Бахшҳо
13 июл 2014 14:46Тоҷикистон / Сиёсат

Муждаи доктор Абдуллоҳ ба ҳаводоронаш ва даъват ба шикебоӣ

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон мушкили кунунии кишварашро гузаро хонда, ҷонибдорони худро ба шикебоӣ даъват кард.

Ин номзади даври дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 13 июл дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, “аз Шумо тақозо мекунам, оромиши худро ҳифз кунед ва ин мушкилоти кунунӣ гузаро асту бо шикебоӣ барои ба даст овардани ояндаи дурахшон таҳаммул кунед.” Ӯ ба ҳаводоронаш мужда додааст, ки талошҳои онҳо натиҷа доду бо ҳузури мутахассисони байналмилалӣ ва намояндагони ситодаш бозшуморӣ ва тафтиш мешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии Афғонистон ахиран хабар дода буданд, ки ду номзади даври дуюми интихоботи ин кишвар дар мулоқот бо Ҷон Кери вазири умури хориҷии Амрико дар робита ба тафтиши саддарсадии овозҳо ва ташкили як ҳукумати ваҳдати миллӣ ба созиш расидаанд. Ба иттилои манобеи хабарии ин кишвар, гӯиё номздаҳои даври дуюми интихобот ба тавофуқ расидаанд, ки баъди бозшумории оро номзади пирӯзро қабул доранду ба дунболи ташкили як давлати ваҳдати миллӣ хоҳанд шуд.

Ҷон Керри дар пасманзари буҳрони сиёсии Афғонистон ва баъди эълони натоиҷи ибтидоии даври дуюми интихобот дар доираи як сафари расмӣ вориди шаҳри Кобул гардида, бо ҳар ду номзад - доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дидору гуфтугӯ намуд. Ӯ қабл аз ин сафараш изҳор дошта буд, даъват барои ташкили “ҳукумати мувозӣ” сабаби қатъи кӯмакҳои Вашингтон ба ин кишвар хоҳад шуд.

Даврии дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июни соли ҷорӣ баргузор шуда, дар он ду номзад - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал мувофиқан 43,7 ва 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буданд, вориди рақобат шуданд. Оқои Абдуллоҳ як рӯз баъд аз баргузории интихобот мақоми баландпояи Кумисюни интихоботи кишварашро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кард.

Абдуллоҳ ба далели сурат гирифтани тақаллубкории густурда ва бетаваҷҷуҳии мақомоти зиррабти кишвараш нисбат ба шикоятҳои ситоди интихоботии ӯ ҳамкории гуруҳаш бо кумисюнҳои интихоботии кишварашро қатъ карда буд. Ӯ аз намояндагони худ дар Кумисюни марказӣ ва вилоятии интихоботии Афғонистон давъат карда буд, ҳамкорӣ бо ин ниҳодро қатъ кунанду ба ситодҳояшон баргарданд. Ба гуфтаи Абдуллоҳ, то ба дархости онҳо ҷавоби мусбат дода нашавад, ҳамкории худро идома нахоҳанд дод.
Мӯҳр
Хамсадо
Мн омадаям баъди гандмдарави,
То рафъ кунм ОЗОД губори куфтаги.
Хосили хубе гирифт Авом аз ранчш,
Хушхолм, ки мемона имсол дар ВАТНШ.

Чон Керри бо сериали нави " Том и Черри" мардуми Афгонистонро даъват ба вахдати милли кард. Хукумати Чон нагз медонад, ки мардуми мусулмон дар хамаи амалхояшон нисбати бародари худ такаллубкор хаст. Аз руи ин мантик хардуи номзадхоро ором кард. Баъди хисобу тафтиши раъихо маълум мегардад, ки 8 млн одам ширкат варзидаги нест. Инчунин, боз маълум мегардад, ки хар як толиб бо истифода аз 10 ангушташ аз номи 10 толибе, ки дар кайди хаёт нест, раъи додааст. Хулосаи гап хамин ки ЧОНИ комилан бовари дорад, ки ягонтаи номзадхо 50% зиёд раъиро сохиб шудаги нестанд.Бо хамин рох хардуи номзадро БИТА мекунад ва Огои КАРЗАИРО барои Хукумати мусолихаи милли ташкил кардан, боз чанс метиханд ва ПУСТИ Карзаи ва Ахмадзаиро назди мардуми Афгонистон мехаранд.

ин абдуллохи абдуллох чехраи зебо доштааст. амрико хеч гох намегузорад ки точик дар афгонистон президент шавад.

Паричехра
Худои Мехрбон ба Абдуллох Абдуллох кумак кун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)