Худдории мусалмонони Ҳинд аз таҷлили Иди Фитр барои қурбониёни Ғаза
Имсол бештари мусалмонони иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон аз таҷлили Иди Сайиди Фитр худдорӣ кардаанд. Далели ин тасмими онҳо куштори фаластиниҳои бегуноҳ дар навори Ғаза гуфта мешавад.
“Сабабе барои ҷашнгирии ин ид намебинем. Бародарон ва хоҳарони мо кушта мешаванд, вале мо ҳеч кор карда наметавонем”,- гуфтааст Аҳсан Хон, сокини шаҳри Канпур дар суҳбат бо OnIslam.net.
“Ман тасмим гирифтам дар иди имсола либоси нав напӯшам ва ба меҳмонон ширинӣ надиҳам, зеро азиятҳои мардуми Ғаза маро азоб медиҳад”,-гуфтааст Абдуҷаббор аз шаҳри Бхопал.
Раҳбари Лигаи мусалмонони Ҳиндустон Саид Ҳайдаралӣ Шаҳоб Тхангал ҳамчунин қабл аз Ид аз мусалмонон даъват карда буд, аз хушнудии зиёд худдорӣ намуда, аз ҳалокати садҳо занону кӯдакони фаластинӣ фаромӯш накунанд. Дар иёлати Керала мусалмонон рӯзи Иди Рамазон дастаҷамъона дар ҳаққи мардуми Ғаза ва хатми даргириҳо дуо кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |