Бахшҳо
08 авг 2014 12:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қарори Додгоҳи олӣ дар бораи 9 сол зиндонӣ шудани Усмон Ғайратов

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 август нуҳ сол зиндони Усмон Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистонро, ки дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев муҷрим шинохта шудааст, бидуни тағйир боқӣ гузошт.

Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.

9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Шаҳбол Мирзоев тӯли бештар аз як моҳ дар бемористони Қарияи Болои Душанбе қарор дошт ва сипас барои табобат ба Русия интиқол ёфт. Ҳоло ӯ дар бемористони Хуҷанд аст ва ба гуфтаи падараш -- Нуъмон Мирзоев, саломатияш рӯ ба беҳбуд овардааст. “Дар гузашта дасту пояш ҳаракат намекард, нишаста наметавонист. Ҳоло дасту пояш меҷунбад, ҳаракат мекунад. Кам – кам тавассути аробачаи маъюбӣ ба берун ҳам мебарорем”,-афзуд ӯ.

Абдулмаҷид Ризоев ва Абдураҳмон Шарифов, вакилони мудофеи Шаҳбол Мирзоев мегӯянд, баъд аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми додгоҳ нисбат ба Усмон Ғайрвтов, онҳо барои пардохти зарари маънавӣ ва ҷисмонӣ низ ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

Аксҳои нави Шаҳбол Мирзоев

Қарори Додгоҳи олӣ дар бораи 9 сол зиндонӣ шудани Усмон Ғайратов


Қарори Додгоҳи олӣ дар бораи 9 сол зиндонӣ шудани Усмон Ғайратов
Мӯҳр
Инкадар як писари зебову бузбалара бинед ба чи хол омада расидааст. Харобу логару бемадор..................ана хамин аст окибати бо хохиши худ ба хизмати аскари рафтану дифоъи ватан кардан!!!

салим
9 сол хеле кам бояд Шахбол шикоят кунад, ки рози нест

Гунахкор
Барои точика маъюб кардагиаш ба ин 9 сол кам аст, агар ягон узбака гарданаша мешикаст ва ё мекушт дар сафи харби гапи дигар буд.. 9 руз хабс мекарданд хам хам шудан мегирифт..

99
Ин хел ҷинояткороя зиндон кардан нодуруст аст. Ин ҳам аз рӯи адолат нест ва ҳам зарар ба ҷомеа аст. Беҳтараш, гарданаи худашро ҳам мешикастанд, беҳтар мешуд. Масалан, касе одам кушт, уро ҳам бояд кушт.

Тахмина, Хучанд
Чои шубха нест, дилу тани баъзехо махбас мехохад. Аник дили фелдшер хамон масхарахою шаттахои "автаритетхо"-и махбусхонаро мехостааст. +

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)