Бахшҳо
14 авг 2014 09:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Душанбе ворид шудани 2,7 миллиард $ ба ҳисоби Бобак Занҷониро рад кард

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ҳарфҳои вазири нафти Эрон дар мавриди интиқоли 2 миллиарду 700 миллион доллар пули кишвараш ба ҳисоби қалбакии Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистонро бе асос донист. Зеро, мегӯяд Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзии тобеи Бобак Занҷонӣ, яъне “Конт”, дар он давра ва то ҳанӯз таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор доштааст.

Дар изҳороти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфта шудааст, “дар асоси эъломияи махсуси Вазорати молияи Амрико хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилоти мазкур ба созмонҳои қарзӣ дар Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллӣ аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст”. Ба ин тартиб, ба иддаои масъулони Бонки Миллӣ “то ин вақт бо назардошти талаботи таҳримҳо ва дар асоси тафтиши мутахассисони бонк бо санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон ин ташкилот аз ҳуқуқи кушодани филиал маҳрум карда шуда, амалиёти ҳисобҳои муросилотиаш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ғайр аз пардохтҳои андоз ба буҷети давлатӣ манъ карда шудаанд”.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин, мегӯянд, дар мавриди интиқоли 2 миллиарду 700 миллион доллар ба ҳисоби Занҷонӣ дар Тоҷикистон иштибоҳе вуҷуд дошта бошад. “Зеро ҳайати Бонки марказии Эрон махсус барои таҳлили ин масъала ташриф оварда буданд, ки оид ба мавҷуд набудан ва интиқол нагардидани маблағҳои зикршуда боварӣ ҳосил намуданд”,-омадааст дар изҳороти онҳо.

Бежан Номдор Зангина, вазири нафти Эрон, ки рӯзи 12 августи соли ҷорӣ дар як барномаи иқтисодӣ дар телевизиони Ҷумҳурии Исломӣ суҳбат мекард, аз интиқол ёфтани 2 миллиарду 700 миллион доллар пули кишвараш ба ҳисоби қалбакии Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда, дар Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, ин пул бо имзои чанд вазири ҳукумати пешин ба раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси кулли Бонки Марказии Эрон интиқол ёфтааст.

Вазири нафти Эрон афзуд, “Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва сипас Малайзия бонке дуруст кард, ки маълум нашуд, чист ва чаро чунин риски бузург кардаанд”. Ӯ илова кард, “пайдост, ки дар ин кор танҳо набудааст, чун магар мешавад, як нафар ба танҳоӣ битавонад ин ҳама пулро бихӯрад, ҳар чӣ қадар ҳам одами заранге бошад?”

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард ва Занҷониро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам намуд.

Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва дар сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки “Kont Investment Bank”, ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
Aziz
То шамол навазад дарахт намечумбад

Чила
Ана барои хамин Хасан Рухони то хол дар Душанбе таин накардааст ва то хол ба Точикистон сафари расми анчом надодааст!

Аудит
Бонки милли Точик кудрати интиколи чунин маблагхои калонро бояд надошта бошад. Вазири нафти Ирон худаш тасдик карда истодааст, ки 2 млрд 700 млн доллар байни собик вазирони Хукумати пешина, дар Ирон таксим карда шудааст. Маълум, ки нафти хом аз Ирон берун шудаги аммо маблагаш дар дохили Ирон мондаги.

к
Эрон ягона давлати ба мо дуст буд! Ана бо чунин корхояшон бо хама моро душман карданд! Бо киргизу узбаку рус танхо афгонхояш мондаасту халос

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)