Бахшҳо

Аслов: "Барои ҳалли танишҳо ба кишвари сеюм ниёз надорем"

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар Қирғизистон қарор дорад, гуфтааст, Душанбею Бишкек барои ҳалли танишҳои марзии худ ба кишвари сеюм ниёз надоранд.

Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ин суханҳоро Аслов дар ҳошияи нишасти хабарии кори 5-уми Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ба хабарнигорон баён доштааст. Вазири умури хориҷии кишвар изҳор доштааст, ки баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон бояд дар наздиктарин вақт ҳалли худро ёбад.

Ӯ бо ишора бар ин ки раванди ҳалли ин масъала бо мушкил пеш меравад, афзудааст, “масъалаи ҳалли танишҳо дар марзи ду кишвар дар рӯзномаи ин мулоқот набуд. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ миёни ду ҷониб баррасӣ мешаваду вохӯрии ҳайатҳои мо таҳти раҳбарии муовинони сарвазири ду кишвар баргузор ва кори гуруҳҳои корӣ идома дорад.” Сироҷиддин Аслов дар идома таъкид кардааст, сафари кории ӯ ба Қирғизистон 17 июл оғоз шуда, ӯ дар мулоқот бо ҳамтоёни қирғизаш роҳҳали ин баҳсҳоро баррасӣ мекунад: “Дар ин бора мо ба хирадмандии мардуми ду кишвар такя мекунему роҳҳали баҳсҳои марзиро бидуни ташаннуҷи вазъ хоҳем ёфт.”

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории русии “Интерфакс” аз вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, қарор аст, Аслов бо Отамбоев мулоқот намояд.

Ин сафари Аслов ба Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 10 июли соли ҷорӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон тирпаронӣ шуда буд. Тақрибан соати 11-30 дар қаламрави “Ворух” дар марзи Исфараву Бодканд як гуруҳи деҳқонони тоҷик ҳадафи тири марзбонони қирғиз қарор гирифтанд. Манобеи “Озодагон” дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара мегӯянд, низомиёни қирғиз дар маҳалли Бедак ба сӯи ин сокинони одии Тоҷикистон дар ҳоле тир кушодаанд, ки машғули таъмири қубури обгузар будаанд. Ба қавли табибони беморхонаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар, аз ҷумла Ҳазрат Қозиев, Бахтовар Ҷурабекзода бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди зуҳри 10 июл бо ирсоли нотаи расмӣ ба унвонии мақомоти қирғиз аз рухдоди ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, “бояд қайд кард, аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашудааст.” Вале Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ёддошт ё худ нотаи расмии Душанберо дар робита ба ин тирпаронии маргбори марзбонони кишвараш шитобзадагӣ хонд.

Аз сӯи дигар, нишасти хабарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки қарор буд, имрӯз 15 июл баргузор шаваду масъулини он аз фаъолияти нимсолаи худ ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд, ба таъхир гузошта шудааст. Масъулини ВУХ далели онро сафари раҳбарияти худ ба Қирғизистон хонда, дар бораи санаи нави он маълумот чизе нагуфтаанд. Соли гузашта низ ин ниҳод бо далелҳои номаълум нишасти хабарии худро ба таъхир гузошта, ахиран аз баргузории он худдорӣ карда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)