Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Пак Кин Хе, раҳбари Корея
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як нома Пак Кин Хе, ҳамтои корегияшро ба муносибати таҷлили ҷашни миллияшон табрик намудааст. Оқои Раҳмон гуфтааст, ба раҳбари Корея ва мардуми ин кишвар саломатию комёбӣ ва саодату комгорӣ таманно дорад.
Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон омадаст, “хонуми Олиҷоҳ, барои ман мояи сарфарозист, то табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллии кишваратон ба Шумо ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея тақдим намоям”. Дар идома гуфта шудааст, Тоҷикистон ба рушди ҳарчӣ бештари муносибатҳои ду кишвар манфиатдор буда, дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мегӯяд, раиси ҷумҳур ба раҳбари Корея навиштааст, итминони комил дорад, раванди ҳамкориҳои ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |