Бахшҳо
08 июл 2014 17:27Тоҷикистон / Акс

АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи иддаои Бибиннисо Мамадҷонова – хатмкунандаи мактаби рақами 18-и ноҳияи Носири Хисрав дар бораи он ки гӯиё квотаи насиби ӯро “дуздидаанд”, посухи ӯ ва "рақибаш" - Раҳима Маллаеваро ба “Озодагон” фиристод.

Масъулони ин ниҳод бовар доранд, вобаста ба посухҳои Бибиннисо ба ӯ хол дода шудааст, ки ин холҳо барои дарёфти квотаи президентӣ барои шомил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ кофӣ набудаанд.

Бибиннисо рӯзи 7 июл, ҳангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов -- вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба Душанбе омада, ин мавзуъро шахсан бо ӯ дар миён гузошт. Ин хатмкунандаи мактаби 18-и ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон мегӯяд, бори дувум аст, ки мақомот пирӯзии ӯро нодида мегиранд. “Бори аввал дар олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни кимиё иштирок кардем. Ҷои аввалро гирифта будам, вале баъдан онро ба Роҳима Маллаева, духтари яке аз раисони хоҷагӣ, доданд. Бори дувум барои гирифтани квота ба Донишгоҳи тиббӣ низ якҷоя ҳуҷҷат супоридем. Ман ҳафт бал гирифтам, вале квотаро боз ба ӯ доданд. Агарчӣ Маллаева тамоми вазифаҳоро иҷро накарда буд”,-нақл кард Бибиннисо.

Нуриддин Саидов дар робита ба ин масъала дар нишасти хабарияш гуфт, “чор бор шуд аз ноҳияи Тоҷикобод қабул мекунем, касеро ёфта наметавонем, ки ба Донишгоҳи тиббӣ роҳхат гирад. Сабаб чист? Барои он ки дониши паст доранд. Акунн ба қарори ҳукумат тағйир ворид шуда, камбизоату камбағал аз байн бардошта шудавуҷавонони лаёқматманд мондааст. Чизи дигар, ҳозир ин духтар танҳо нест, нафарони зиёде ҳастанд, ки медонанд, он духтар ва ё ҷавон аз инҳо лаёқатманданд, вале тан намедиҳанд. Он қадар худбин ҳастанд, ки... Таслим намекунад, ки вай аз ӯ босавод аст. Ҳозир аризаи даъвогии дигаре омадааст аз Ҷиргатолу Темурмалик. Бояд ҳақ ба ҳақдор расад. Нафаре ки донотар аст, бояд таҳсил кунад.”

ҶАВОБҲОИ БИБИННИСО:

АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф

АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф

АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф


ҶАВОБҲОИ РАҲИМА:

АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф

АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф

[center]АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф
[/center]
Мӯҳр
Бехтараш хардуро ба редаксия даъват карда имтихон гиред

khonanda
Inro ba yagon mualimi kimiyo nishon dihedu sari khonadaro gich nakarda gued ki oyo kadomash vokean durust ast?

Одил
ха ха ха ху ху ху...Гуиё хангоми чавоб додани ин саволхо пешаки "тайор"карда намешаванд довталабон!Бовар кунед агари каме сум дихед ин мансабдорони точик чи корхое намекунанд.Худи ман даххо маротиьба шохиди чунин ходисахо будам.Хатто варакаи хатокардаи маро инхо иваз карда буданд.Ягона рохе,ки дониши онхоро муаян мекунад,бояд саволу чавоби хар дуяшон бо якдигар бояд бошад.Лекин бояд мавзуъ ногахони интихоб шавад.вагарна макомот аз тарси шарманда нашудан духтари раисро боз тайёр хоханд кард.

диловар
Ахамият тиен хусни хатхо якхелаанд

Саволи 9 нодуруст гузошта шудааст. Дар Точикистон баъди тагйиру иловахои соли 2003 ба Конститутсия истилохи нав - "макомоти хокимияти ичроия" истифода мешавад. Умуман, мафхуми "макомоти олии идоракунии давлати" дар конунгузории чумхури чой надорад. Пас, худи саволномаи бесалохона тартиб дода шуда бояд ревизия карда шавад....

