Бахшҳо

Рустам Азимов: “Узбакистон бо ташхиси аввалияи Роғун розӣ нест"

Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон, мегӯяд, кишвараш хулосаи аввалияи Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро қабул надораду ҳеч гоҳ аз ин тарҳ ҳимоят нахоҳад кард.

Ӯ ҳангоми суханронияш дар мулоқоти ниҳоии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато, ки ду ҳафтаи пеш баргузор шуд, гуфтааст, “натиҷагирии ҳайати мушовирон ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғунро Узбакистон қабул надорад.”

Азимов ёдрас кардааст, ки то кунун намояндаҳои кишвараш дар ягон ҷаласаҳои гуруҳи кории муташаккил барои тарҳи сохтмони Роғун иштирок надоштаанд, чун ба гуфтаи ӯ, дар онҳо меъёрҳои сатандарти байналмилалӣ риоя нашудааст. “Қабл аз ҳама, чунин бовар бар он асос меёбад, ки бар хилофи мантиқи оддитарин ва таҷрибаи солим, нақши баргузоркунандаи тендер ва супоришдиҳандаи ба ном ташхисот (экспертиза) аз ҳисоби маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, ба уҳдаи ҳукумати Тоҷикистон гузошта шуд, ки дар ин раванд ҷониби аз ҳама ҳавасманд аст.”

Мулоқоти ниҳоии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубодилаи иттилоот дар мавриди нерӯгоҳи Роғун рӯзи 18 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаато ба анҷом расид. Тибқи иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ, ки ташхиси байналмилалии Роғун зери назорати он гузашт, дар ҳамоиши Алмаато намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон лоиҳаи хулосаи ниҳоиро дар мавриди Роғун мавриди баррасӣ қарор доданд: “Лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди асоснокии техникӣ-иқтисодии Роғунро консорсиюми «Coyne & Bellier» ва ҷанбаи экологӣ-иҷтимоиро «Poyry Energy Ltd.» таҳия кардаанд. Иштирокдорони ҳамоиш масоили вобаста ба амнияти садди Роғун, идораи захираҳои обӣ ва истифодаи обанбор, таҳдидҳои экологӣ ва дигар пайомадҳои эҳтимолии нерӯгоҳро мавриди баррасӣ қарор додаанд."

Анна Берде, мудири Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқоти Алмааторо нуқтаи ниҳоии омӯзиши мустақили нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар давоми 4 сол гуфта, таъкид намуд, ки ташхиси нерӯгоҳ бо татбиқи пешрафтатарин таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ шудааст: “Хулосаи расмӣ ва ниҳоии ташхиси байналмилалии Роғун моҳи август баъди таҳлилу барррасии пешниҳодҳое, ки дар Алмаато ироа шуданд, нашр мегардад”.

Бонки ҷаҳонӣ бо такя ба лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди Роғун мегӯяд, бо назардошти ҳисоботи коршиносони байналмилалии мустақил бунёд ва истифодаи нерӯгоҳ имконпазир аст, агар дар ин раванд меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуда, пешниҳодҳои дахлдори коршиносони байналмилалӣ ба назар гирифта шаванд: “Лоиҳаи аввалия такмил дода шавад ва низоми назоратие таҳия гардад, ки аз замони сохтмон то истифодаи нерӯгоҳ фаъолият кунад.”

НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Узбакистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин нерӯгоҳ Тоҷкистонро аз кишвари ниёзманд ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил диҳад.
Мӯҳр
Угулои
Урток Рустам Азимов биё чура думи саги моро кач нагу! Чи ин кадар барои ту аз хакикат руи гардондан мушкили эчод кардааст. Он чизе ки айён аст, хочат ба баён нест. Ташхисро чиянхои Точикон тайи чор сол гузаронидагиш не.Ташхиси НБО- Рогуна Ташкилоти бонуфузи молиявии дунё - Бонки Чахони бегаразона бо иштироки Ширкатхои бонуфузи тадкикотчи аз якчанд давлатои дунё ва бевосита тахти назорати дигар Экспертхои бегарази сатхи БАЙНАЛМИЛАЛИ, ки бо хамаи онхо бевосита ру ба ру шудиаи дар вохурихо, гузаронида шудааст. Хамсоя, аз НБО- Рогун Шумо фоидаи бисёртар мебинед. Чунки вакташба лоихаи НБО- Рогунро бо ташаббуси чумхурии Узбекистон тахрези карда буданд.

Стивинсон
Кабул надоред ми? Онро месозем!

Илтимос хамин узбакора гуш накунен

Рустам Азимов аввал аз Шумо хохиш дорем, ки фанни географияро пурра аз худ карда, самтхои равони дарёи Вахшро дида баъдан вобаста ба овардани зиён ба кишвархои поёни руд сухан ронед. Шумо ба рудхонахо ва НОБ-хои давлати дигар чи кор доред. Татбищи сиёсати давлати худро дида бароед ако

созанда
месозему халос ба пеш точдорхои чахон

мухтарам Рустам-аке даркор шавад мисли Фаластин шахид мешавему месозем, рохи дигар надорем. Аллох нигахбони созандагони РОГУН.

Антигузбак
То дар Узбакистон як нафар точик хаст ва то замоне ки дар накшаи географии чахон кишваре бо номи Точикистон вучуд дорад ин мугулчахои дар Ориёно ва хоки пахновари Сугди пок бузургшуда ва ин хокро харом кардахо ба тамоми муваффакиятхои мо точикон дар хар кучои чахон зид мебароянд ва талош мекунанд пешпо зананд.. мисли фаластинихо замоне фаро расидааст ки барои бозпасгирии шахрхои бостониамон даст ба эътироз ва мубориза алайхи узбак бизанем.. расонахо бояд ин масаларо бештар таблиг кунанд..

Дар точикхои азизамон як матал хаст. Медонед чи? Мегуянд, ки "САГ чакидан мегираду рохаки ба рохаш рафтан мегирад". Инро бо хама мафхумаш фахметон. Иншоаллох ки Рогуна месозем ва бродарои хамсоя хамаша дар назар надорам ин матал барои шумост. Ба пеш.......

Али Сугди
Узбакга салом бердим беш танга таом бердим хохиам не мо Рогунро месозем узбак капат дуд кард зиндабод хакли точик

Эргаш
Ами халки Узбек аз сохтумони НБО Рогун рози хастанд факат як ду сари хокимият омада кадом масалахоеро пеши назар намеоранд биёед амин коратонро монед аз бади касе обру ва мартаба нагирифтааст ки Шумо кафо монда бошед мо ба рози будани шумо ахамият намедихем мо Рогунро месозем ...

солим
Хохи нахохи иншаоллох месозем

Азимов Дамата гир юзбаки бе маданият.шумо тамоми бахри Аралро хушк карда истодаед мо хап карда шиштемку.холо факат ту балки тамоми юзбакистон рози набошадхам месозем мо Рогунро иншоолох.

ROGUN
MO MESOZEM ROGUNRO BA YORI ALLOH

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)