Пешниҳоди намоиши мустақими намози ҷумъа тариқи ТВ

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба раҳбарии Илҳомҷон Ёқубов бо ирсоли номае ба унвони Шӯрои уламои исломии ин минтақа дар робита ба баландбардории фарҳанги миллию ахлоқи ҷавонон пешниҳодҳои худро ироа кардааст.
Дар номаи ин бахши ҲНИТ ба Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои исломии Суғд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба умури динӣ омадааст, “вақтҳои охир шумораи афроде, ки дар ҷомеа даст ба ҷиноят мезананд, рӯзафзун гашта, теъдоди зиёди онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд ва албатта сабаби ин зуҳуроти номатлуб паст будани маърифати динӣ ва фарҳанги миллии сокинон мебошад.”
Дафтари ҲНИТ дар ин номаи худ роҳҳои берун рафтан аз ин буҳронро ном гирифта, дар робита даҳ пешниҳоди худро ироа кардааст:
1.Кушодани торнамои расмии Шӯрои уламои Суғд;
2.Таъсиси ҳафтаномаи динӣ дар вилоят;
3.Ташкили гуруҳҳои таълимӣ дар назди масҷидҳо ва ба роҳ мондани курсҳои омӯзиши тафсири ояҳои Қуръон ва мазҳаби Имоми Аъзам барои хоҳишмандон;
4.Мусоидат кардан барои таъсиси фаврии мадрасаҳои динӣ дар ҳудуди вилоят;
5.Талош барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба “Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ба хотири иҷозаи рафтани ҷавонони то 18-сола ба масоҷид дар вақтҳои берун аз соатҳои дарсӣ;
6.Осон ва дастрас кардани иҷозатнома барои муассисаҳои таълимии динӣ ва шахсони алоҳида;
7.Ба роҳ мондани намоиши мустақими намози ҷумъаи масҷиди марказии вилоят тариқи телевизион;
8.Сари вақт равшан кардани мавқеи Шӯрои уламои исломии вилоят нисбат ба ҳаводиси олами Ислом;
9.Ташкили барномаҳои динию ақидатӣ тавассути радио ва телевизион бо ҳузури руҳониёни шинохта;
10.Худдорӣ кардан аз иқдоми ихтилофангез миёни мусулмонон, аз ҷумла бадкунии руҳониён ва ҳизиби динии амалкунанда тариқи расонаву суханрониҳо.
Аммо ин номаи бахши ҲНИТ дар Суғд дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки қаблан мақомоти Хуҷанду Суғд ба чандин пешниҳодҳояшон дар бораи таҷлили Ваҳдати миллӣ, бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ ва таъмири толорҳои варзишӣ посухи рад додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |