Ҳимояти писари Домулло Муҳаммадӣ аз Шабнаму Фарзона

Абдулалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, аз сафари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – духтарони Сурайёи Қосим, сарояндаи машҳур, ба зиёрати Хонаи Худо истиқбол карда, онҳоро намунаи ибрат ба дигарон хондааст.
Ин руҳонии тоҷик дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, “духтарони Сурайёи Қосим намунаи ибрат мебошанд, чун дар авҷи гуноҳ буданду барои ҳама маьлум аст, чи сару либосе ба бар доштанд, бо ин ҳол, тавонистанд, аз баҳри ҳама орзуву шириниҳои дунё гузашт карда, ба ҷойи он либосҳои беҳаёӣ сатр пушанду ба Ҳаҷ раванд.”
Ба гуфтаи Абдулалии Муҳаммадӣ, нафарони зиёде дар дил орзуи зиёрати Хонаи Худо ва дидани ин макони муқаддаси мусулмононро доранд, вале аъмолу кирдори бадашон онҳоро намегузорад, то ба ин орзуи худ бирасанд: “Онҳо фикр мекунанд, баъд аз Ҳаҷ дигар наметавонем гуноҳ анҷом диҳем, яьне намехоҳанд зудтар тавба кунанд ва аз гуноҳ пок шаванд. Мехоҳанд, чанд соли дигар бар гуноҳ исрор варзанд, баъдан аз ҳама даст кашида ба Ҳаҷ раванд ва худро пок созанд. Ин ҳама фиреби шайтон аст ва чунин касоне ҳаргиз ба зиёрати Ҳаҷ мушарраф нахоҳанд гашт.”
Ин руҳонии тоҷик дар охир ибрози умедворӣ кардааст, Шабнаму Фарзона баъд аз бозгашт аз зиёрати Хонаи Худо дар зиндагии худ тағйироти куллӣ ворид карда, намунаи ибрат ва омиле барои ҳидояти ҷавонон хоҳанд шуд: “Худоё Ҳаҷҷи ин хоҳарони мусулмонро бипазир, гуноҳони гузаштаи онҳоро биомурз, ва онҳоро ҳидоят кун, ки ҳаргиз тарки сатр накунанд ва дубора ба гуноҳ боз нагарданд.”
Шабнами Сурайё, хонандаи шинохтаи попи тоҷик, ҳамроҳи духтараш --Шарифамоҳ ва хоҳаронаш -- Бибирӯзигулу Фарзона ба зиёрати Хонаи Худо рафта, ҳоло ба кишвар бозгаштаанд. Ин хабарро худи Шабнам бо гузоштани акси якҷояашон, ки бо ҳиҷоб тасвир ёфтаанд, дар саҳифаи Фейсбуки худ тасдиқ кард.
Шабнами Сурайё дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад. Ҳаводорони ӯ дар хориҷи кишвар ҳам кам нестанд. Баъд аз Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов аз аввалин хонандаҳои тоҷике буданд, ки дар Амрикову Аврупо силсилаконсертҳо баргузор карданд. Ба зиёрати хонаи Худо рафтани Шабнаму хоҳараш - Фарзона дар ҳолест, ки ахиран матолиби интиқодие дар расонаҳо перомунашон нашр мегардид. Аз ҷумла, бо рӯсарӣ иҷро кардани таронаҳои шӯх ва пешниҳоди як клип бо иштироки раққосаҳои нимурён мавҷи танқидҳоро зиёд карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |