Бахшҳо
02 авг 2014 10:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Се назар: Дар кори додситонҳо чӣ мояи нигаронист?

Дар пасманзари афзоиши гуфтугузор оиди фаъолияти ғайрикасбии мақомоти додситонӣ “Озодагон” аз коршиносон суол кард, кадом шеваи кори масъулини ин ниҳод мояи нигаронист?

Маҳдӣ Собиров, коршинос:

Дар фаъолияти мақомоти додситонӣ пеш аз ҳама бо роҳи хешу ошнобозӣ таъин шудани кормандон боиси нигаронист. Дуввум, ришва дар ин мақомот хеле чуқур реша давондааст. На ҳама вақт ба ҷинояткор ҷазои мувофиқ медиҳанд. Дар саросари кишвар шаҳрвандон аз фаъолияти кормандони ин идора норозианд. Бояд роҳбарияти ин мақомот фаромӯш накунанд, ки халқ хама чизро мебинад ва баҳо медиҳад. Баҳои халқ имрӯз ба ин мақомоти муҳими давлатӣ ғайриқаноатбахш буда, дар симои баъзе кормандони прокуратура онҳо ришваситонҳоро мебинанд.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос:


Аслан дар хусуси камбудиҳои ин ниҳод роҳбари давлат дар коллегияи прокуратураи генералӣ гуфт ва ҳамаи он воқеан дар фаъолияти ин мақомот ҷой доранд. Пеш аз ҳама дар мақомоти додситонии Тоҷикистон муносибати хуб бо шаҳрвандон нест, ҳамеша ва ҳама корҳояшон танҳо бо истифода аз таҳдид аст. Ман шахсан медонам, ки масъулини ин мақомот танҳо як ибора ва як мафҳумро шеваи кори худ кабул кардаанд: “Ҳабсат мекунам". Яъне ин як усули таҳдид мебошад, ки мардум аз тарс ба ҳама шартҳои масъулин ризо мешаванд. Хеле ташвишовор аст, ки прокуратураи тоҷик имрӯз танҳо барои омор кор мекунад, на барои адлу волоияти қонун. Ба омори парвандаҳои ҷиноятии ба суд ирсолгардида ва тавассути назорати умуми шумораи арзу шикоятҳо, ҳама ба омор дода шуда, касе аз тақдири шаҳрвандони ин кишвар парво надорад. Роҳбари давлат дар баромадаш гуфт, ки ҳазорҳо шаҳрвандонро ҳабс карданду ҳазорҳо кӯдаконро ятим карданд, ки худи ҳамин гуфтаҳо исботи он аст, ки прокуратураи имрӯзаи тоҷик бо фаъолияти хеш машғул набуда, танҳо барои пешниҳоди омор ва содиқ будани ин мақомот дар назди ҳукумати кишвару шахсиятҳои аввали давлат равона карда шудааст ва аз ин ҷост, ки имрӯз обрую нуфузи мақомот коста гардида, дар симои ин макомот мардум танҳо як ниҳоди ҷазодиҳандаро мебинанд.

Диловар Раҷабов, сокини шаҳри Душанбе:

Фаъолияти прокуратура сол ба сол коста гашта истодааст. Далелаш ин суханони роҳбари давлат дар колегияи пракуратураи генералӣ нисбати ин мақомот буд. Фасод тамоми ин мақомотро фаро гирифтааст. Функсияи калидии мақомоти прокуратураи кишварро дар мавриди мубориза бо коррупсия дигар мақомот гирифт, ки ин боиси нигаронист.
Мӯҳр
Лочарам
Просто Прокротураро функсияхояшро Агенти назорати молия ичро кардесаи, барои хамин кариб бекор мондагианд.

Прократура не,П О Р А кратура

Садом
Чашме, ки надорад назаре халкаи дом аст,
Хар лаб, ки сухансанч набошад лаби бом аст.
Дар макомот ашхосе кору фаъолият анчом пазируфт ва пазируфта истодааст, ки барои баркарории Хокимияти конуни, истикрори сулх дар чомеа ва амсоли ин корхои шоёни тахсинро анчом дода, бо амалхои накуи худ сохиби хурмату эхтироми умум гаштаанд ва набояд,ки дар симои хамаи кормандони прокуратура калобу ришвахорхоро кашф кард. Наход, ки дар баробари ин танкидхо нисбати амалхои хуби ин макомот ва шахсияти алохидаи он иборае навиштан мумкин набошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)