Шахритусй
Бо вучуди хамин хам бояд лаекатмандии ин духтаракро ба назар гирифта аз квота махрум намудан аз руи адлу инсоф нест! Дар имтихони тестй тасодуфан балли паст гирифтааст!Мактаби миенаро бо бахохои "круглый" панч хатм карда будааст!Духтаракро дилшикаста накунед!
Чавонмардиатон дар хамин чо зохир мешавад!
Муваффак бошед!

Сафар
Бояд панч мегирифт ё шаш!

manham vakte ba donishgoh dokhil meshudam soli guzashta man guftamki hamon varakamro sohibi kunedki ivaz nakunand bo savodi khudam meguzaram yak shinosam bud u guft dar onjo varaka nigoh namekunand ruykhatro mebinand agar dar ruykhati puldodagiho boshi meguzari naboshi hatto varakatro namesanjand majbur puldodemu daromadem

Исфараги
Ахамият дихед!!!!!Дар кисми аввали саволхо,ки асосан ба химия бахшида шудаасту,ба касби интихобкардаи духтарон ВОБАСТАГИИ АСОСИ дорад БИБИНИССО 5 бал гирифтаасту,духтари раис 4.5!!!!!Ин гувохи он аст,ки БИБИНИССО дар фанни химия ва ихтисоси худ аз духтари раис дониши зиёд дорад!Танхо дар суолхои иловаги,ки ба касби духтури вобастагие надоранд,духтари раис балли зиёдтар гирифтааст!Дар чанд суолхо танхо натичаи он бе ягон формулаи хисобкуни духтари раис навистааст!Яъне ба гуши у танхо натичаашро гуфтаанду халос!Кайхост,ки дар давлатхои пешкадами дунё,ки сохаи илм дар ончо аз Точикистон хазорхо маротиба пеш рафтааст,хангоми интихоб кардани ин ё он касб,аз талабагону донишчуён илмхое,ки ба касби онхо дахл надорад намеомузанд.Точикистон бошад мисли солхои шурави ин хама фанхои нолозимаро ба таври мачбури меомузад.Тиб,ки асосан аз фанни химия иборат аст,бояд аввалиндарача ин курсаводони маориф бояд ба дониши кимиёвии довталабон ахамият бояд диханд на ба дигар.Боварии комил дорам, хакикату адолат кайхост, ки ин кишварро тарк кардааст.Мансабдоронаш кайхо,ки вичдону нолмкуси худро фурухтаанду ягон зарра назди мардуми худ чавобгарие надоранд чун харвакта еоадолати хохад шуд.Ва танкиду суханхои зиёди мардум таъсир нахохад кард.Зеро инхо мардуми точиекро ба хаси куча намегиранд.

Мутассифона савияи дониш дар мактабхои Точикистон нихоят поен аст, вале ба ин танхо мактабчахо гунахгор нестанд. Фарзандон аз тарики волидон ташвик намешаванд, калонсолон аз анчоми тахсил поени нек чашмдор нестанд. Устодон аз маоши кам дилсарди коранду рузи кории худро бо чойнуши мегузаронанд. Бесаводон мактабхои олиро бо ришва хатм карда сохиби корхои хуб мешаванд. Вазорати маориф мактабхоро ба кадри зарури хавасманд намекунад, ки мусобикахову чоизахо толибилмонро ба дониш чазб намоянд. Агар аз ин бахои имтихон норози бошем, биеед аввал камбудихои чомеаамонро аз реша барканем, хар кадоми мо метавонем, ки тагйироти мусбат оварем. Як мисоли оддияш ин ки донишчуени босаводи мактабхои миена ва е мактабхои оли дар вакти холи метавонанд, ки ба шогирдон дарсхои иловаги, яъне тутории ройгон бидиханд. Дигар ин ки волидон аз ичрои вазифаи хонагии фарзандонашон бохабар бошанд ва аз устодон талаб кунанд, ки кори худро ба хуби анчом бидиханд. Хамин тарик, агар хар касе масъулияти худро анчом дихад, чомеаи мо босаводтар хохад шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)