Бахшҳо
19 июн 2014 08:00Тоҷикистон / Акс / Видео

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

Субҳи 19 июн мақомоти вилояти Суғд ба тахриб ё вайрон кардани бинои дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хуҷанд идома додаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, мегӯяд, “агарчӣ гуфтушуниди ҳайати мо бо мақомот шурӯъ шуд, аммо тахриб кардани бино идома дорад”.

Ба қавли мусоҳиби мо, ҷараёни вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ-ро намояндагони Шӯрои уламо дар шимоли кишвар ҳам назорат доранд. Вай афзуд, дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз сокинони шаҳри Хуҷанд алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, ки дар Суғд қарор дорад, эътироз кардаанд. Дар чанд наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, дида мешавад, як зан бисёр мехоҳад, бо намонядагони ҲНИТ аз наздик суҳбат кунад. Ӯ мегӯяд, гуфтаниҳои зиёде барояшон дорад.



Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 июн, баъд аз суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо муовинони раиси вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, тахриби қароргоҳи ҲНИТ дар ин минтақа боздошта шуда буд. Сухангӯи ҲНИТ гуфта буд, ҷонибҳо ба натиҷае расидаанд, ки то музокироти 19 июн бино тахриб нашавад.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад. Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.

Чанд рӯзи қабл мақомоти Суғд бо ирсоли огоҳиномае аз масъулони дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд дархост карданд, то биноро холӣ кунанд. Масъулини ҳукумат дар вилояти Суғд гуфта буданд, ки бинои дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд бояд хароб ва ҷойи он кабудизор карда шавад. Вале баъдан, 17 июн, масъулони ҳукумат ва намояндагони бахши ҲНИТ дар Суғд ба мувофиқа расиданд, ки бинои ҳизб танҳо баъд аз мушаххас гардидани қимат ва ҷудо гардидани замин барои бунёди дафтари дигар тахриб карда мешавад.


ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ


ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ
Мӯҳр
Эмуред ба хамин хизби бесохибатон гиреду ба кавли русхо самоликвидатсия кунед намешавад харруз як проблема мекунед

Яъкуб. Душанбешахр.
Чаро факат дафтари ХНИТ ё махкам карда мешавад ё тахриб.Хукумат ба воситаи ТВ давлати хамеша мардумро аз чангу нооромихо метарсонаду лек худашон як шароити ноором кардани чомеъаро мухайё кардаистодаанд.....

Шамс
Чалол
Уффф зарбаи навбатии хукумат ба ХНИТ! Ин то кая давом мекарда бошад! Нахзат ба пеш озодии ту озодии миллат аст!

Az jihati moddi taxriib mekunand ,ammo xudashon maanavan taxribshuda hastand

Бирав зи тачрибаи рузгор бахра бигир,
ки туро рузи дафъи хаводис ба кор ояд!!!

Вайронкориро шиор намудаанд!

Намешуд, ки макомоти хукумати хамин корро барвакттар мекард, ки халки гумрох дигар аз кафои ин хоинон наравад. Хайр хеч гап не хозир хам сари вакт аст, бехтараш дар он чо богчаи бачагона шавад.

масолехи сохтмониашро ба ягон камбагали бечора додан лозим, аз номи Хукумат

Ин норомии чамъият нест, хама фахмидааст, ки ХНИТ барои пешравии давлату миллат нест, балки бо фармони хочахои хоричиаш кор мекунад.

makhmadzoir
Имрузхо ахли чомеъа шохиди он гардидааст, ки намояндагони ХНИТ дар минтакахо бо корхои фиску фахшад дастзада дар чахон обуруи мусалмононро паст зада истодаанд. мо мусулмонхои чумхури ба хотири ислом шуда ба ин хизб пайрави карда истодаем, лекин дар хакикат фахмидем, ки ба хатогии бузург рох додаем. Инхо симояшон дигар ва ботинашон дигар хел аст. инхоро садкаи бино кунад.

