Бахшҳо

Президент ба Салимзода: “Биё, назди додситонӣ рафта мебинем, кӣ бо кадом мошин ба кор меояд”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо мақомоти қудратӣ (10 июл) фаъолияти Додситонии кулли кишварро интиқод карда, аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.

Ӯ аз кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар даъват кард, агар сарфаҳми камбуди ҷомеа намераванду дар бораи онҳо хабар надоранд, курсиҳои худро холӣ кунанд: “Барои чӣ як масъалаи заминсозӣ то имрӯз ҳал намешавад? Ҳазорҳо нафарро бурда маҳбас кардеду ҳазорҳо кудак ятим мондаанд. Ин ҳама барои он ки додситонӣ кор намекунад. Дигар ниҳодҳоро аз амният то дохилӣ кӣ бояд назорат кунад?! Ҳарчанд масъалаи коррупсияро бояд Оҷонсии зидди фасоди молӣ назорат кунад, аммо Шумо низ бояд бетараф набошед. Қонун ба Шумо иҷоза додааст, аз ҷумла риояи буҷаи давлатро, ки ғоратгарии рӯирост сурат мегирад. Дур намеравем, ду хонасозро маҳкам кардед, дигараш чӣ? Бад меоеду мегӯед, раҳбари давлат чӣ кор кунем? Чӣ хел чӣ кор кунем?! Чаро то ҳол надидед? Дағал ҳам шавад, қорӣ будед? Мо он қадар давлати бузург нестем, ки даҳҳо миллион гектар замин дошта бошему сарфаҳми ҳисобу китоби онро наравем. Дар замони Шӯравӣ кор кардаем, додситон ҳатто нақлиёт надошт, аммо дар бораи ҳама ҳаракату рафтор маълумот дошту медонист.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз раҳбарият ва кормандони додситонӣ талаб кард, ҳангоми фаъолият ва таъини кадрҳо даст аз шиносбозию хешутаборӣ даст бардоранд: “Ҳангоми таъини вазифа аз ҳамкурсию ҳамсинфӣ ва хешу таборбозӣ даст кашед. Мақомот ҷои ёру рафиқӣ нест! Аз замони истиқлолият 23 сол сипарӣ мешавад, вале як мушкил 23 сол аст, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки додситонии кул низ дар он ҷойгир аст, ҳалли худро намеёбад. Пеши роҳи чор гӯштфурӯшро гирифта наметавонед. Барои он ки мову Шумо бозор намеравему дигарон харида меоранд. Як бор ба бозор раведу бубинед халқи бечора чӣ вазъ дорад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар низ норозигӣ намуда, аз ӯ хост, ба рафтору кирдори кормандонаш диққати ҷиддӣ диҳаду садди роҳи сарватхоҳии онҳо шавад. Пеш аз он ки оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро ба забон орад, аз чӣ гуна барканор шудани Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешин ва боздошти фарзанди ӯ ёдоварӣ кард.

“Рафтори 872 нафар корманди мақомоти додситониро Салимзода ту бояд ҳамчун падару раҳбар назорат кунӣ. Ман ба ту чанд бор хонаҳоро бо расму ному насабаш нишон дода будам, ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст? Ё биё саҳар назди бинои додситонӣ меравему мебинем, кӣ бо кадом навъи мошин ба кор меояд. Бубахшед, вақте як додситонӣ дар панҷ ноҳия кор мекунаду панҷ хонаи хидматиро банд мекунад, бар иловаи шахсӣ чигуна ба ӯ метавон бовар кард? Бар иловаи ин дар ҳар ноҳия боз аз ду то се заминро соҳиб мешавад”,-таъкид дошт президент.

Ӯ, инчунин, ба масъалаи содир шудани ҷиноятҳо аз сӯи фарзандони мансабдорони давлатӣ дахл карда, афзуд, “ҷиноятҳое, ки фарзандони мансабдорон мекунанду чорзону зада пеши президент меоед, ки чӣ кор кунем? Қонун барои чӣ аст?! Магар барои мансабдор алоҳида мебошад?! Вазифаат чӣ аст?! Аз дар мебароеду мегӯед, ман вай (одам)-и президент ин чӣ кор аст, ой бародар?!”

Ҷаноби Раҳмон дар охир ба кормандони додситонии кишвар ҳушдор дод, ки ҳангоми адои вазифа аз поквиҷдонӣ кор гиранду эҳтиёт бошанд: “Аз ҳар як нафаси кашидаи Шумо огаҳӣ дорам. Аммо дар бисёр ҳолат дурандешӣ мекунам. Ман Шуморо маҷбур накардаам, ба ин мақомҳо вазифаро гирифтеду савгандро ёд кардед, бадолатӣ накунед, Шумо бояд намуна бошед. Аз мардум ягон чиро пинҳон карда намешаваду бояд нашавад, чун ҳамаро онҳо бояд донанд. Барои Шумо ягон қонуни алоҳида нест, ки ман додситонаму... ин бояд гуфта нашавад. Мардум бояд аз шаффофияти фаъолияти президент сар карда, то додситониро бояд донад.” Ӯ ибрози таассуф кард, ин ҳама камбуд дар ҳоле ҷой дорад, ки ҳаҷми маоши кормандони додситонӣ то 100% зиёд карда шудааст: “Муйсафеде, ки 60-70 сол кор кардааст, 200 сомонӣ нафақа намегирад. Аз додситониии кул сар карда то коргаронаш агар поквиҷдонона кор мекарданд, дигарон низ кор мекарданд. Дар тамоми зинаҳо ҳама вобастагӣ аз роҳбар дорад. Боз як бори дигар мегӯям, ки вазифаи ман президентӣ асту аз Шумо додситонӣ, вазифаи мову Шумо мардумро бурда маҳбас карданӣ нест! Ин қадар парвандаи ҷиноиро боз кардему ин қадарашро маҳкам кардем, хуб ҷиноят ки содир шуд, бояд ҷинояткор ҷавоб диҳад. Аммо роҳҳои пешгирӣ аз ҷиноятро чӣ бояд кард?!”
Мӯҳр
пвы
Бо гап ягон тагйирот намешавад. Дар сохторхои суд ва прокуратура ислохоти катъи бояд гузаронд. Мисле ки дар Гурчистон.

Президент чун харвакта суханхои хуб гуфтааст. Маълум, ки нисбати вазъи имрузаи чомеа ва фаъолияти ниходхои давлати нигарон аст. Вале, ....бояд икрор шуд, ки мухтарам Президент механизми ташкилию хукукии амалисозии андешахои худро иброз намедорад. Дар натича гапхои у муаллак "байни осмону замин" мемонанд. Ва соли оянда хам онхо актуали садо медиханд, чунки халли худро намеёбанд. Барои хамин зарур аст, ки ердамчиёни Президент, Дастгохи у дар тахияи чунин механизм такопу кунанд ва хамкори бо сохторхои чомеаи шахрванди ба хотори таъмини хар чи бештари шаффофият ривоч дода шаавад. Танхо шаффофият гирехро мекушояд....

Ахсан Чаноб, ахсан! агар ин суханхо ба дил ва кор як бошад, бехтарин ва ояндаи некро интизор шудан мумкин

дидаистодаем
ҳар як корманди прокуратураи шаҳри Душанбе қасрҳои боҳашамат ва автомашинаҳои тамғаи хориҷӣ доранд, аз кадом ҳисоб?

Хурсанди
кошки зудтар рафта прократура, суд ва андозро рейд кунанд, ки мошинхои гаронбахо хонахои истикоматии онхо аз кадом хисоб аст? Якташ шарм надошта мегуяд, ки ман дар хонаи ичора зиндаги мекунам, хол он ки касру кушкхояш хайратоваранд. Кай рейд мешуда бошад барои ашхоси ришвахор? Як нафари дигараш мегуяд, ки писараш ба мошини гаронбахои чурааш нишаста садама кардааст. Ачиб.

Мардак нав дарди дилша гуфт. Фикр мекунум сабукам шид. АХСАН Хар як 3 мох бояд чунин вохури гузаронад. Агар чунин вохурихо зиёд шаванд. Бар манфиати халку хукумат хохад буд.

Justice
Он чи ки хаст, Президент хаммашро гуфтанд. Офарин! Чора андешидан хаволаш ба дигар вазифадорону масъулин.

Э товба кардам Парвардигори инсу чинс. Наход то хол, халки мехнаткашро
инхо мисли подаву рама хисоб куна.

Чамол
Мутаассифона Чаноб мегуянду гапош дар хаво мемонад. Мардума барои се-чор руз хурсанд мекунад. Ва боз гапои президент фаромуш мешаванд. Як органи дигар даркор, ки хамаи ин гапора амалй кунад. Ха-ха-ха!!!

Хамин прокурорхо барои чй наметавонанд, ки честный кор кунанд? О хаматон не, балки аз 8саду чанд нафар акалан 20 нафараш бо вичдон кор мекард, бас буд. Хамин дили президента аз дарду алам начот дихед, бародарон. Ягон руз касалаш мекунед. Бо кори халол ном баровардан лозим аст, на...

ханифа
аз гуфтан ягон фоида нест, хешутаборбози ва хамсинфу шиносбози аз ки сар шуд хама медонанд. дар бобати ин савол худашон якбор нишаста андеша кунанд

Прокурор
Хурсанди,
Дуруст лекин КИ бояд кунад?

Тура
Гуфтанихо зиёданд, вале чи фоида? Масалан, прокурори собики ш.Вахдат чи кадар бетартибихоро дар ин минтака кард, вале боз "бо сари баланд" гашта истодааст. Худаш кам буд, ки писараш дар содир намудани баъзе чиноятхо дар ин нохия дастдарози мекард. Ин аст прокуратура ва ин аст прокурор, мухтарам чвноби президент! Аз дасти ин бисёрихо то хол дар гурезаанд.

Чаноби Оли, ташаккур. Лекин ин гапхо фоида намеоранд. Реформа лозим аст ва дар хамаи сохторхои давлати. Сабаби дигари асосии ин мушкилот таин кардани рохбарон аз минтакаи зодгохи шумо аст. Ин боиси таассуф аст.

мах
Бале бале мисли гурчистон

Ман дар мухочиратам ва 31 сола хастам. бовар кунед бисёр хурсанд шудам ва дар муддати умри худ инхел суханони зебо аз Чаноби Оли ва инхел дилсузи нашунида будам. Шерхон Салимзода !!! Президент рост мегуяд !! бештари фасоди чомеаи Точикистон аз ниходи додситони аст !!! умедворам Раиси чумхури фарзонаи мо ба хамаи ниходхои давлати ана хаминхел хушдор ва ёдовари хоро дихад. Зинда боШИ Чаноб бо ин дилсузиат. худо дар ин мохи мубораки рамазон Раиси мора тавфик дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)