Бахшҳо
06 авг 2014 08:00Тоҷикистон / Сиёсат

Номаи Раҳматилло Зоиров ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Қудратов

Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ ва вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов, бо навиштани номае ба Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода – додситони кул аз зиёдаравии раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар шикоят карда, хостори кумак шудааст. Ин ҳомии ҳуқуқ аз раиси ҷумҳур ва додситони кул хостааст, раванди тафтишот ва баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояти ӯро зери назорати қатъии худ қарор диҳанд.

Зоиров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии кишвар дар робита ба қазияи Қудратов ба қонуншиканиҳо роҳ дода, зиёдаравӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, раиси Оҷонсӣ дар нишасти хабарии 30 июли ниҳоди зертобеаш ҳангоми суҳбат дар бораи зерҳимояи ӯ ба қонуншиканӣ роҳ дода, меъёрҳои конситутсионӣ, аз ҷумла талаботи моддаи 15-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар мавриди эҳтимолияти бегуноҳиро зери соул бурдааст. “Касе ҳақ надорад, пеш аз ҳукми додгоҳ касеро гунаҳкор эълон кунад ё донад”,-гуфт Зоиров.

Раҳматилло Зоиров инчунин аз поймол шудани ҳуқуқи зерҳимояи худ дар боздоштгоҳи муваққатии тафтишотӣ нигаронӣ карда, мегӯяд, “нисбат ба Қудратов амалҳои маҳдудкунии ҳуқуқӣ дида мешавад. Аз ҷумла, ҳуҷрае, ки дар он ӯ нигаҳдорӣ мешавад, зери назорати пурзур қарор дорад. Инчунин муфаттиш аз додани иҷозатнома барои вохурӣ бо Шуҳрат Қудратов бо баҳонаҳои гуногун саркашӣ мекунад.”

Зоиров бар ин аст, ки баъд аз баргузории нишасти хабарии Оҷонси зидди фасоди молии кишвар, ки Шуҳрат Қудратов аз сӯи ин ниҳод боздошт шудааст, раванди тафтишоти парвандаи зерҳимояи ӯ куллан тағйир ёфтааст. Ӯ мегӯяд, “се рӯз мешавад, кормандони раёсати тафтишот барои вохӯрӣ накардан бо вакилони мудофеъ ё иҷро накардани дархостҳои онҳо маҳалли ҷойи кории худро тарк кардаанду аз рӯзи 1 августи соли ҷорӣ то имрӯз натавонистем, эшонро пайдо кунем. Бар иловаи ин, ҳатто имрӯз 5 август наздикони Шуҳрат Қудратов натавонистанд, ба ӯ хӯрок расонанд, чун гӯиё бо “дастури боло” ин кор манъ карда шудааст.”
Мӯҳр
Фойда намекунад ин нома, медонед барои чи?
Барои он ки ягооон одами хакикатчуй вучуд надорад дар Точикистон!

ин нисбати шухрат кудратов хеле берахми аст. Наход зиндониро хурок додан намонанд. Ин хамааш заказной аст. Касдгир хеч гох Шухратро чавоб намедихад, чунки Шухрат уро беобру кардан мегирад. Лекин вакт хамаашро ифшо мекунад, ки он таърих ном дорад.

Бандаи Худо
"Аз ноумеди басо умед аст, поёни шаби сиёх сафед аст", лекин поёни шаби сиёхи Шухрат Кудратов сиёх аст, сафед нест. Рахматилло Зоиров худ одами окил хастанд, наход ки хануз надонад, ки бо фармони боло Шухрат Кудратовро боздош карданд. Шухрат Кудратовро дигар на "нома ба Президент" фоида мекунад ва на "Нома/мактуби шикояти ба додситони кулл". Агар ин мочароро як китобчаки хурдакак куни ба як хонанди синфи 1-ум дихи хонад, мефахмад, ки ин хама супориши аст.
Ба гайр аз ин, баъд аз боздошти Шухрат Кудратов, нисбати писари Зайд Саид алакаи дело кушоданд. Акнун, худ-аз-худ маълум аст, ки баъд аз хамаи ин навбати Рахматилло Зоиров аст. Рахматилло Зоиров Ханнуз хам дер нашудааст, чилу-пустакта чамъ карда аз Точикистон баромада равед, дар паи зиндагии худ шавед, ки зуд аст, ки Шуморо хам паси панчара "бидуни далел" мешинонанд. Худованд хамаи моро дар рости хидоят кунад, ва мамлакати моро тинчиву ороми насиб кунад. Омин!

Man namefahmam, baroi chi Zoirov ba prezident murojiat kardestai, a bacha befoida murojiat mekini...

Сино
Бародари мо Шухратчон медонист ки чунин корхо ва рафторхо нисбаташ мешавад ва бо вучуди хаммаи он аз хакикат даст накашид! У КАХРАМОН АСТ!

Хасан
Ман фикр мекунам, ки ин нафарон дар рохи чиходанд чун, ки рост гуфтан худ чиход аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)