Бахшҳо
11 июл 2014 15:29Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳмон: Баҳси марзиро барои бадтар нашудани вазъ инъикос накардем

Раҳмон Асадулло, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон рӯзи 11-уми июл дар Душанбе далели инъикос нашудани баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистонро дар телевизионҳои давлатӣ шарҳ дод.

Ӯ изҳор дошт, ки баҳсҳои марзиро ба хотири ташаннуҷ наёфтани авзоъ инъикос накарданд: “Ба хотири халал ворид накардан ба раванди музокирот миёни Тоҷикистону Қирғизистон мо аз пахши иттилоъ дар пояи овозаю ҳангомаҳо худдорӣ кардем. Аммо барномаҳои фарҳангӣ дар мавриди ду миллати ҳаммарз, ки ба минтақаҳои якдигар мераванд, омода ва пахш мекардем.”

Дар мавриди тирпаронии 10-уми июл раиси Кумита афзуд, ки чун ин ҳодиса тасодуфӣ аст, хабарнигоронашон дар Суғд натавонистаанд, онро фавран инъикос намоянд.

Раҳмон Асадулло нақзи этикаи журналистиро зимни инъикоси боздошти Александр Содиқовро дар телевизиони Бадахшон низ рад кард: “Дар он наворе, ки тариқи телевизиони Бадахшон нашр шуда буд, Содиқов ҳамчун гунаҳкор нею гумонбар ба ҷосусӣ муаррифӣ шуда буд. Мунтазири хулосаи тафтишотем ва агар гуноҳи Александр Содиқов тасдиқ шавад, ӯро ҳатман тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ пахш мекунем.”

Раиси Кумитаи телевизион таъкид намуд, ки наворҳои таҳиякардаи мақомотро саривақт пахш мекунанд, то мардум огоҳ шаванд.
Мӯҳр
Darvesh
O hama hami chiza medonad bo kadom VAZ'???? Hama medonad ki qirgizo tojikora parondand. Hamara ahmaq hisob naku

человек
Господин Рахмонов
Вы вроде журналист..? Но отвечать на прессухе вот таким образом.!? Да,

наймите человека, который отвечать нормально может на вопросы.

пиар-консультанта, советчика для себя!!!

Огои Асадулло ин телевизион давлати нест вале телевизиони оилави мебошад факат барои таърифу тавсир лек ин чизхоро нагзтар медонанд пахш намекунанд..................

Н
Наворхо муллохоя пахш карда метонен, гап да сари манфиатхои милли ки рафт худро ба мисли дигар нафарон ба кафо мекашен.

Исфаринский
ин намедонад,ки хаёт пеш рафтаги аст,интернет хаст,тамоми мардум хамон соату хамон дакика аз ходиса хабардор мешаванд.ТВ БИШКЕК як хел аз тарафи манфиати киргизхо баъди як соати ин ходиса дар барномаи хабархояш тарафи Точикистонро гунахкор карда сюжет тнишон дод.Инхо хануз дар асри 20 тормозит шудагианд.ТВ-и Точикистон хатто як бврномае надорад,ки лоики тамошо бошад.шабу руз ба хушомадгуии як нафар банд аст

Точикак
афсус, унча ду се нафар аъзои нахзат хам буданд. Хай киёмат мекардед, нахзатихо фалону нахзатихо бехмадон. Умуман ТВ-точики як театри лухтак аст, ки аз журналистикаи асли ягон 100 сол дур аст. Шумо хамун пайравони маддохони дарбориед, ки танхо номатон дигар аст...

Ин хама сафсата аст. Матбуоти зард хар чи навиштан мегирад рохаки ба рохаш рафтан мегирад. Иншоаллох ки Точикистон пеш меравад, обод мешава, факат Шумо одамони харидашуда сабур бошед ва барои ватан каме хам бошад хизмат кунед. Ин шароит ва вазъиятро хар кас дарк карда наметавонад. Он нафаре дар чунин шароит пушдибони сулху суботи Точикистон аст, ки ба кадри тенчиву амони мерасад. Хар чиз нагуед. Ин ватани хамаи мо аст. Агшар дар Киргизистон чанг бошад ва ё дар марз бо мо пас ин дар хонаи мо аст. Барои хамин сабр даркор. Хамааш гузарон аст. Вакт довар аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)