Бахшҳо
23 июл 2014 15:06Тоҷикистон / Сиёсат

“...маро аз саффи Ҳизби наҳзати ислом хориҷ кунед...”

Як гуруҳ аз сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хостаанд, онҳоро аз саффи ин ҳизби умдаи мухолиф хориҷ кунад. Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, гуфт, аксари ин муроҷиаткунандагон узви Ҳизби наҳзати исломӣ набуда, аслан бо онҳо ва фаъолияташон низ иртиботе надоранд.

“Ин гуруҳи сокинон ҳатто ҳуҷҷати ҳизбӣ надоранд. Фақат супориши ҷамоатҳоро иҷро мекунанд”,-афзуд Ёқубов. Мусоҳиби мо илова кард, “аз ҳама аҷибаш ин аст, ки худи аризадиҳандаҳо иқрор мешаванд, аъзои ҲНИТ нестанд. Бояд гӯям, ҳамаи ин аризаҳо дар назди раисони ҷамоатҳо навишта шудаанд. Ягон нафари онҳо дар назди раиси бахш ё ташкилоти ибтидоии ҳизб ариза нанавиштаанд”.

Раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд ҳатто бо як нафар аз аризадиҳандаҳо, ки сокини ноҳияи Зафаробод мебошад, дар ин бора суҳбати телефонӣ анҷом додааст, ки ба гуфтаи ӯ, бозгӯи сохта будани ин аризаҳо мебошад. Вай мегӯяд, шояд мақомот мехоҳанд, бо ин кори худ нишон диҳанд, ки бисёре аз сокинон саффи ҳизбро тарк мекунанд. “Вале бо вуҷуди фишорҳои охир теъдоди аъзои мо коҳиш наёфта, балки афзудааст”,-мегӯяд ӯ.

Илҳомҷон Ёқубов афзуд, “ҷамоатҳо аз мақомоти болоӣ супориш гирифтаанд, ки ҳар моҳ то панҷ узви ҳизби наҳзатро хориҷ кунанд ва баъдан аризаҳои ин нафарони хориҷшударо пешниҳод намоянду аз супориши иҷрошуда гузориш диҳанд.”
Мӯҳр
Наход ки дини мубини ислом ҳам ҳизб дошта бошад?
Бояд раҳбарҳои ин ҳизб худашон ба Ҳукумат пешниҳоди барҳам додани ин ҳизбро кунанд! Дини мубини ИСЛОМ ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад ин номро ба хотири ҷалби мардум мондаан!
ВОИЗОН ЧУН БА ХИЛВАТ МЕРАВАНД ОН КОРИ ДИГАР МЕКУНАНД....

Точикистони
ТОҶИКИ АСИЛ,
ТОҶИКИ АСИЛ,
сад бор номахкул кардед чаноб)))).!

Афсус дини мубини Исломро ба кадом холат оварда расондем. Аз як тараф ба мазхабу тарикахо чудояш карданд аз тарафи дигар ба хизбхо. Ба фикри ман дину мазхаб бояд як чизи шахсии хар як кас бошад, чун ки Худоро хар кас дар дилу ботини хеш мепарварад ва дар Наздаш аз номи каси дигар чавоб намегуяд. Мо бошад барои манфиатхои шахсиву сиёси ва ба максад расиданамон аз Ислом истифода мебарем ва дигаронро дар ичрои ин ё он суннату конунхои шариат гунахкор мехисобем ва тана мезанем.

Авантюрист
ТОҶИКИ АСИЛ,Точики асил бояд донад. ки бе хизб бо хизби дигар мубориза бурдан имкон надорад. Чи ба мкобили хизби ягона хизби хару гов ташкил кунанд ми? Чзе гуфтед, утток раиси чамоат?

ТОЧИКИ АСУЛ ......... Як батарих нигар агар мусалмон боши ман ку хизби нестам лекин инро гуфтаниям ту хато мекуни
ВАЗОРАТИ МОЛИЯРО км сохт яке аз раиси Хизби сиёси РАСУЛАЛОХ ХАЗРАТИ УСМОН вазорати Дифоро кисохт ХАЗРАТИ УМАР хамаи ин ро сарчашмааш аз Исломи азиз аст . ИСДОМ НИЗ ХУД СИЁСАТ АСТ ..дар вакташ хондан даркор буд куча бакучанамегашти садкаи номи точики аслат куна

Оқил
Аблаҳи ҳам ҳадде дошт, вале ин корҳои ниҳоят аблаҳона аст. Самые новые аблаҳҳо. Баромад баромад ба ту чи? Худаш медонаду хизбаш, вақте ба ҳиҳб дохил шуда буд чаро ҳангома накардед???????
Қасам ба Худо дар ин чамоатҳо ва касоне онҳоро курироват мекунанд аблаҳу нодон будаанд. Дарди сар ба худатон накунед. Проблема кам аст, ки дарди сар эчод мекунетон???????????????

Аъзои ХХДТ
Хар боре ки як чинояти мансабдорон ва наздикони онхо фош шавад, даррав аз кучое як гурух каламушбарин бахси ХНИТ-ро мекашанд, бечорахои аъзои хизби мо хизби ХХДТ-и оламшумул(((((((((((((??????????????

хасан
хнит барои он амал мекунад ки хукуки мусалмонхоро химоят мекунад ххдт бошад факат як оиларо химоя мекунад хнит барои хамин даркор идораи муфтиет аз мусалмонон химоя намекунад барои хамин хизб даркор аст ту ки мегуи хизб даркор нест е одами кгб и е ки аз сиесат хабар надои

И Точики асл не гова кучое бари мерава ин хам хамчунин

БА Авантюрист: Номи ИСЛОМРО ба манфиатҳои шахси истифода набаранд!

БА Точикистони: Барои чӣ номаҳқул кардаам? Исломро бояд ба қалб шинохт на ба мубориза барои курси!

БА тач_ишан: Роҳбарони ҳизби наҳзати исломро садқаи номи ХАЗРАТИ УСМОН, ХАЗРАТИ УМАР кунад! Ту ин нафарони мансабталошро ба Пайғамбарҳо баробар накун!
Инҳо ба ману ту тавба кун накун сатр кун моли мардум нахур шароб нануш зино накун аммо худашон ҳамаи ин корҳоро дар хилват мекунанд агар лозим шавад исбот ҳам мекунам
....ТАВБАФАРМОЁН ЧАРО ХУД ТАВБА МЕКУНАНД...

Кушкарнай
Точики асил нодуруст гуфти.Чунин хизбхои исломи дар чахон зиёданд.Танхо дар Катар,Бахрайн,Ирон,Аморат,Сауд ва дигар кишвархо,ки тибки конститутсияхояшон исломианд хизби алохидаи дини нест.Имруз Ангела Меркел ва Сарвазири Туркия аз хизбхои голиби насрония ва исломи дар кишвархои худ дар сари кудратанд.Халк овоз додааст ва бо онхо низ овоз хохад дод.Чаро,ки бо сиёсати мардикори ва дарбадарии точик шуморо касе хурматдори нахохад кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)