Бахшҳо

Ноиби сарвазир: “Чаро иқдоме гирифтанӣ мешавем, ҳодисае рух медиҳад?”

Абдураҳмон Маматалиев – муовини нахуствазири Қирғизистон танишҳои ахир дар марзи кишвараш бо Тоҷикистонро дасти доираҳои манфитадор хонда, гуфтааст, гуруҳҳое ҳастанд, ки равобити наздики Бишкеку Душанберо намехоҳанд. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “ҳар вақт ҷонибҳо мехоҳанд, дар робита ба масоили марзӣ иқдом кунанд, ҳодисае ба миён хоҳад омад.”

Ба гуфтаи муовини сарвазири Қирғизистон, бояд бар асоси тавофуқи ду ҷониб сохтмони роҳҳои мошингард дар минтақаҳои баҳсӣ дар нимаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ оғоз мешуд, вале тирпаронии 10 июл онро дубора ба таъхир гузоштааст: “Мо на танҳо аз мақомоти тоҷик, аз мақомоти қирғиз низ савол мекунем, ки чаро ҳар вақт иқдоме гирифтанӣ мешавем, ҳодисае рух медиҳад? Вале, мутаассифона, ба ин савол ҳанӯз посух гирифта наметавонем.”

Маматалиев дар идома ба қазияи шоми 9 августи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи Тупакӯл, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатоли ҳаммарз бо Қирғизистон, ки миёни марзбонони тоҷик ва як гуруҳи мусаллаҳи сенафарӣ аз ин кишвар тирпаронӣ сурат гирифт, дахл карда, гуфтааст, он ба масъалаи роҳҳо рабт надорад. Тавре Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 37 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Бори охир рӯзи 9 августи соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифта буд. Ба иттилои марзбонони тоҷик, дар пайи ин задухӯрди мусаллаҳона ду нафар боздошт шуда, яке аз онҳо ҳангоми муқовимат кушта шудааст.

Марзбонони тоҷик мегӯянд, ин се нафар ҳамагӣ шаҳрванди Қирғизистон буда, аз итоати онҳо сарпечӣ ва аз силоҳ кор гирифтаанд. Онҳо савори асп буда, бо худ силоҳи шикорӣ ва як дурбин доштаанд, ки марзи Тоҷикистонро ғайри қонунӣ убур кардаанд.
Мӯҳр
посух ба муовин
ин саволро нв аз мақомоти Қирғизистон ва на аз мақомоти Тоҷикистон балки аз мақомоти Узбакистон ва мафияи қочоқи сузишвории тоҷику қирғиз ки дар ҳукуматҳо реша доранд ё беҳтар аст гуем худашон решаи ҳукуматанд бояд пурсид

МИР 24
Миллати киргиз иззату хайсияти баланд дорад ва сиёсатмадорони босавод, бесабаб нест, ки Россия бо ин кишвар эхтиром дорад, мисол чихати дастгирии иктисодиёти ЧК аллакай 500 милён рубл интикол дода дар назар аст, мохи ноябри соли равон бо ибтикори Отамбоев А. Киргизистон ба Итиходи Гумруки пазируфта шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)