Бахшҳо

Ташвиши Гавҳар Шарофзода аз бисёр шудани “хар”-у “девона” ва номҳои туркӣ

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, аз афзоиши истифодаи калимаҳое ба монанди “харай” ва “девонашай” миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ сарчашмаи пайдо шудану истифодаи чунин калимаҳоро тарбияи нодуруст дар хонавода донист.

Шарофзода рӯзи 30 июл дар ҳузури хабарнигорон аз волидони тоҷик даъват кард, ба шеваи гуфтори фарзандонашон аз хурдсолӣ таваҷҷуҳ кунанд. Раиси Кумитаи забон, инчунин, афзоиши номҳои туркӣ дар Тоҷикистонро ғайриқонунӣ хонд.

“Бисёре аз тоҷирон номи фурӯшгоҳҳои худро бо забони туркӣ номгузорӣ мекунанд, ки хилофи қонун аст. Соҳибкорони мо қонунҳоро хуб намедонанд ва аксарашон сабаби туркӣ ном гузоштани мағозаашонро дар он мегӯянд, ки маҳсулоти туркӣ мефурӯшанд”,-таъкид дошт ӯ.

Гавҳар Шарофзода илова кард, барои сартосар тоҷикӣ шудани номи фурӯшгоҳ ва муассисаҳо бояд Кумитаи андоз низ саҳм бигирад: “Кумитаи андоз бояд пеш аз сабти корхона дуруст номгузорӣ шудани онро ба инобат гирад. Он вақт кор осонтар хоҳад шуд.”
Мӯҳр
Шохин
Сад ахсан ба Шарофзода- бехтарин Гавхар аз Чавхари миллати Точик.

Savol
Мухтарама Гавхар Шарофзода, чаро шумо номхои магозахоро назорат мекунеду номхои одамонро не? Дар идораи САХА-и нохияи Исмоили Сомони мачбур мекунанд, ки номат руси бошад. Ман ба фарзандам хостам насаби точики бимонам, аммо гуфтанд, ки намешавад барои ин насаби худатро бояд иваз куни ва бад ба кудакат насаби точики бимони. Магар ин дуруст аст? Ё мегуянд дар оянда ба шумо проблема мешавад. Мо хеч гох ба Русия мардикори намеравем чи проблема мешавад ба мо?

Хаким
Хамин Кумитаи забон худ чй хизмате дар пайи ислохи ин хама камбудихо кардааст??? Ба кучо менигареду чй чора дидед??? Хама коратон НОЛЬ...)))) бахшиш СИФР!!!!!

чунин калимахоро ба пойтахт хамбида омадагихо истифода мебаранд. кишлокихои торикбин.

Инсоф
Худи ҳамин кумита барои сохтори давлатӣ зарурият надорад, чунки кори инҳоро бояд олимони соҳа дар пажӯҳишу тадқиқотҳо анҷом диҳанд ва дар маҷмӯъ давлат миллатро барои забони модариро пос доштану донистан тарбия намояд. Аз шахсе, ки худаш дуруст бе лаҳҷа бо забони тоҷикӣ сухан гуфта наметавонад шумо чиро интизоред. Як кумитаи ба давлат ва ҷомеа нодаркор. Барои риояти қонуният прокуратура ва дигар масъулин ҳастанд. Бо ин иқдомҳоятон дарди сари соҳибкорон нашавед аввалан ва дигараш агар илоҷаш бошад ҳамин кумитаро бо сарварии ин бону аз сохтори давлатӣ гиранду ягон мақоми давлатии дигареро ниёз ба штат дорад аз ҳисоби инҳо пурра намоянд. Ин нишасти матбуотии боғчаи кӯдакона ба дарди кӣ мехурад.

Дар якон давлати дунё Комитети забон, Комитет по языку, Komitet of lingvish нест. Дар онхо хисси миллияшон баланд аст. Аз ягон миллату давлат тарс надоранд.

Тоҷироне, ки номи фурӯшгоҳҳои худро бо забони туркӣ номгузорӣ мекунанд, ҳамагӣ дастпарварони литсейҳои тоҷикию туркӣ мебошанд ва пайравони сектаи Фатҳуллоанд...

