Бахшҳо

Куштор дар Ёвону Панҷакент баъд аз... нӯшидани шароб

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, давоми ду рӯзи охир шароб боиси марги ду сокини кишвар гардидааст, ки дар пайи муноқишаҳои байниҳамдигарӣ дар ҳолати мастӣ ҷон додаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, Отабек Қаҳҳоров, сокини 31-солаи ноҳияи Панҷакент, рӯзи 2 августи соли ҷорӣ аз сӯи меҳмон ва ҳамдеҳаи худ- Муродулло Қаршибоеви 41-сола, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, кушта мешавад. Манбаъ мегӯяд, Қаршибоев баъд аз нӯшидани нушокии спиртӣ бо соҳибхона ҷангу ҷидол карда, тавассути шишаи арақ чанд бор ба узвҳои бадани ӯ мезанад, ки дар натиҷа Қаҳҳоров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, рӯзи шоми 2 августи соли ҷорӣ миёни Зафар Ҳақназарови 31-сола ва Илҳом Сафарови 36-сола, ки ҳар ду сокини ноҳияи Ёвон мебошанду дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, муноқиша ба миён меояд. Ба қавли масъулини ВУД-и кишвар, дар натиҷаи ҷангу ҷидол дасти Ҳақназаров ба ноқили барқӣ, ки дар назди канали обгузар васл шудааст, мерасаду аз шиддати қувваи барқ ба ҳалокат мерасад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ВУД аз кушта шудани афроди як оила дар маркази шаҳри Душанбе бар асари муноқишаҳо дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ хабар дода буд. Ин ниҳод дар шарҳи ин қазия гуфта буд, ин ҳодиса шоми 14 ба 15-уми март дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур маркази шаҳри Душанбе бар асари як муноқиша байни Ашӯр Акобиров ва як гуруҳ, ки ба хонааш омадаанд, сар задааст: “Дар пайи муноқиша ин гуруҳ соҳибхона Акобировро бо ҳамсараш кушта, баъдан хонаашро оташ мезананд. Дар натиҷаи сухтор духтари 7 солааш, ки хоб будааст, фавтидааст.”

Манбаи “Озодагон” таъкид намуд, ки кушташуда дар Душанбе ба фурӯши оби ҷав машғул будааст. Ӯ афзуд, феълан ба иттиҳоми куштори ин хонавода ду шаҳрванди рустабори Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Мӯҳр
Коко
Одатан, ДЕВОНА аз одами МАСТ дури мечуяд.

хайрон
Девонаги бас будагист!, монен Муллохои "оригинал" амри маъруф ва нахи аз мункарро сар кунанд!

муҳочир
инҳама бадмасти куштори якдигар дар масти дур будани доъиҳои ҳакгуйи мо аз минбари масчид аст

6
сухой закон чори кардан лозим!

хакикат
Дар олам вахшисиратхое, ки аз афюни араби чохил мастанд, хар руз садхо нафарро катл мекунанд. Афюни араби чохил аз шароб дида хазорхо маротиб котилтар аст. Ирок, Сурия, Покистон, Судон, Сомали, Нигерия, Покистон Афгонистон, Чин ва г. Танхо шахси кур инро намебинад. Озодагон агар шумо низ масти афюн набошед чоп намоед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)