Бахшҳо
24 июл 2014 10:28Тоҷикистон / Акс

АКС: Тақдими 650 сомонӣ ба беш аз 120 маъюб дар арафаи Иди фитр

Дар пайи як иқдоми хайриявӣ, ки бо ташаббуси радиои “Имрӯз” ва рӯзномаи “ИмрӯзНюз” роҳандозӣ шудааст, беш аз сад нафар сокини маъюби Тоқикистон кумак дарёфт мекунанд.

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрӯзНюз” рӯзи 24 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, маъракаи тақсимот ҳоло шуруъ шуда, таҳти назорати ҳайати комиссия идома дорад. Ба гуфтаи Нусрат, дар доираи ин иқдоми хайриявӣ, ки 520 нафар сокинони кишвар, аз ҷумла намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ширкату корхонаҳои дохилию хориҷӣ саҳм доранд, наздик ба 120 маъюб кумак карда мешавад.

Назири Нусрат мегӯяд, бар асоси барнома қарор аст, ҳар як нафари аз ин маъюбон тахминан 650 сомонӣ кумакпулӣ ба даст оранд. Инчунин ба 13 нафари онҳо аробачаи маъюбӣ туҳфа шуда, ба 5 нафари дигар, ки барои табобат озими Эрон мебошанд, чиптаи рафту гашт аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии ин кишвар - “ОсмонЭйр” тақдим мешавад. "Дар аввал мо ба ҳар нафар 600 сомонӣ додем, аммо баъдан як нафари хайрхоҳ омада, аз ҳисоби худ сари ҳар нафар 50 сомонӣ изофа кард," - афзуд, мусоҳиби мо.

Бояд гуфт, барои назорати шаффофияти раванди тақсимот ҳайати комиссия ташкил шуда, дар он Исфандиёри Назар, мушовири рӯзномаи "ИмрузNews", Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунистии Точикистон ва вакили парлумон, Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи "Наҷот" ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Хилватшоҳи Маҳмуд, мудири иҷроияи гуруҳи расонаҳои "Озодагон", Зиннатуллоҳ Исмоил, директори Шабакаи телевизионии "СМТ", Кибирё Уроқова, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Шаҳрия Аҳтамзод, шоира ва Фаридуни Раҳнавард, муҳаррири хабаргузории "TojNews" шомиланд.

Радиои “Имрӯз” ва рӯзномаи “ИмрӯзНюз” ибтидои моҳи шарифи Рамазон аз як иқдоми хайриявии худ барои кумаки маъюбон дар арафаи Иди фитр хабар дода, аз сокинони дорои кишвар даъват карда буд, дар он саҳм гузоранд. Бори аввал нест, ин радио ва рӯзнома чунин иқдомеро роҳандозӣ мекунанд. Баҳори соли ҷорӣ низ барои кумаки сокинони селзадаи кишвар ингуна иқдом аз сӯи радиои “Имрӯз” ва рӯзномаи “ИмрӯзНюз” роҳандозӣ шуда буд.


АКС: Тақдими 650 сомонӣ ба беш аз 120 маъюб дар арафаи Иди фитр

АКС: Тақдими 650 сомонӣ ба беш аз 120 маъюб дар арафаи Иди фитр

АКС: Тақдими 650 сомонӣ ба беш аз 120 маъюб дар арафаи Иди фитр

АКС: Тақдими 650 сомонӣ ба беш аз 120 маъюб дар арафаи Иди фитр

АКС: Тақдими 650 сомонӣ ба беш аз 120 маъюб дар арафаи Иди фитр

АКС: Тақдими 650 сомонӣ ба беш аз 120 маъюб дар арафаи Иди фитр
Мӯҳр
Абдулло
хозор ахсан бародарони радиои имруз ва чавонмардони хохарони хайрхох

Махина
Сахар гуш кардам Орзу 600сомони гуфт, шумо 650 мегуед. Кадоматон хакед, Имруз ё Озодагон?????

ДОНИШЧУ
ТАШАККУРИ ФАРОВОН БА ШУМО БАРОДАРОНИ БО ЭМОН ВА ШЕРДИЛ.

Диккат дихед, хохари азиз:
"Дар аввал мо ба ҳар нафар 600 сомонӣ додем, аммо баъдан як нафари хайрхоҳ омада, аз ҳисоби худ сари ҳар нафар 50 сомонӣ изофа кард," - афзуд, мусоҳиби мо.

Бандаи Худо
Махина,
Махинабону шумо ачоиб будаед. О фаркаш чи ки 600 е ки 650? Асосаш ин аст, ки икдоми хайр амали шуд ва иншоаллох хайрхохонро ачри бузурге интизор аст. Шумо ба фикрам Имруз-ро барои чанд суми додеста бошанд, гуш мекунед? Ки ва барои чи таксим мекунанд ба шумо ахамияте надорад. Точикои мо ачоибанд-да, ачоиб.

Худованд ачрашонро дихад. Икдоми нек, хайрхохонаро анчом доданд

Хушдил,
Хушдил,ИН БЕХАД ИКДОМИ БЕХТАРИН ВАЛЕ ХУБ МЕШУД , КИ ДАР ХАМАЧО ОВОЗАВУ ДАРВОЗА НАМЕШУД. ХАЙРХОХ!!!!!!

хазор шукр ки саховатмандони асил хам будаанд. рахмат ба шумо.

Pfff, xair kardi boyad ovozavu darvoza nakuni

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)