Тасҳеҳ
Шарофзода, ҳамин Шароф худаш арабӣ аст, аввал худат иваз кун номи падаратро баъд аз дигаро талаб кун. Худашда мумкин будай дигарода не. Ничево себе.

Шарофзода, кадри наву чавон аст ! Камтар вакт даркор барои он, ки худашро дар кор мусби нишон дихад. Фикрхои бехтарин гуфтааст, дар масъалаи САХШ-и нохия Исмоили Сомони бошад, Шумо бародари азиз, метавонед ба суд мерочиат кунед, онхо хукук надоранд, ки насаби фарзанди шуморо дар шаходатонома точики сабт накунанд.

Раиси Оҷонсӣ дар бораи “каттагӣ” ин бо кадом забон бошад, мухтарам забондонхои росту дуруг. Ба аслии точики ба фикрам калону калонигарии
лекин катаги чи бошад.

Муаллим
Барои кумитаи андозро гунаҳкор кардан аввал камтар дониш гирифтан даркор (ҳар як роҳбари чунин сатҳ ҳатман чунин донишҳои ақалро дошта бошад, вагарна вай бояд роҳбар набошад). Он мағозаҳое ки шумо дар назар доред аксаран аз соҳибкорони инфиродианд ва Кумитаи андоз ба чи гуна номгузорӣ кардани онҳо сару коре надорад. Аз мақомоти давлатӣ фақат ШКД, ки барои муҳр гирифтан иҷозат медод ва номи мағоза ё корхонаи соҳибкори инфиродӣ он ҷо сабт мешуд, метавонист ба ин кор дахл кунад, вале ҳозир бе иҷозати ҳамон ШКД ҳам муҳр гирифта мешавад! Камтар хондан даркор, барои дар назди мардум иброз кардани фикри худ!

Озодагон! Барои чи шарҳҳои маро чоп намекунед?

Мухтарама Раиса, гуё одобу рафтори макотиби Тч бисёр хам хуб аст, ки сарчашмаи ин гуна суханхоро танхо аз тарбияи нодуруст дар хонавода аст, мегуед. Холон ки шахсан худ аз МАКТАБ омухтам.

Гахварбону Шумо бо гап мезанед аввал коргару гирду пеши худтона тарбият кунен якум бетарбия худтонен.

Дилёб
Бону Шарофзода Шумо, ки забоншиносед бояд аз таърихи забон хам хуб хабардор бошед, вале бо вучуд як чизро ёдрас мешавам, ки вокеан дар протсеси таърих баъзан калимот маънои мусбии худро аз даст дода маънои манфи касб мекунанд ваё бар акс. Дар гузашта калимаи хар маънои мусби дошт ва дар нисбати пахлавонон ва бузургчусагон кор фармуда мешуд, ки фикр мекунам аз ин Шумо хуб бохабаред. Он хари манзури шумо аслан МАРКАБ аст. Ба хар хол хуб мешуд агар сухуфи таърихро як бори дигар варак мегардонидед. Хоса "Шохнома"-и безаволи Фирдавсии бузургворро.

Банда тарафдори суханони "Махмадоно"-ям (Махмадоно- киноя бар он, ки худро аз Мухаммад (с) хам доно тарошидан). Бояд мо точикон сарфи назари баъзе вазорату кумита ва идорахо (Вазорати фарханг, Кумитаи забон, Кумитаи дин, Кумитаи занон) карда, Вазорат ё Кумитаи фарханги миллй ё маданияти миллй таъсис дихем. Ва миллати точикро дар рохи фархангу маданият ва хештаншиносй биомузем ва хидоят намоем. Ва дар сари ин ниход бояд шахсе ба мисли Акбар Турсун, Нодир Одил ... бошад. Раксу бозй моли тел. ва радио аст. Вазорти фархангро ба ин чй кор. Театр ин маданият аст. Рафтору кирдори зан- модар ин маданият аст. Мавиза ва панду насихати ахли фикх ин маданият аст. Мо бояд аз мадания ва култури миллй дур намонем. Дар сари баъзе вазорату кумитахо шахсони тасодуфй аз камсавод аз нофахмии худ мардумро гумрох карда истодаанд. Гапзанй, андешаронй ва баромади онхоро тамошо ва гуш карда, одами бофахро хандааш меояд. Ва "Лахзахои гуворо " даркор намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)