Бахшҳо
01 июл 2014 09:41Тоҷикистон / Сиёсат

Шикояти наҳзатиҳо аз ваъдахилофии мақомот дар Суғд

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо гузашти беш аз 10 рӯз аз тахриби бинои қароргоҳаш ҳанӯз ҳам бо дафтари корӣ таъмин нашудааст.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд рӯзи 1 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то кунун аз сӯи мақомоти шаҳри Хуҷанд ҳеч гуна иқдоме барои таъмин намудани онҳо бо утоқи корӣ ё қитъаи замин сурат нагирифтааст.

Ба гуфтаи Ёқубов, бахши ҲНИТ дар Суғд тасмим гирифтааст, бори дигар расман ба шаҳрдории Хуҷанд нома навишта, барои дарёфти утоқи корӣ ё қитъаи замин барои бунёди дафтар муроҷиат хоҳад кард: “То ҳол мақомот ваъдаҳои шифоҳии додаи худро иҷро накардааст. Ҳатто биноеро ҳам барои додани иҷора пешниҳод намекунанд. Агар бо навиштани нома низ мушкил ҳал нашавад, пас маҷбур мешавем, ба мақомоти додгоҳӣ муроҷиат кунем.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад. Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.

Ин дар ҳолест, ки 17 июни соли ҷорӣ, масъулони ҳукумат ва намояндагони бахши ҲНИТ дар Суғд ба мувофиқа расида буданд, ки бинои ҳизб танҳо баъд аз мушаххас гардидани қимат ва ҷудо гардидани замин барои бунёди дафтари дигар тахриб карда мешавад.

Тахрибу баста шудани дарҳои бахшҳои ҲНИТ дар вилояти Суғд бори аввал нест, тайи чанд моҳи охир мешавад, Ин ҳизб шикоят дорад, ки мақомоти вилоят барои фаъолияти бахшҳояш дар Исфараю Спитамен низ мушкил эҷод мекунад. Ахиран дари дафтари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд низ, ки қисман тахриб шуда буд, баста шуд.

Сино Ҳасанзода, раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент ба “Озодагон” гуфт, кормандони Идораи бақайдгирии ҳуҷҷати манозилу биноҳои ин минтақа ба онҳо гуфтаанд, аз ин ба баъд фаъолияти Шумо дар ин бино манъ мебошаду дар ин бора аз раиси ноҳия дастур гирифтаанд. “Ҳоло дару тирезаҳои қароргоҳи моро бо “палатка” пӯшонидаанду моро намегузоранд, вориди бино шавем.”- афзуд, Ҳасанзода

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
Гуфтори наку
Дини Ислом аз огоз партияву дафтару оффис надошт. Хамааш дар калб ва имони мусулмонхо. Хузури Хизби Исломи дар чомеае, ки 99 фоизаш мусулмон хаст мантикан дуруст нест. Агар зарурати таблиготи ва даъват ба дини пок дошта бошанд, таъсиси ин Хизб дар Амрико, Чопон, Чин, Руссия ва Иттиходи Аврупо мувофики максад мебуд.

Fast
Гуфтори наку,
боз ба шумо хотиррасон мекнуем, ки Ислом ба ин гуна хизб ниёз надорад, аммо мусалмонхо ниёз доранд.

Кабири
Тахаммул кунед бародарон, тахаммул. Сарт хамро шамшер намебурад.

Хизби исломи мумкин набошад пас давлат ба номи ислом барои чи мумкин будааст. Ки шахр медихад хардуяш аз як калима об мехурад ку. Кани донохо гуед чи

ВАТАНДОР
ХУДО ОКИБАТИ ХНИТ-РО БА ХАЙРУ ПИРУЗ МЕГАРДОНАД ИНШОАЛЛОХ ! САБРУ, ХУШЁРИ ВА НАКУ ПИНДОШТАН БЕХТАРИН РОХ БАРОИ РАСИДАН БА ПИРУЗИСТ .

Суханхои оли нисбати ХНИТ. ХНИТ бояд рафта дар Руссия, Амрико ва Аврупо хъизб кушода мардумро ба дини ислом ва ыидоят ба намозу руза кунанд. На инки дар дохили Точикистон ба гайбаткунии давлат. Ислом аз аввал ба хизб ниез надорад ва дини исломро руйпуши бозичаи даст кардаанд.

Хаким
Ами ХНИТ олиям намефахма ки аз рангу рушон хама безорай. Худора шукр бе хами партияи шмо хам Худованд намозу рузамона кабул мекна. Хаматон барои вазифав шида чон кандестен. Гуфтори наку,

Мухочир
Гуфтори наку ва абу ба шумо гуфтаниям ки махз точикистони Мо бо хизб зарурат дорад ку хаму 99 фоиз мусулмонеки дари масчидхояшонро бастаанду чавононро ба масчид рафтан манкардиян садо балан карда бошанд.Ку хамон 99 фоиз мусулмонеки хохари мусулмон сатри исломи худ наметавонад дар донишгох талим гирад йо кор кунад садо балд кунад йо хукукашонро химоят кунад.Дар давлатхои Европои йо Россия бо дарачаемисли Точикистон хукуки мусулмононро поймол намекунанд.Махз барои мо точикони 99 фоиз мусулмон хизби нахзад зарураст токи хукумат эхсос кунад ки мардуми Точикистон мусулмонаст.Хамин нахзатаст аз байни 99 фоиз мусулмон садо баланд мекунад барои поймол шудани хукуки мо мусулмонони кишвар.Гуфтори наку,
Гуфтори наку,
Гуфтори наку,
Гуфтори наку,
Гуфтори наку,

Ба Хаким! Аз номи хама гап назан, тарафдорони ХНИТ хам хастанд, азон чумла ман тарафдори ХНИТ хастаму аз руи Хизби халки демократи (ХХДТ) безорам!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)