АКС: Саодатшо Адолатов ба 5 соли зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи ноҳияи Ванҷ Саодатшо Адолатов -- раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшонро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ баъд аз зӯҳри 30 июл эълон ва бо вокунишҳои тунди бархе аз сокинон рӯбарӯ гардид. Ҳангоми эълони ҳукми Адолатов даҳҳо тан аз сокинони Бадахшон дар толори додгоҳ ва беруни он гирд омада, хостори баррасии мунсифонаи қазияи ӯ буданд.
Аз ин пештар, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси додгоҳи Ванҷ хоста буд, Саодатшо Адолатовро, ки ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ чаҳор моҳи қабл боздошт шуда буд, барои 8 сол равонаи зиндон кунад. Пайвандони Адолатов рӯзи 30 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, мурофиаи навбатии раиси ҲНИТ дар Бадахшон баъд аз таъхиркориҳо дубора субҳи 30 июл дар ноҳияи Ванҷ аз сар гирифта шуд. Ба гуфтаи онҳо, айбдоркунандаи давлатӣ раиси ҲНИТ дар Бадахшонро бар асоси моддаи 189 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор хондааст.
Раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд. Боздошти Саодатшо Адолатов дар ҳоле сурат гирифта, ки бист рӯз пеш дар нашрияи расмии ҳукумати вилояти Бадахшон ва рӯзи 5 апрел дар "Ҷумҳурият" бо имзои И.Мироҳаниев дар бораи ӯ мақолаи интиқодомезе ба нашр расида буд.
Муаллиф ва 810 нафаре, ки гӯиё зери ин матлаб имзо гузоштаанд, Адолатовро барои бунёдӣ кардани ақидаҳои асримиёнагӣ ва ҳамнишиниаш бо Ҷумъаи Намангонӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ муттаҳам кардаанд. "Ин шахс маломати ҳамроҳӣ бо Ҷумъабойи Намангонӣ - аҷнабии тоҷиккушро дошта, дар солҳои 1995-96 дар шаҳри Кобули Афғонистон дар ситоди Ҳаракати исломии Узбакистон ёру ёвари ин гурӯҳи қаттол будааст",-навишта шудааст дар матлаб.
Адолатов моҳи августи соли гузашта раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон интихоб шуда, дар ин мақом Муслима Броимшоеваро иваз карда буд. То нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ин мақомро марҳум Сабзалӣ Ризоев бар ӯҳда дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |