Бахшҳо
17 июн 2014 15:36Тоҷикистон / Сиёсат

Як "ҳа" ва як "не"-и ҳукумати Суғд ба Ҳизби наҳзати исломӣ

Ҳукумати вилояти Суғд гуфтааст, дар сурати вайрон кардани бинои дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хуҷанд қимати онро пардохт хоҳанд кард. Ба қавли онҳо, қароргоҳи ҲНИТ дар Суғд бар асоси нақшаи куллӣ ё генералии шаҳри Хуҷанд бояд тахриб ва ҷояш кабудизор бишавад.

Дар ин бора Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 17 июн ба “Озодагон” хабар дода, гуфт, ҳоло ҳуҷҷату асноди қароргоҳашон дар ихтиёри ҳукумат гузошта шудааст, то арзиши бино ва макони дафтарро муайян созанд: “Мо дар ҳузури Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик бо намояндагони ҳукумати Суғд, аз ҷумла Абдуллоев - муовини раис, А. Ёдгоров - раиси идораи замин, Ниёзов – сармеъмор ва сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ба тавофуқ расидем.”

Ёқубов мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ҳукумати вилояти Суғд чи тавр тахриби бинои дафтари ҲНИТ дар ин минтақаро ҷуброн хоҳад кард: “Ҳоло ба мо нагуфтаанд, ба ҷои ин бино ягон иморати дигар медиҳанд ё замин. Вале муҳим ин ки мо ба тавофуқ расидему дафтари мо ҷуброн хоҳад шуд.” Раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд мегӯянд, инчунин, намояндагони ҳукумати ин минтақа розигӣ додаанд, то ҷуброни бинои дафтар онҳо фаъолияти худро дар ин бино идома диҳанд.

Дар идома раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд аз он ибрози нигаронӣ кард, ки ҳукумати ин вилоят ба дархости дигари онҳо ҷавоби рад дода, онҳоро дар нақзи одоби сиёсат муттаҳам кардааст. Ёқубов мегӯяд, бахши вилоятии ҲНИТ қаблан бо ирсоли нома ба унвони раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории як чорабинияш бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ толор хоста буд, вале ба гуфтаи ӯ, масъулин ба онҳо ҷавоби рад додаанд.

Дар номаи ҷавобии У. Муродова, муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд ба дафтари ҲНИТ, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, аз ҷумла омадааст, "ба самъи Шумо расонида мешавад, ки тибқи барномаи қаблан тасдиқшудаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ташрифи меҳмонҳо аз манотиқи гуногун ба шаҳр дар назар аст, бинобар ин дар санаҳои пеш аз ҷашнӣ ҷудо намудани толор ғайримкон аст."

Ҳамзамон дар ин номаи хонум Муродова ба масъулини ҲНИТ гӯшзад шудааст, ки онҳо дар номаи худ маҳфили худро “ҷашни умумимиллӣ” ном бурдаанд, ки ин ғалат мебошад: “Хотиррасон менамоям, ки таъкид дар мактуби Шумо вобаста ба он ки “ин чорабинии умумимиллӣ” мебошад аз доираи одоби сиёсӣ берун аст, зеро чорабинии умумимиллиро танҳо мақомоти салоҳиятдор Ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифта, баргузор мекунад. Чорабинии Шумо бошад ин ташаббуси як ҳизби сиёсӣ буда, бо ҷалби дигар шахсон ва сохторҳои даъватшуда метавонад, баргузор шавад ва ҳамчун чорабинии ҳизбӣ бахшида ба ҷашни ваҳдати миллӣ арзёбӣ мешавад.”
Мӯҳр
Точик Хизб
Офарин ба Хукумати Точикистон. Илхомчон, боз мегуи ки дари моро макомот кулф бастаанд ва хуччатхои хизбии шуморо касе бурдааст. Хамааш ба хотири БЛАГОУСТРОЙСТВО ва БЛАГОПОЛУЧИЯ Шумо будааст. Миннатдории Назхатро иброз намоед.

Сиёма
Бубинед,ки дар дохили мамлакат дар хама минтакахо раисони нохияву вилояту шахрхо ба ХНИТ монеахои сунъии бемаъни эчод мекунанд! ХНИТ аз даргохи Иллохи ба ту мувафакиятхоро таманно дорам!!! Нахзат ба пеш!!!!

Бахил
Аз бахили намонем, хамин,ки нахзат дархости чорабиние кард, бояд хукумат бахона тарошад. Магар ин сул шуд?

форс
ба нахзатихо ягон иморат е замин дода нашавад инхо хамааш фикри вайрон дорад рафта заминро аз арабистони сауди гирандин сарзамини ЗАРДУШТИЕН аст на арабхо ба пеш ба хичрати араб....

шоир
Хукумат агар ваъда карда бошад хам ба ваъдааш вафо намекунад

Ватандор
МАРХАМАТ МАНА ДЕМОКРАТИЯ. ТО ЧИ ДАРАЧА ИН ХУКУМАТИ АБАРКУДРАТИ ТОЧИКИСТОН АЗ ЯК ХИЗБИ СИЁСИ МЕТАРСАД . КИ ИНКАДАР РОХХОРО МЕБАНДАД. ИН ГИРЕХХОВУ БАНДХОРО ПАРВАРДИГОР МЕКУШОЯД ИНШОАЛЛОХ. ХАМЧУНОНЕ КИ САДСОЛАХО КУШОДАСТ- !!!

charo inho az hukumat judo shuda xudashon idro meguzaronand? boyad bo hukumatu xalk guzaroned va bo farmon gush tied hatman.

demokratiya chist va kist?-dajjol va korgaroni dajjol.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)