Бахшҳо
17 июл 2014 09:15Тоҷикистон / Сиёсат

Шаҳрдори Хуҷанд гуфт, "муроҷиати наҳзатиҳоро қонеъ мекунем"

Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд, дар ҷараёни нишасти хабарияш ба муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ дар барои ҷудо кардани дафтари корӣ дар маркази Суғд низ дахл кард. Ӯ гуфт, “воқеан, мактуби ҲНИТ ба унвонии маъмурияти шаҳр ворид шудааст ва мо дар чаҳорчӯби қонун ҳамаи онро дида баромада, муроҷиаташонро қонеъ мегардонем”.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз зуҳри 18 июни соли равон мақомоти зидахли шаҳри Хуҷанд ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ намуданд.

Бино ба гуфтаи онҳо, тибқи нақшаи куллии шаҳри Хуҷанд қароргоҳи ҲНИТ дар Суғд вайрон ва дар ҷояш кабудизор бунёд хоҳад шуд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон – яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, таърихи 40-сола дорад ва ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказист. Ин ҳизб дорои торнамову нашрияи худ буда, ба гуфтаи масъулонаш, 42 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар Суғд мебошанд.
Мӯҳр
Алишер
Аз раиси мухтарам бовари хаст ба шсрте ки аз БОЛО ичозат шавад вагарна дар хакки ХНИТ инкадар зулм шуд ки таърих онро ёд надорад.Офарин ба маърифату сабри бохикмати нахзатиён.Ин корхо боис шуд ки садхо нафар ба сафи ин хизб пайвастанд.

ХХикмат
бале агар супориш аз боло шавад дар як руз масъаларо хал мекунад вале холо ду мох аз тахриби бинои ХНИТ дар вилояти Сугд гузаштаасту макомоти шахри Хучанд ба дахонашон об гирифтаанду давоми супоришро интизор.

Парвин
Кани Рачаббой кароргохи ХНИТ- ро нест накунаду ба ХНИТ чой барои кароргох дихад

раиси мухтарам, чое, ки барои сохтмон ба ХНИТ чудо мекунед, дар ончо ягон китобхона ё маркази фархангию фарогати кунед, хубтар аст. барои он, ки аксарияти хизбхои сиёси, имруз бинои маъмури надоранд, лекин даъво хам намекунанду, ХНИТ бошад, доимо аз давлату Хукумат даъвои чизеро мекунад. Бигзор кабири худ дар назди мардум посух гуяд, ки хизбаш барои давлат ва мардум чи кори хубе кардааст. вакте дар таърих нигох мекунем, сабабгори асосии чангхои шахрвандии ватанамон махз нахзатихо буданд.

А-а
рахим, Офарин бародар хак сухан карди. Ба ин ХНИТ-хо дафтари кори барои чи лозим бошад дар масчидхо вохурихо мегузаронанд кифоя нест. Агар аз Кабири нагз илтимос кунанд дар кунчи хонааш як дафтари кори ташкил карда медихад.

Хой бародарон аз ин шахрдори Хучанд хеччизро умидвор нашавед. У факат аз фурсат муносиби кутохе ки ба у мондааст истифода бурда истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)