Бахшҳо
05 авг 2014 15:00Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Ба хоксупории ҷасади Сайёду Далер дар гӯристони Хоруғ (АКС)

Ҷасади Сайёд Охонқадамов -- сокини маҳаллаи УПД ва Далер Хушдилов --сокини маҳаллаи Бархоруғи Хоруғ, ки субҳи 5 август дар наздикҳои маркази Бадахшон пайдо гардид, баъд аз зуҳри сешанбе ба хок супорида шуд. Дар маросими дафни онҳо афроди зиёде гирд омада буданд.

Шаби 4 ба 5 августи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ин ду ҷавон бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шуданд, вале то ҳол маълум нест ин кор аз тарафи кӣ сурат гирифтааст. Мақоомти пулиси Хоруғ мегӯянд, дар ин замина парванда боз шуда, тафтиши қазия идома дорад. “Онҳо дар дохили автомашина кушта шудаанд”,-гуфтанд бархе аз сокинони маҳаллӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон”. Ба қавли мусоҳибони мо, ҷасади ин ду ҷавон субҳи 5 август дар наздикиҳои маркази Хоруғ ёфт шудааст, ки онҳоро аз сарашон парондаанд.

Ба хоксупории ҷасади Сайёду Далер дар гӯристони Хоруғ (АКС)Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, ки Сайёду Далерро аз афроди наздик ба худаш медонад, қазияи куштори онҳоро бисёр мубҳам ва нигаронкунанда донист. Ӯ гуфт, гӯиё мақомоти амниятӣ фарзия доранд, ин ду ҷавон ҳамдигарро куштаанд.

Шерзамонов дар идома дар бораи вазъи кунунии Хоруғ низ суҳбат кард ва гуфт, рӯзи 4 август чархболҳои ҳарбӣ озими ин шаҳр шудаанд. “Илова бар ин, аз дигар минтақаҳо ҳам ОМОН ба Хоруғ омадааст”,-афзуд Алим Шерзамонов.


Ба хоксупории ҷасади Сайёду Далер дар гӯристони Хоруғ (АКС)

Ба хоксупории ҷасади Сайёду Далер дар гӯристони Хоруғ (АКС)

Ба хоксупории ҷасади Сайёду Далер дар гӯристони Хоруғ (АКС)


Дар акси аввал: Сайёд (аз тарафи рост) ва Далер (аз тарафи чап)
Мӯҳр
Subhon
Дар ин гуна руйдод дар шахри криминалии Хоруг ягон чизи таачубовар нест. То он даме, ки мардуми Помир аз бандитхо пуштибони мекунанд, разборкаву одамкушиву горатгариву нашъаманди пайрави бевоситаи халки "бомаданияти" ин вилоят мемонанд.

Аслишо
Онхо аз кучо таппончадор шуданд? Нафарони наздики Шерзамонов бошанд, пас у онхоро мусаллах кардааст ё медонист, ки онхо мусаллаханд ва бо худ ярок доранд. Кай ин чавонхои Хоруг аклашон корба медарояд? Аз криминалба хамрох шудана, хуб набуд, ки умри чавони худа хайф намекардед?

Ismaili
Салом. Онхоро дар наздикии пост (военный который контролирует границу) дуртар аз махаллаи Ниводак ба халокат расонданд. Дуруст аст, ки ба Хоруг аз хама чо омоновцхоро партофта истодаанд. Махз барои хамин парламент конунеро баровард, ки эхтимолияти дастнораси ба тамоми шабакахои алокави ва интернет дар холати ЧП шудан мумкин аст. Ба хамаи хонаводахои чабрдидагон сабру тахаммул хохонем. Иншоаллох Худованд чои шахидонро чаннат гардонад.

Анушервон , ш. Хоруг
Худо ба Шерзамонов повод дод. Дига сафсатагуира сар мекунад. Алим биё як бора нафарое,ки хамин куштора кардаанд гап зан чони хамаамон халос мешад.Тез чазош тием. Орагана ниго карда мешини..

Ismaili
Салом. Ду чавоне, ки зиндагии пур аз умед доштанду ба ягон кори ношоям дар зиндагии худ даст назаданд ва аз оилахои ибратомуз буданд имруз аз дасти котилони берахм шахид шуданд. Чоятон чаннат бодо.

Subhon, Ин ду чавонро шахсан мешинохтам. Хардуяшон варзишгар ва одамони хеле нагз буданд. Ту беакли лаганбардор ки асли вокеъаро надони гап назан. Асрхо гузаштанду шумо хар ки будед, хар мондед ва умеде нест, ки шумо бади 100 соли дигар аклатонро бевосита истифода бурдан ёд мегиред. Вой бар холи шумо!!!

Помери,
БАРОДАРИ АЗИЗ.ДУРУСТ КАЙД КАРДЕД.ИН КОСАЛЕСОНУ ЛАГАНДБАРДОРОНУ ЛАББАЙГУЁНУ БУТПАРАСТОН ХЕЧГОХ НАМЕФАХМАНД ВА АГАР ФАХМАНДУ БИНАНД ХАМ,ВОНАМУД МЕКУНАНД КИ ИН ТУХМАТ АСТ.ИН БОЗ ЯК БОЗИИ ХУКУМАТ АСТ,КИ МЕХОХАД БО ИН РОХ ШУРИ МАРДУМИ ПОМИРРО ХЕЗОНАДУ БОЗ БА ПОМИР ХУЧУМ КУНАД.ВА БАЪДАН ИНРО БА САРИ КАДОМ БЕГУНОХ БОР КАРДА,ЗУРИИ ХУДРО НИШОН ДОДА,ЧАШМИ МАРДУМРО ТАРСОНАД,КИ ОВОЗ НАБАРОРАНД.ВА БО ХАМИН БАХОНА ВАЗЪИЯТРО ДАР ТОЧИКИСТОН БО РОХХИ СУНЪИ НООРОМ СОХТА,АЗ РУИ КАРОРИ БАРОВАРДААШОН ИНТЕРНЕТРО НИЗ МАХДУД НАМОЯД. ОЗОДИИ АЗИЗ ВА МЕХРУБОНИ ХАЛКИ ТОЧИК,АГАР ДАР ХАКИКАТ ОЗОД БОШИ ЧОП МЕКУНИ.ТАШАККУР.

ОЗОДИХОХ. Фахмида гап зан при чём хукумат тем более мехостаанд вазъиятро ноором кунад. Дар марги чавонписарон политикаи преждевременный набофед. Иншооллох хамааш маълум мешавад.Чояшон чаннат шавад.

Точикписар
Субхон..! Бас акнун кун кати фикр кардан. Бисёр хам мамаддонои кардости.Ман ку мефахмам ки номатро Субхон навиштаи -бас будагист масхарабози. дар пеши пост ки чурат мекунад факат .............. фахмиди-ха. Ягон хел бандит гуфтани гап нест он чо ...дидем хамаашро.Чи мардума фиреб мекунем.Худатон ин корро анчом додеду халос.Ё-ки ин фикри худат набошаду фикри чои корат бошад.Дар он чо заду- шап зиёд лекин одамкуши тамоман нест чи хеле ки дар мо хаст.

Доро
Сабаби чанчол дар Бадахшон ин иктисодиёт ва зиндагии бади халки точик дар кули кишвар аст.Бо ноором кардани ин минтакаи ором ашхое,ки сари вазифа хастанд,мехоханд андешаи мардумро аз проблемахои чойдоштаи зиндаги дур кашанд на чизи дигар.Ин равшан аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)