Бахшҳо
25 июл 2014 10:43Тоҷикистон / Фаластин

Роҳпаймоӣ ва сар додани шиорҳои зидди Исроил дар 80 кишвари дунё

Сокинони наздик ба 80 кишвари дунё бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Қудс имрӯз 25 июл ба кучаҳо баромада, даст ба роҳпаймоӣ мезананд.

Роҳпаймоӣ дар Теҳрон соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ шуруъ шуда, дар ҷараёни он сокинони Эрон шиорҳои зидди Исроил, аз ҷумла “Марг ба Исроил” сар дода, безории худро аз ин кишвар бори дигар эълон хоҳанд кард.

Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамасола ҷумъаи ахири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, асосгузори ин ҷашн Руҳулло Мусавӣ Ҳумайнӣ - раҳбари инқилоби исломии Эрон мебошад. Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон соли 1979 ин сана ҳамчун рӯзи иттиҳоду якдилӣ бо мардуми Фаластин, ки аз дасти яҳудиён ҷабр мебинанд, ҳамчун рӯзи Қудс эътироф ва таҷлили он бештар миёни шиаҳо расм шудааст.


Ин дар ҳолест, ки тӯли 18 рӯз мешавад, ҳамлаҳои низомии Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин идома дорад. Дар пайи ин ҳамлаҳо ба манотиқи аҳолинишини Ғазза наздик ба 800 нафар фаластинӣ кушта шуда, беш аз 4 ҳазору 500 нафар захм бардоштаанд. Бояд гуфт, мақомоти фаластинӣ аксари қурбониёни худро пиронсолон ва занону кудакон мегӯянд, ки бар асари бомбаборон шудани манозили зисташон аз сӯи неруҳои Исроил ҷон додаанд.

Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Салмони Форси
Суол инчост,ки чаро дар кишвари мо нисбати амалхои бадкирдоронаи Исроил садо баланд карда намешавад.Замони шурави зидди Исроил овози СССР баланд буд!Кушунхои шодравон Ёсир Арафотро чун Фронти озодихохии Фаластин нишон дода мешуд.Имруз бошад Руссия яхуди ин кушунхоро бешармона гурухи террористон меномад.Рохбарони кишвари мо бошад чун мустамликаи халкабардуши ин хукумати яхудитабори рус хомуширо авло медонанд.Магар ин оё оини чавонмардист?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)