус аст. Аммо мардум нисбат ба чашмсер эҳтиром мегузоранд. Чашмсер ба молу мулки дар ихтиёрдоштааш қаноат мекунад. Чашм ба кисаи касе намедӯзад. Аз касе хасе тамаъ намекунад. Ғурурашро барои чиз зери по намегузорад. Аз талабу тамаъву ҳирс нангу ор мекунад.

Аммо мафҳуми нанг, номус, шараф, ҳамият барои лус бегона аст. Тамоми муқаддасоташ дар доираи молу пул хатм мешавад. Агар як олим ҳар рӯз аз роҳи омӯзиш ба донишаш илова кунад, лус аз роҳи лусӣ ба дороиҳояш зам мекунад.

Лусҳо низ мисли дуздҳо ду навъ мешаванд. Агар дуздҳо хасдузд шутурдузданд, лусҳо ҳам чунинанд. Агар луси одӣ чанд дираму сомоние лусӣ кунад, луси гузаро мошину хона, бозору корхона, фабрику заводи мардумро мегирад. Табиати лус чунин аст, ки ҳеч гоҳ сер намешавад. Соддалавҳон мегуфтанду мегӯянд, ки лусҳо сер шаванд, пас ғами дигаронро хоҳанд хӯрд. Хестед, ки хобед! Чун сер намешавад, лус номаш ниҳодаанд!

Ба ёд овардани симои Қорӣ-ишкамба дар «Марги судхӯр» барои шинохти як лус кофист. Вале барои дар зеҳн ғунҷондани чеҳраи як чашмсер нақлеро инҷо меорам: Раиси номдоре аз ноҳияи Ленин дар замони Шӯравӣ тамоми нақшаи сабзавот ва меваҷоти ӯҳдадориашро барзиёд иҷро мекунад. Як рӯз аз ҳар навъи меваҷот даруни мошинашро пур менамояд ва ба зиёрати Ҷаббор Расулов, муншии аввали ҳизб меравад. Пас аз аҳволпурсӣ ба Ҷаббор Расулов рӯ оварда мегӯяд, ки раис мо тамоми нақшаро иҷро кардем, ин дастовезро ба сифати кавсан ба Шумо овардем. Ҷаббор Расулов ба хона даромада, бо як тақсимчаи хурд бурун меояд ва аз як мошин мева як хӯша ангур ба рӯи тақсимча мегузораду мегӯяд, ки бақияашро ба хонаи фалон вазир баред, ки 9 бача дорад. Барои ману ҳамсарам ҳамин хӯшаи ангур кофӣ аст.

Барои ҳамин, то имрӯз аз Ҷаббор Расуловро ба унвони як фарди чашмсер ёд меоранд. Пайвандонаш аз ӯ ифтихор мекунанд. Ҳоло аз гузашта бигзарему биёем сари имрӯз. Як нафар ҳамватани мову Шумо, ки дар Русия сармояи хубе ба даст овардааст, ҳамеша ният дошт, ки сармояашро ба ватан меораду сарфи ободии гӯшае аз диёр намуд. Порсол бо сабабе Душанбе омад. Даҳ рӯз ба ҳар идорае сар заду тасмимашро тағйир дод. Вақте ки аз Душанбе мерафт чунин гуфт: -Медонӣ, мо баъзан дар Русия ҳам маҷбур мешавем, ки барои ҳалли мушкил ба мансабдорон ҳадя диҳем, вале ин тавр нест, ки ҳар идорае дароӣ ба ту мисли тӯъма нигаранд. Инҷо чун ба идорае по ниҳӣ, чеҳраи раис гургеро мемонад, ки гӯиё мешро дар пешаш дида бошад.

Мансабдоре, ки ба корафтода чун тӯъма менигарад, лус аст. Ва ин навъи лусҳо хатарноканд. Ҷомеаро аз рушд бозмедоранд. Умедҳоро дар дилҳо гӯр мекунанд!

Худо аз он рӯз нигоҳ дорад, ки одати лусӣ ба фарҳанг табдил ёбад.

Он гоҳ хатар ба даҳшат мубаддал хоҳад шуд!
Мӯҳр
dar tojikiston hukumador be lus-i vujud doshta nametavonad.

лусча
лус он бошад.ки гирад дасти лус
дар парешонию дармондагии халк...

