Эмомалӣ Раҳмон аз қавли Шайх Саъдӣ: “Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар як паёми телевизионӣ сокинони мусалмони кишварро ба Иди саиди Фитр ё Рамазон табрик гуфта, аз онҳо хост, ба қадри сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ бирасанд.
Ҷаноби Раҳмон дар ин паёми телеазионияш, ки субҳи 26 июл пахш гардид, гуфт, “дар ин рӯзи саид нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан, аз Парвардигор оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро талаб кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо мебошад”.
“Дигар фазилати муҳимме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо адои онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшиши ҳамдигар буда, тибқи фармудаи онҳо аслан ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки беш аз се рӯз дар дил кинаро нигоҳ дорад”,-афзуд ӯ. Раиси ҷумҳур гуфт, яке аз амалҳои хайре, ки дар давраи моҳи шарифи Рамазон ба ҷо оварда мешавад, тоату ибодат ва адои дигар амалҳои мансуб ба тавбаву авфи гуноҳ мебошад, ки онҳо тибқи муқаррароти дини мубини ислом бояд самимонаву сидқан иҷро карда шаванд: “Муаллими бузурги ахлоқи ҳамида - Шайх Саъдӣ дар ашъори ахлоқиву тарбиявии худ доир ба сидқан иҷро намудани тоату ибодат аз ҷониби мусулмонон гуфтааст:
Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест”.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло давлату ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Сарқонун озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмон ҳифз карда, риояи онҳоро кафолат медиҳад. “Дар ҷомеаи озоду демократие, ки бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватани азизамон рангу таровати тоза бахшем. Зеро ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад”,-таъкид дошт ӯ.
Дар идома раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷанги дохилии кишвар низ ёдоварӣ кард ва гуфт, “ҳаргиз фаромӯш намекунем, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ ба мо бар ивази чӣ қадар хисороти ҷониву молӣ муяссар шудааст. Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва ҳам дар рӯзҳои дигар суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома бахшида, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд”.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми телевизиониаш аз сокинон хост, дасти сахои худро барои кумк ба пирону барҷомондагон ва ятимон дароз кунанду садақаи фитри худро на барои одамони доро, балки муҳтоҷ бидиҳанд: “Бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |