Расулро ба “Андиҷон”-и Узбакистон даъват кардаанд
Расул Файзов, футболбози дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба клуби “Андиҷон”-и Узбакистон даъват шудааст.
Бино ба гуфтаи Тоҳир Муминов, сармураббии “Вахш”, Файзов рӯзҳои наздик ба Андиҷон хоҳад рафт. Нимҳимоятгари 22-солаи тоҷик дар марҳилаи аввали чемпионати Тоҷикистон дар ҳайати “Вахш” 9 бозӣ анҷом додааст.
Чанде пештар Сергей Шевченкои украинӣ дубора ба курсии сармураббии “Андиҷон” нишаст. Солҳои 1997-1999 зери раҳбарии Шевченкои 54-сола Тоҳир Муминов дар ҳайати “Андиҷон” бозӣ кардааст.
Дар таърихи ин клуби Узбакистон ҳафт футболбози тоҷик (Тоҳир Муминов, Рустам Забиров, Шуҳрат Шамсиев, Маҳмадалӣ Содиқов, Баҳодур Шарипов, Алексей Негматов ва Фарҳод Тоҳиров) дар ҳайати он бозӣ кардаанд. Агар Расул Файзов аз санҷиш гузарад, ҳаштумин бозигар хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |