Бахшҳо

Ҳабси абади президенти фирорӣ дар ғайбаш

Додгоҳи низомии шаҳри Бишкек Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистонро дар ғайбаш дар даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар ҷараёни эътирозҳои моҳи апрели соли 2010 муҷрим шинохта, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Бино ба хабарҳори расида, Ҷониш Боқиев, бародари Қурмонбек Боқиев ва раҳбари пешини Хадамоти ҳифзи президенти Қирғизистон ва Дониёр Ҳусейнов, нахуствазири собик ҳам дар ғайбашон чунин ҳукм гирифтаанд. Марат Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқ, ки дар аҳди падараш муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд, 22 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Канибек Жороев, раҳбари собиқи дастгоҳи президент, Элмурзо Сотиболдиев, мушовири собиқи президент дар масоили амният, тартиботи қонунӣ ва дифоъ, ҳамчунин Нурлан Турсунқулов, собиқ додситони кулли Қирғизистон барои 10 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Суди ҳарбии Бишкек Нурлан Темурбоев, ҷонишини пешини раҳбари Хадамоти ҳифзи давлатиро 22 ва Алмос Ҷолдошалиев, фармондеҳи собиқи “Алфа”-ро барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Бино ба иттилои расонаҳо, Темурбоев, Ҷолдошалиев , Жороев ва Сотиболдиев, ки дар мурофиа ҳузур доштанд, баъди эълони ҳукм ба ҳабс гирифта шуданд.

Қурмонбек Боқиев баъди тазоҳуроти моҳи апрели соли 2010 бо аъзои хонаводааш фирор ва гуфта мешавад дар Беларус паноҳ мебаранд.
Мӯҳр
Наполеон
Офарин ба ин хукумату ин давлат.Ана инро миллат мегуянд.Зихи миллати сарбаланди киргиз!Бехуда Кремл аз Шумо наметарсад.Чун ба амалхои нангини Каххор Махкамов,ки замони рохбари Точикистон буданаш русзабонхоро соли 90 ба ташкили гуруххои интернационалистии зидди точикон ташвик мекард(ачоибаш ин,ки аз 25 нафар курбоншудаи бахманмохи соли 90-и КГБ-СССР 23 нафар точикон буданд ва Махкамови ноухдабаро бояд точиконро ба якдили ва мубориза даъват мекард) ва ё Набиеви турк,ки бар асари конуншиканияш мардумро майдоннишин намуда буд,тарики радио баромад намуда овоздодагонашро,ки аксари кул турку туркмичоз будан ба мукобили халки точик санчарнишиниро хидоят мекард нигох мекуни дуд аз димор мебарори.Бехуда намегуянд,ки точик бесохиб аст.

Рухутан
...Гахе зинСАВОРУ - Гахе зин ба ПУШТ. Офарин ба ХАКИМИ ТУСИ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)