Бахшҳо

Алмосбек Отамбоев меояд... баъд аз баҳсҳо ва тирпарониҳо

Қарор аст, ба зудӣ Алмосбек Отамбоев -- раиси ҷумҳури Қирғизистон бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон биёяд. Дар ин бора Хайрулло Асозода -- вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарии 18 июл иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, Отамбоев дар ҷараёни сафараш бо мақомҳои баландпояи Тоҷикистон мулоқот карда, масъалаи роҳҳои наздимарзӣ ва қитъаҳои баҳснок миёни Исфараю Бодкандро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Вале вазири нақлиёт аз баёни санаи дақиқи сафари Отамбоев худдорӣ кард ва танҳо гуфт, чизи наве, ки дар заминаи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон медонад, ҳамин аст.

Ин сафари Отамбоев дар пайи тирпаронии 10 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад, ки бар асари он як сокини Ворухи Исфара ҳалок ва нуҳ тани дигар аз ҳамин ҷамоат маҷруҳ шуданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ ё нота норозигияшро аз амалкарди ҳарбиёни қирғиз бо сокинони осоишта, ки ба гуфтаи онҳо, машғули таъмири қубурҳои обгузар будаанд, изҳор дошта ва таҳқиқи онро талаб намуд. Ҷониби Бишкек дар ҳол бо пахши изҳороте ин ёддошти Душанбе шитобкорӣ хонда, иддао кард, ки баръакс, сарбозони Тоҷикистон ба ҳарбиёни онҳо ҳамла кардаанд.

Аз ин пештар, дар моҳи январи соли ҷорӣ тирпаронӣ миёни марзбонҳои ду кишвар сурат гирфита буд, ки бо бастани гузаргоҳҳову фаро хондани сафари Қирғизистон ба Бишкек анҷом ёфт. Танҳо баъд аз чанд даври музокирот дар Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек гузаргоҳҳоро боз намуда, сафири навашро дар Душанбе таъин кард.

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар идомаи суҳбаташ гуфт, дар масъалаи сохтмони роҳҳои баҳсноки марзӣ бо Қирғизистон 51 дарсад ба мувофиқа расидаанд. “Баъзе масъалаҳо дар сатҳи сиёсӣ бояд ҳал шаванд. Дар он сурат, мо паҳлуҳои техникияшро хоҳем дид”,-гуфт Асозода. Вазири нақлиёт афзуд, ҷониби Тоҷикистон ҳам акнун ба сохтмони роҳҳои наздик ба сарҳади Қирғизистон таваҷҷуҳ мекунад. Ин ҳарфҳои вазир дар ҳолест, ки феълан ҷамоати Ворух дар шакли ҷазирақаламрав буда, ҳангоми баҳсҳои Тоҷикистону Қирғизистон роҳи он ба сӯи маркази Исфара баста мешавад.

Дар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон, оқои Асозода гуфт, бо Кобул ба иттифоқи назар омада, бо Ашқобод баъзе масъалаҳои ҳалношуда доранд. “Дар сатҳи президентҳои Тоҷикистону Туркманистон ин масъала гуфта шудааст, аммо масъалаҳое миёни Вазорати нақлиёти мо ва корхонаи Роҳи оҳани онҳо мондааст”,-гуфт ӯ.
Мӯҳр
Темур
Кандаша занад Аслов бовари дорам дар оянда бо хамин вазир Точикистон ба пешравихои зиёд ноил мегардад

Тимур худут таррбуза каду гуфтесай..Дар кучои ин матлаб дар бораи Аслов сухан мерава..Ё ба назарам чияни Аслови? И Аслов вазири корхои хоричияй додар..Ай таъин шудануш то имруза ягон кори назаррасе накадай, ки таърифуш кунем...Айнакота соз мон додар.

Sher,
Сарду гармии муносибати давлатхо, басташавии роххову каму беш гаштани тавозуни савдои байнидавлати аз фаъолияти Вазоратхонаи умури хоричи бастаги дорад. Мебинем ки Аслов дар муайянкунии сархад миёни мову киргизхо бохт мекунад ё бурд. Талхтар он вакт мешавад, ки заминро ба киргизхо дихаду пирузии дипломатияи точик хонад!

Аз омаду рафти ин мардум ягон масала хал намешавад..Ин мардум ягона зури муштро мефахманду халос...Хайфи точик будан хамхунаму хаммеханамро ярадор намудаанд куштанд то хол мо бошем сар дар миёни чот шиштаем...Эхх Ватанам кучост Рустамони достонат кучо шуд гурури точикиат.....

салом ба хамма! мухтарам sher! бародар худат ба фиркам, ки аз сиёсат хело дур мондагии ва ВКХ-ро аз ВКД фарк намекуни! савол! аз сохторхои ЧТ кадомаш сиёсати хоричиро пеш мебарад? албатта Вазорати корхои хоричии ЧТ. барои маълумоти ту додар, (Дар кучои ин матлаб дар бораи Аслов сухан мерава..) тамоми масъалахо ва проблемахое, ки берун аз кишварамон мешавад, новобаста дар кадом самт ва сатх бошад, албатта он масъалахо хамоханг ва мувофика мешавад бо рохбарияти ВКХ. хар як рохбаре, ки бурун аз кишварамон дар сатхи пасту балан сухан меронад аз номи ЧТ хар як калима ва сухани эшон мувофика мешавад бо ВКХ барои он ки ВКХ ба хар як калимаи пасту баланди онхо чавоб мегуяд дар назди рохбари давлат. Рохбарияти хар як сохтор пеш аз сафари хоричи кишвар новобаста кадом масъала бошад хатман бо Рохбари ВКХ мувофика мекунад, бародар ана хаминхел гапо бахшиш, ки як гапро якчанд маротиба такрор кардам! оиди ин суханхоят бошад, нисбати Аслов (Ай таъин шудануш то имруза ягон кори назаррасе накадай,) агар Аслов кори назар рас намекард, сархади Узбакистон, Киргизия ва Хитой банд буд, ахсан ба рохбари давлат ва рохбари ВКХ, ки новобаста аз чангу чанчолхои баъзе минтакахои сархадамон муносибати мо бо хамсархадонамон ором ва нагз аст. гапои бисёр вакт кам ба шумо барои кор саломат бошед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)