хучанди
ИН НИШОНАЙ КОМИЛИ ЗАЪФИ ХУКУМАТ ДАР БАРОБАРИ ЯК ХИЗБИ РАКИБАШ ХАСТ ДИГАР ХЕЧ......БО ИН АМАЛХО НАМЕШАВАД ИХЛОС,ИШКУ АЛОКАЙ МАРДУМРО АЗ НАХЗАТИ ИСЛОМИ ВА РОХБАРИЯТИ ОН КОСТА КАРД.ИМРУЗ ХУКУМАТИХО ГУМОН МЕКУНЕД,КИ БО ИН РАФТОРХО МЕТАВОНЕД САДДИ РОХИ ФАЪОЛИЯТХОЙ ЧАШМГИРИ НАХЗАТИЁН ШАВЕД? НЕЕ, ХЕЧ ГОХ АБАДАН. ИНРО БИДОНЕД,КИ МО НАХЗАТИ ТАВАЛЛУД ШУДАЕМ,НАХЗАТИ ЗИНДАГОНИ ДОРЕМ ВА НАХЗАТИИ ИСЛОМИ ХОХЕМ МУРД......ТАНХО ЯК РОХИ ХАЛ ВУЧУД ДОРАД ОН ХАМ ТАСЛИМ ШУДАН ДАР БАРОБАРИ САБРИ НАХЗАТИХО ВА ФАЪОЛИЯТХОЙ ОНХО ВА БО ХАМ ВА ДАР КАНОРИ ХАМ ХИДМАТ КАРДАН БА ХАЛКУ ВАТАН.НАХЗАТИХО НОРОХАТ НАБОШЕД,ХАМЕША ВА ДАР ХАМА ДАВРУ ЗВМОН РАФТОРИ НОМАРДОН ХАМИНГУНА БУДААСТ,ИМРУЗ ИНХО ДАФТАРИИ КОРИИ ШУМОРО ВАЙРОН КАРДАНД ФАДО ХУДОВАНДИ БУЗУРГ ДАФТАРХОЙ НОМАЙ АЪМОЛИ ИНХОРО ВАЙРОН ХОХАД КАРД.....ХУДОВАНД АЗ ИН ДИДА ХУБТАРУ БЕХТАРАШРО МЕДИХАД БА ШУМО ИНШОАЛЛОХ....ХУДОВАНД ЗИ ХИКМАТ БИБАНДАД ДАРЕ ЗИ РАХМАТ КУШОЯД ДАРИ ДИГАРЕ.....

Лукмони Хаким
Хеч гап не ку, Кабудизор менан. Дар ин амал мардумозори наменан.

дар вилояти сугд камбагалу ятим ва бехонаву дар зиеданд аккаллан ба онхо дихед чаро вайрон мекунед аз дастатон хуби ку намеояд аккалан нашиканед.

Дар Гариби
ХУКУМАТ ДАР ЗОХИР СОХТУМОНИ НАХЗАТРО ТАХРИБ КАРДА ИСТОДААСТ. ВАЛЕ БЕ ХАБАР АЗ ОНАНД КИ ХУДРО ТАХРИБ МЕКУНАН... БАЧОИ МУШКИЛОТИ ХАЛКУ МИЛЛАТ РО ХАЛ КАРДАН БА КИНА АНДУЗИВУ ТАХРИБКОРИ ДАСТ ЗАДААНД.. ВА БЕ ХАБАР АЗ ОН КИ РУЗ ТО РУЗ ХУДРО ДАР БОТЛОКИ МУШКИЛОТИ ИКТИСОДИВУ ИЧТИМОИИ АСОСИ ГУТОНДА ИСТОДААНД .

дар ин мавзеъ барои намозхонон масчиди нави замонави Нури Ислом бунёд шуда истодааст сохтмони ин масчиди зебо дар арафаи анчом ёбист. Дафтари хизби нахзат ба ин хашамат ва зебогии масчиди Нури Ислом бо фарсудагиаш хала эчод мекунад. Хуб аст ки дар чои он гулзор гардад. Дар ягон гушаи дигари шахр дафтара аз нав бунед мекунад хамин хам гап шуд. Суми зиёд доранд як наваша мепушанд. Барои масчиди навро расмаша нишод дода сабиби аслиии гирифтани дафтарро шарх намедихед. Аз хамин очкои сиёси кор кардан мехохед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)