Бахшҳо
07 авг 2014 10:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти Қамари Аҳрор барои "халал" расондан ба ноиби сардори пулис

Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилотии “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” дар Хуҷанд, шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардидааст. Ин хабарнигори тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.

“Гӯиё ҳангоми наворбардории рақобати Мавзуна Чориева бо варзишгари узбакистонӣ ба тамошои муовини сардори Шуъбаи умури дохилии Хуҷанд халал расондаам”,-мегӯяд Қамари Аҳрор. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “худашон моро барои сабту наворбардорӣ ва нашри хабар дар бораи ин мусобиқа даъват карда буданд. Магар барои он даъват мекунанд, ки фақат тамошо кунем? Мо хабарнигорем ва корамон сабту наворгирист, на нишастану каф кӯфтан”.

Қамари Аҳрор афзуд, вақте аз ӯ хостаанд, то аз майдони мусобиқот берун равад, ӯ ба кораш идома додааст. “Баъдан, ду маъмури пулис, ки худро Наим Аҳмадов ва Бахтиёр Сангинов муаррифӣ карданд, бо зӯр маро ба берун кашида, ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд. Дар он ҷо маро барои “итоат накардан” муттаҳам намуда, протоколе ҳам тартиб доданд”,-мегӯяд хабарнигори Тоҷнюз.
Мӯҳр
Абдусамад Басманда
Худо ба ту кувват дихад, додар !! Ба номардон танфик !!! Ва фаромуш макун : "Холи даврон яксон намонад гам махур ".

Обо... Ин сардори раесати ВКД и вилоят дигар кор надорад, ба чуз худ нишондихи.

Камарчонро мешиносем ва бисер эхтиромаш мекунем, у бо бисер одамони шинохтаи Точикистон шиноси дорад, лекин аз ин истифода намебарад, бисер шахси ростчу аст, Худо панохгохат бошад додар.

Хушдил
То имруз "адвокатшикор" (ба таъбири Фараж) буд, акнун журналистшикор сар шуд. Эхтиёт будан лозим, ки пагох ё фардо журналистони хакгуро баста бурдана сар мекунанд. Ба гуфтаи хамон як афгоние, ки "Мехоханд моро бемард кунанд ва бакияро чупони кунанд". Худоё! Ин чи холат аст, ки бар сари халки мазлуми точик афтодааст. На дар Ватан руз дорему на берун аз он.
Камар вактхои охир хеле мавзуъхои хассосро пайгири мекард хаминба дар руйхати сиёх фаромадаст. Ин боздоштхо тахдид ба дигарон аст, ки пишаки давлат ва як корманди он ки хох дар вакти тамошои бокс бошад ё дигар пишт гуеду бинед.

i
О бародар дар Точикистон рохбарони органхо щох хастанд. Попробуй ба кайфияташон халал расон..

ОБСЭ
Ачабо, дар чомеаи демократии мо хануз хам инхел нозуктабиат "Худам шоху табам вазир" гуфтаги барин Одам0, кор мекардаастдия.

Содик
Камари Ахрор, журналисти шинохта, хакикатгу, дастгири бечорагон, хар як конуншиканиро тоби дидан надорад. Шахси бисёр хам зиндадил аст. мавзуеро ки интихоб мекунад хадафрас аст. Тасвирхое бисёр ачоиб дорад. Дар давраи ки аз радиои Озоди кор мекард навиштахояшро мехонам, дар Фаражу Нигох хам то имруз. Даврахои донишчуиям, ки мунтазам дар прессконфренсияхо семинар тринингхо иштирок мекардам бо ин шахс шиносам, ки фаъол буданд, шинос шуда будам. Доимо дастгирию рохнамоиям мекарданд. Зинда бошед, бародари азиз! Мо хеч гох шуморо танхо намемонем.

Dev
Shoyad sardori rajosati umuri dohilii HUjand az hammillaton nest..!

сабрина
Хамон полисхои Камарро капида рафтаги медонанд, ки журналист шахси итоаткор аст. Агар каси дигар пулдор ва ё амакдору тагодорро мекапид, аник хам шатта мехурду хам аз вазифа мепарид. Журналист, ки ба гайр аз сухани хакку калами бурро хеч чиз надорад, милисахо хамонхоро бо отдел мебарад дия.

Кори Исмат
Ана рузи гуму номи сиёҳ. Қамарбек, эҳтиёт шавед, дустам, Шумо ҳоло кадри ҷавон ҳастед, агар аз ин рӯз ба Шумо роҳбари пулисҳо чақа шуда бошад....

Тахмина
Э хайрият, ки Зафар Суфиев аслан зодаи чануби кишвар аст. Харчанд кариб зиёда аз 15 сол дар Хучанд аст. Агар баногох Хучанди мебуд, чаноби Камарбек аник боз шикоят мекард, ки ин чо махалгарои аст. мегуфт, ки ин Хучанди мани Гончигира чашми дидан надорад!

Бехруз
Камар яктарафа кор мекунад. Нохак бахогузори мекунад ва ба фикрам фирефтаи пулхои ночиз хам хаст. Корхои хуб хам дорад вале то охир тахлил намекунад, ки боиси норозигии хонандагон мегрдад. Ин бори аввал нест. Ин рузе чазои сахташро мебинад.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)