Бахшҳо

ҲНИТ ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро ҷинояти зидди башарӣ хонд

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳавоии Исроил ба навори Ғаззаи Фаластинро маҳкум карда, онро ҷинояти зидди башарӣ хонд.

Дар баёнияи ин ҳизб, ки рӯзи 12 июл нашр гардид, аз ҷумла омадааст, “Шӯрои сиёсии ҲНИТҷинояти зиддибашарии режими ишғолгари Исроилро, ки чанд рӯзи ахир ин режими ишғолгар ва таҷовузкор бо зери по гузоштани тамоми қонунҳои байналмилалӣ мардуми бедифои Фластинро дар навори Ғазза аз замину осмон оташборон мекунад, қотеъона маҳкум намуда, ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин эълон менамояд.

Масъулини ҲНИТ дар идома аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз талаб кардааст, то ин амали Исроилро маҳкум карда, ҳуқуқи мардуми Фаластинро барои зиндагӣ дар сарзамин ва кишвари худ таъмин намоянд.

Шумораи қурбониёни навори Ғазза дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии мусаллаҳонаи нерӯҳои Исроил ба ин минтақа наздик ба 100 нафар расида, беш аз 670 нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Манбаъ мегӯяд, теъдоди зиёди қурбониёнро пиронсолон ва кӯдакон ташкил медиҳад.

Ин ҳамлаҳои хунини Тел-Авив дар ҳоле ба ин қисмати анклавии Фаластин шуруъ гардид, ки се тан аз ҷавонони исроилӣ рӯзи 12 июни соли ҷорӣ аз сӯи афроди номаълум дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун рабуда шуда, ҷасади онҳо баъд аз чанд рӯз пайдо гардид. Мақомоти қудратии Исроил дар ин қазия Ҳаракати Ҳамосро муттаҳам карда, садҳо тан аз фаъолони вобаста ба онро боздошт кардааст. Рӯзи 3 июли соли ҷорӣ низ як ҷавони фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ рабуда шуда, баъдан ҷасадашро пайдо карданд.

Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Худованд мардуми Фаластинро дар панохи Худаш нигох дорад!!! албата вазифаи хар мусалмон химоят аз бародари динии худ ё моли ё бо кувва ё бо акида мебошад ман хам ин икдоми ХНИТ тарафдори мекунам. Аммо саволи ман аз нахзатихо ин аст, ки чаро дар рузи дуюми рамазон дар майдони ХНИТ ман хам хузур доштам мухлиси Кабири будам гуфтам мумкин суханрони мекунад лекин накард факат як пеши требуна рафт каме истод тамом. Чанде баъд дар рузномаи ХНИТ як сурати чаноби Кабири бо як суханронии пурмухтавое нашр шудааст. Муаллиф навиштааст, ки дар хамон руз хамин суханонро Кабири суханрони карда бошад. Ман худам шохид будам суханрони накарда буд чаро дуруг менависед.... ин баёниярохам хамингуна нависта бошед вой бар холи шумо .... илтимос нахзатихо чавоб нависед........

Sher
Дифоъи Хнит аз газза мисли дифоъи бародарони шиъаи у АСТ!

Башорат
Созмони Милал ва 23 давлати Арабхои бе хуввият тамошобини фочихаи мардуми Фаластин.Шармандаги ва хиёнат ба арзишхои башари.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)