Бахшҳо
08 июл 2014 09:23Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, моҳи сентябр ба Тоҷикистон меояд

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) ба Тоҷикистон биёяд. Расонаҳои эронӣ менависанд, оқои Рӯҳонӣ дар ҷараёни ин сафараш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти хос анҷом дода, чанд санади нави ҳамкорӣ низ ба имзо хоҳад расонд.

Ҳамоиши навбатии сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзҳои 12 ва 13 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад. Ин созмон 13 соли пеш таъсис шуда, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон узвияти онро доранд. Афғонистону Ҳиндустон ва Эрону Покистон кишварҳои нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд.

Ҳасан Рӯҳонӣ тобистони соли гузашта ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст ва дар ин мақом Маҳмуди Аҳмадинажодро иваз кард. Дар пайи пирӯзияш дар интихоботи Эрон мақомоти кившар гуфта буданд, Рӯҳонӣ ба Душанбе омада, дар маросими ба истифода додани чархаи дувуми нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, яке аз тарҳҳои муҳими иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон иштирок хоҳад кард. Вале ин сафар анҷом нашуда, баръакс, мавзӯи қарздории ширкати Барқи Тоҷик аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” расонаӣ гардид.

Чархаи дуюми “Сангтӯда-2” қарор буд дар ибтидои соли 2013 ба кор дарояд. Вале ба далели пурра омода набудани ин агрегат он ба таъхир гузошта шуд. Соҳибназарон мегӯянд, сабаби ба таъхир афтодани баҳрабардорӣ аз агрегати 2-и “Сангтӯда-2” метавонад, қарзҳои пардохтнашудаи ширкати “Барқи Тоҷик” аз ин нерӯгоҳ бошад.

Инчунин, бояд қайд намуд, ки баъд аз ба анҷом расидани ваколати дипломатии Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам аз сӯи Теҳрон ба ин мақом касе таъин карда нашудааст.
Мӯҳр
Сарвиддин
Таъин нагаштани сафири нав дар Точикистон ин бохти сиёсии точик ва галабаи душманони молу холи точик бешак пантуркистони бадбуй аст.Хар чи тезтар якдилии мардуми форситаборро бояд ба вучуд оварем.

бо точикпарасти кишвар пеш намеравад. бояд ватандуст бошед инсонро на бо мазхабу хамзабони, балки бо тинати поки инсони бахо дод. хама офаридаи Худои яккаву ягона хастем. фарханги миллати худро дуст дор, вале фарханги миллати дигарро эхтиром бояд кард.

Давлати сохибистиклол ва Дунявии Точикистон бояд бо режими теократии Эрон аз эхтиёт кор гирад. Тахти пардаи гояхои як таърих, як фарханг ва як халкият, охундохи Эрон гояхои хатарнок ва ба Точикистон бегонаи, шияи-дувоздахимомиро, содир карданианд. Аз сиёсатхои ,,рухбои минтака,, ки дар зерашон Эрони теократи пиндошта мешавад, айён аст, ки дар кадом сиёсатхои хатарнок ва марговар дар минтака, Эрон дахил аст. Аз Лубнону Сурия огоз карда то Ироку, Яману Афгонистон, Эрон сар ба пой дахил.

tj
Баъзехора кина ором намемона.
Зинда бод. Точикон ва Ирониён
Мо бародар хастем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)