Бахшҳо

Нома ба Абдураҳим Холиқзода ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар масъалаи Исроилу Ғазза

Як гуруҳ аз корбарони гуруҳи “Тарбияи имонӣ”-и шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо нашри як номаи боз аз раҳбарияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар хостаанд, дар эътироз ба ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин садо баланд кунанд.

Дар номаи ин корбарони тоҷик ба унвони Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин аз ҷумла омадааст, “тақрибан тайи ду ҳафтаи ахир мардуми солҳо азияткашидаи Фаластин дар навори Ғазза аз тарафи режими ишғолгари Изроил мавриди ҳуҷум қарор гирифтаанд. Даҳҳо тифлакони маъсум, занони бечора ва пирамардону мардуми осоишта дар натиҷаи ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи бераҳмона ҷони худро аз даст додаанд. Ғайр аз ин садҳо, бал ҳазорҳо нафар аз ин тӯпу туфанг захм бардошта, маҷрӯҳ гаштаанд. Ин амалиёти ваҳшиёна мардуми озоду огоҳу бедори мардуми ҷаҳонро ба пой хезонд ва дар аксар кишварҳо барои пуштибонӣ аз ин мардуми азиятдида барои тазоҳурот ба хиёбон рехтаанд.”

Дар идома корбарони гуруҳи “Тарбияи имонӣ”-и Фейсбук таъкид кардаанд, сокинони Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсади онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, нисбат ба ин амалиёти ваҳшиёнаи Исроил алайҳи ҳамақидаҳои худ бетараф буда наметавонанду аз ин рӯ, аз раиси Кумитаи дин ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ҳамчун раҳбарони ниҳодҳои марбут ба умури динии кишвар, мехоҳанд, то иқдоми зеринро иҷро намоянд:

1. Ба тамоми хатибон дастури расмӣ дода шавад, то дар намозҳои ҷумъа аҳли масҷидро аз асли ин қазия огоҳ намуда, дар ҳаққи мазлумони фаластинӣ дуои дастаҷамъона намоянд.

2. Ҳарчи зудтар конфронс ё ҳар нишасти дигаре ба таври хеле васеъ оиди баррасии ин қазия, омилҳо ва паёмадҳои он дар ҷаҳони ислом доир карда шавад.

3. Бо судури баёнияи расмӣ аз ҷониби ин ду ниҳод-Кумитаи Дин ва Раёсати Шурои уламо-амалиёти ваҳшиёнаи режими ишғолгари саҳюнистон маҳкум карда шавад.

4. Бо дастури расмӣ аз рафтани зоирин ба зиёрати Масҷиди Ақсо то замони зери тасарруфи ин Режим қарор доштанаш, пешгирӣ карда шавад. Зеро бо фатвои уламои огоҳи динӣ ва ҳайати Идораи фатвои навори Ғазза зиёрати Масҷиди Ақсо дар вазъи феълӣ нораво буда, маънои дасти кӯмак дароз кардан ва ворид кардани маблағи ҳангуфт ба буҷаи режими ишғолгарро дорад.


Ин даъвати як гуруҳи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз масъулини ниҳодҳои динии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо бар асоси ояҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои паёмбар (с) муъминон бародари якдигар буда, болои ҳамдигар ҳуқуқ доранд: “Шарҳи ин нукта ба шумо, раиси Кумитаи дин ва раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз адаб дур аст.”
Мӯҳр
Собир
Хамун ДИИШ-и навбаромад мемурад, ки аввал хамин навори Газзаро тинч кунаду сонй Ироку Сурияро занад. Ин мусулмона хич аклаш надаромад, ки не!

муҳочир
АЛЛОҲ Ч Ч ДОНОСТ КИ НАФАРОН ПАЙРАВИ МУСЛИМ ҲАСТАНД Е ПАЙРАВИ ЯҲУД

Бо тамоми хасти мн кафолат медихам ки ин шахс хеч вакт ин корро нахохад кард, зеро Шурои Уламо ку аз дасти Раиси Кумитаи дин дикта мешавад вале Рохбари ин кумита дар сухханронихояш хамеша аз пешравихои исроил ва чахони гарб иктибос меовард ва онхоро улгуи худ карор медод чи хел мешавад ки у исроилро махкум кунад. Баъд шумо худатонробехуда саргардон кардед. Агар ин ду ниход вокунише хам нишорн диханд бар акс хохад буд Хаммосро гурухи террористи ва исроилро дофеъ аз шахрвандони худ медонад. Дар мавриди мавъизахо барои чумъахо бошад инхо оддитарин чиз масъалан дар мавриди ришва надодан барои дар руйхати сиёхи хочиён мавъиза омода намесозан , ки албатта ин теша ба решаи худи инхост чигуна дар хусуси исроил ва мазлумияти кудакони фаластини изхори назар менамоянд. Куданои худашлон серу пур дар кишвархои хорича тахсил мекунанд сер кай парвои гурусна дорад. Озодагон тибки баъзе миш мишхо шумо хам бо кумитаи "дин" ????????? бинобар ин ба хурмати хамун мазлумони фаластини акаллан ин назари бандро нашр кунед.

Даврон
Ин мактубнависон мебахшанд, вале макутабашон аблахона аст! О наход хамон кадар араб мондагиву мана Дииш мондагиву шумо аз Точикистон проблемахои худатон мондаги барои халли проблемаи кишвари дигар доду фигон кунед! Бовар дорам ки Хамин имзогузоштахо агар камтар тафаккур кунанд мебинанд ки проблемаи Точикистон як тараф истад проблемаи худашон, хонаводаву тарбияву донишу касбомузии фарзандонашонро хал карда наметавонанду дар фикраш нестанд! Аз инчо истода ба газа исроил сарбасар мешаванд!!!

Халоси
Муъмин бародари муъмин буданашро кариб 1400 сол шуд, ки талкин мекунанд, аммо баръакс муъмин бар сари муъмин ГУРГ шудааст.
Азобу кулфати мардуми Фаластинро Иншоолох Худованд аз бародарони ШАЙХОНИ Арабаш кашида мегирад. Аз дасти мо Точикон дар хамин шабу руз чи меояд, ба гайр аз дуо ва хамдарди. Худованд ба Яхуд тавфик дихад..

Саид
О ин чо советникхои еврей хаст

ДАХМАРДА
ГУРУХИ ТАРБИЯИ ЭМОНИ - ХУДО ГУЗАШТАГИХОИ ШУМОРО РАХМАТ КУНАД ВА ЭМОНУ КУДРАТИ ШУМОРО БЕШТАР КУНАД БАРОИ ЧУНИН АФКОРИ ХАК АНДЕШОНА. ДАР БАРОБАРИ ЧУНИН АМАЛХОИ ВАХШИЁНАИ СИРОИЛ КАЛБИ ХАР МУСАЛМОН МЕЧУНБАД ВА ХАДДИ АКАЛ ДАСТ БА ДУО МЕШАВАД . ВАЛЕ ИН МАСЛЪУЛОНУ РОХБАРОНИ КУМИТАИ ДИНИ МО МЕТАРСАНД ВА ХУДРО ДАСТ БАСТА МЕДОНАНД ВА ИН РО ХАМ БА ФОИДАИ ХУД МЕДОНАНД. ХУДО БАР МАРДУМИ МАЗЛУМИ ФАЛАСТИН САБРУ КУДРАТУ ПИРУЗИРО НАСИБ ГАРДОНАД ИЛОХО !!!!!!

Holid
Бародар дииш як руз пеш элон кард ки дар курони онхо чанг барзиди Яхудон мумкин набудааст малум мешавад ки ба манфиати амрико чангида парвои чиход надоранд ин даччоли аср сардорхояшон мушриканд фармон аз аллох не балки аз пентагон мегиранд бинобарин дар фикраш хам мабошСобир,

Часур
Собир,
Охир барои чанг дар Сурия в Ирок ба намояндагони ДИИШ хоричихо (хам мусулмон ва гайримусулмон шояд худи исроилихо) пул медиханд. дар Газза, ки пул нест хич ки чангкуни намеравад. ин "мусулмонон" бе манфиат ягон кор намекунанд.

ДИИШ гуфтааст ки ба онхо Худованд нагуфтааст то бо Исроилихо бичанганд. Мегум ку ин муллохоро ришашон дарозу аклашон кутох.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)