Се моҳи дигар то “Хатои зиндагӣ”-и Сайрам Исоева, Зайнура Пулодова ва Беҳрӯз Зеваров
Теъдоди филмҳои тоҷикиро мелодраммаи “Хатои зиндагӣ” ба як адад зиёд хоҳад кард. Ин филм аз рӯзгори ҷавоне қисса мекунад, ки орзӯву омоли ягона парастор-модарашро барбод дода, роҳи ғалатро интихоб мекунад. Воқеиятҳои зиндагӣ, таззод ва гардишҳои ғайринтизор асоси филми мазкур гуфта мешавад.
“Хатои зиндагӣ”-ро аз рӯи сенарияи Диловар Сафаров ширкатҳои “ТопМедиа” ва DFilm таҳия мекунанд. Нақшҳои асосиро ҳунарманди номовар Сайрам Исоева, овозхони маъруф Зайнура Пулодова ва продюсери шинохта Беҳрӯз Зеваров иҷро мекунанд.
Зайнура ва Беҳрӯз аз ин пеш ҳам худро дар синамо санҷидаанд. Аввалӣ дар филми “Сукут-2” ва дуюмӣ дар филми “Баъд аз ғуруб” бозӣ кардаанд.
Як масъули “ТопМедиа” ба “Озодагон” гуфт, наворбардории филм дар ҳоли анҷомёбӣ буда, нахустнамоиши он моҳи октябр дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |