Бахшҳо
19 июл 2014 10:27Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

Гуруҳи 11-нафараи ҷавонони тоҷик, ки рӯзи 17-уми июл зимни тазоҳурот дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда буданд, аллакай ҳамаашон раҳо шудаанд.

Дар ин бора Бахтиёр Абдуллоев, яке аз наздикони боздоштшудагон дар суҳбат ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки тазоҳурот асосан барои пардохт нашудани ҷубронпулии зарардидагони садама дар метрои Маскав буд. Аммо ба гуфтаи ӯ зимни тазоҳурот дар назди консулгарии Тоҷикистон як зани тоҷике пайдо шудааст, ки яке аз тазоҳуротгаронро дар таҷовуз ба номусаш муттаҳам кардааст. Абдуллоев аз қавли боздоштшудагон гуфт, ин зан ба пулис изҳор доштааст, ки яке аз тазоҳуротгарон дар метрои Маскав ба номусаш таҷовуз намудааст: “Баъде, ки пулис ҳамаро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурд, ин зан натавонистааст даъвояшро асоснок кунад ва изҳор доштааст, ки аз гуноҳи бача гузаштааст, агар ба ӯ 10 ҳазор рубл ҷуброн диҳад.”

Ба иттилои Абдуллоев 10 ҷавони боздоштшуда баъди 6 соат ва ҷавоне, ки дар таҷовуз ба номус муттаҳам шудааст, имрӯз, 19-уми июл аз боздошт раҳо гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки аксҳои боздошти ҷавонони тоҷик субҳи имрӯз, 19-уми июл дар шабакаи фейсбук нашр гардиданд. Ҳамчунин дар Фейсбук навори садоие мечархад, ки яке аз боздоштшудаҳо дар он баромад карда, гуфтааст, онҳоро ба идораи пулис мебаранд.

Ин нафар, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар ин навор мегӯяд, онҳо дар назди консулгарӣ ҷамъ омада буданд, то аз мақомот бихоҳанд, кумакпулии ҷониби Русияро ба қурбониёни тоҷики садамаи метрои Маскав бидиҳад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ин гуруҳи даҳнафарӣ, гӯиё ин маблағ ҳафт миллион рубли русӣ буда, то ҳол дастраси хонаводаи қурбониён нагардидааст. Дар садамаи метрои Маскав, ки субҳи 15 июл иттифоқ уфтод, ду сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз як хонавода будаанд, ҷон бохтанд. Ҷасади онҳо рӯзи ҷумъа ба хок супорида шуд.

Талаби дувуми тазоҳугарон ин будааст, ки чаро то ин дам Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониёни тоҷики садамаи метрои Маскав арзи тасаллият нагуфтааст.

Бо ин ҳол, дар бораи ин қазия сафорат ва консулгарии Тоҷикистон расман шарҳе пахш накарданд. "Озодагон" субҳи имрӯз, шанбеи 19-уми июл тариқи рақамҳои +74956906102 бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар тамос шуда, шарҳи қазияро хост, аммо мусоҳиби мо иброз дошт, ки "имрӯз, рӯзи корӣ нест, рӯзи душанбе занг занед."

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат

АКС: Қазияи тазоҳурот, таҷовуз ба номус, боздошти тоҷикон ва "истироҳат"-и сафорат
Мӯҳр
KORI SHUMOYON CHI JUBRONASHONRO MEDIHAND NAMEDIHAND --= KAL BOSHETON SARI KALI HUDRO TABOBAT NAMOED. BAR PAI SUHANONI KIM KASE RAFTA HUDU NOMI TOJIKONRO SHARMANDA KARDA GASHTETON! BAROI CHI 5-SOL PESH UMAR KUVATU SHAMS GADO SADO BALAND NAKARDANDU IMRUZ KISAASHON BEPUL MOND BAD HAR BARIN AZ DUR ISTODA HANGOS MEZANAND? 5-SOL PESH BAROI CHI FIKRI HALKI TOJIKA NAKARD? BAROI ON KI JAIBASH PURI PUL BUDU NI DO NARODA TADJIKOV BIL ON! BAROI HAMIN IMRUZ YAK SHAHSI RUZGORDIDA BA JAVONONI AZIZAM GUFTANI HASTAM, KI KALAHOI HUDRO KOR FARMUDA FIREFTAI KASE NASHAVANDU JONI HUDRO DAR AZOB NAMONAND!!! BOKI ILLOHO HIFZGARATON HUDOI POK BOSHAND!!! OMIN!!!

дамотна бгирену бшенен руз ба руз ай ису мурдаестан дар РФ дар ТЧ як нитон ай гшнагиву ташнагира мурдаестай як нимигатона хабс карестан ватан обод шдаестай тинчай

Карим
Э шармандахо! хукумат точикро дар тамоми дунё шарманда кард. Барои онки пеши тазохуротро гиранд шарму хаё надошта точикро зинокору фохишаву хама чиз мебароранд. ин занхоро бар зиди ХСДТ-ву дигарон истифода бурданд ва холо дар як кишваре ки хама хабар ётанд ки заин точику бачаи точик фохиша аст. э садкаи одамгари шавед.

Ин акси сафорати кадом давлат асту байрақ аз кист?

Карим,
Ин ҳукумат барои ҳадафхои худ аз ҳеҷ гуна провокатсия даст намекашад. Зайд Саидов, ки марди дастдароз ва қудратманд буд, чӣ кораш карданд? Пас бидонед, ки одамони оддӣ барои инҳо пашша барин қадр надорад.

Е Масуд аввал ба забони точики гапзаниро аз худ кун,ана баъд як чиро толковать намо!!!!

мухочир
саломалейкум бародарони азиз пеш аз хама мохи шарифи рамазон муборак дар ин дахаи магфират аз Худованд талаб менамояк ми авал бандаро бадан шуморо хидоят фармояд . Мебахшеду садкаи одамгари кунад базе мухочирои мора, кормандои Консулгари хамачихата кор мекунанд, кушиш мекунанд ки бо роххои дипломати шумора ердам диханд, охир барои як кори расмиро анчом додан вакт талаб мекунад мактуб мекуни тасдик мекунанд меомузанд, бад маблагро чудо мекунанд, а ин халки содаи мо бехабар аз хама чи обруи худро мерезонанд, Консули генерали дигар кор надора ки маблаги шуморо хурад, он шахс шукронаи Худо давлатмманд аст фаромуш накунед ки он кас барои пулкоркуни не барои хизмати шумо омадааст, аз ин ру ба хар гуна гапхо дода нашавед. ба хасосиятда дода нашавед хамавакт саратонро кор фармоед бозичаи базе бозингаро набошед, … Дар панохи Худо бошед дуогуи шумоем,...BENOM,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)