Рустам
Устод дар бораи маънои калимаи Лус кариб ки фахмидем, ташаккур! Аммо дар бораи "КИ" ин калима равона шудааст он кадар сарфахм нарафтем, хаминро каме ошкортар мегуфтед!

ман фахмидам ки лус дар кишвари мо кист.

Хайрон
Мутаассифона имрузхо сохторхои давлатии Точикистон пурра лус хастанд ва бе пора ягон корат ичро намешавад, барои як садики шаллака як сол шуд,ки роххат (направление) гирифта наметавонам, зане порахуре маро дида дод мезанад, чой нест, чой нест!

саид
олими лусшиносак

Каноат
Лусро факат талаби бисёр хору залилаш мекунад.

Восеъбек
Суханат сад фоиз хакикат аст.Чомеъаи точик низ бар ин аст.

99
Бародар, одати луси кайҳо фарҳанг шуда буд!
Агар намебуд, ин тавр намешуд!
Вақте, ки куҷое қадам гузорӣ, дуруғ, пора, маҳалгароӣ, хешутаборчигию ҷурабозӣ ва ғайраю ғайра. Ҳатто дар Рамазон 2-3 баробар баланд шудани нарх дар бозорҳо!!!
О, ин "ЛУС"-и шумо фарҳанг нашудааст??? Шудааст ва кайҳо!!! Афсус!!!

касе пора мегирад, ва касе пора медихад, окибату охираташ - ВОЙ!

"Худо аз он рӯз нигаҳ дорад, ки одати лусӣ ба фарҳанг табдил ёбад." Бале, кайҳо табдил ёфтааст. Онҳо вазъиятеро ба миён овардаанд, ки дигар касе ба ҳақиқату адолат бовар надорад, ҳама сироятзада шудаанд. Имрӯз аз бозори Шоҳмансур барои ифтор харбуза интихоб мекардам. Ду марди челаки сафедпӯш (халат) бо қаламу дафтар омада, ҷавони харбузафурӯшро истинтоқ (пурсиш) карданд. Чизеро менавистанд. Бача чун хурд буд, рангу рӯяш канд. Дар охир онҳо муфт як харбуза "канда", рафтанд. Ин як мисоли оддии таъмагирӣ аст. Кӣ медонад, онҳо боз назди кадом фурӯшанда рафта, чи чизеро муфт тӯъмаи хеш карданд. Оё раҳбарони бозорҳо аз ин гуна лусҳои дузд хабар доранд? Дар рӯзи равшан коргари идораи давлат ба ғоратгарӣ даст бизанад, пас аз дуздони касбӣ чӣ гила? Инҷо саволе ба миён меояд, ки ҳамингуна шароитро дар мамлакат кӣ фароҳам овард? ЛУСҲОИ КАЛОНЕ, КИ ДАР ИДОРА ВА ВАЗОРАТХОНАҲО МЕШИНАНД. Маҳз онҳо мамлакатро ғарқи фасод карда, ҳамаро дуздӣ ва ғоратгарӣ ёд доданд. Замони Шӯравӣ, агар дониш медоштӣ, бемалол ба донишгоҳ дохил мешудӣ. Бидуни порадиҳӣ! Тоҷикистон ҷумҳурии покиза буд ва тоҷикон намедонистанд, ки порхӯрӣ ва порадиҳӣ чист, дар ҳоле ки дар Ӯзбакистони ҳамсоя фасод ҳукми қонунӣ дошт. Дар вохӯриҳо онҳо ҳеч бовар намекарданд, ки мо бидуни музд ба донишгоҳ дохил шуда, онро хатм кардаем. Ҳоло бошад, марази порадиҳӣ ва таъмаҷӯиву луқмаканӣ фард фарди кишварро сироят кардааст. Ин вазъиятро кӣ ба вуҷуд овард? БОЗ ҲАМ ҲАМУН КУРСИНИШИН! Аллома Фирдавсии беҳуда нагуфта буд: "Чу тахт бо минбар баробар шавад, ҳама ном Бубакру Уммар шавад. Шавад марди беҳунар шаҳриёр, нажоду бузургӣ наояд бакор." Акнун авлодони мо дар бораи "нажоду бузургии қавми хеш танҳо дар китобҳои таърихӣ маълумот пайдо мекунанд. Агар касе китоб хонад!!!

daler, Ин журналистову олимони мо дига кор надоранд, факат ай пушти хатогии дигаре, агар худашон даст ёбан ба чи корхое даст намезананд: Тавба фармоён чаро худ тавба камтар мекунанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)