Бахшҳо
18 авг 2014 09:31Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳси тақаллубӣ будани унвони доктории президент дар Маҷлис

Маҳдӣ Кӯчакзода - намояндаи мардумии Эрон бо паҳни як нома дар парлумон ба тақаллубӣ будани унвони доктории Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар, ишора кардааст.

Ӯ дар ин номаи худ навиштааст, Ҳасан Руҳонӣ ҳангоми намояндагияш унвони докторӣ надошт ва он тақаллубӣ мебошад. Дар яке аз бахшҳои ин нома пурсида мешавад, раиси ҷумҳури Эрон кай ва дар ҳайати кадом донишгоҳ ва бо кадом собиқаи пажуҳишӣ ин унвонро соҳиб шудааст.

Инчунин, аз давраи омӯзишии Руҳонӣ дар Бритониё ёдоварӣ гардида, хостори тавзеҳот дар мавриди он шудааст, ки раиси ҷумҳури кунунии Эрон ҳангоми таҳсил дар ин кишвар аз бурсия истифода кардааст ё аз ҳисоби худ? Кӯчакзода дар номаи худ тақаллубӣ будани унвони доктории Руҳониро рӯзи 17 августи соли ҷорӣ дар парлумонии Эрон дар ҳошияи як ҷаласа ба ҳамтоёни худ тақсим карда, хостори тавзеҳот дар робита шудааст.

Ин дар ҳолест, ки паҳни номаи мазкур бо вокуниши бархе аз намояндагони мардумии Эрон рӯбарӯ шуда, як амали таҳриковар ва ҳангомаомез хонда шудааст. Камолиддин Пирмуаззин – вакили парлумони Эрон мегӯяд, бо камоли таассуф имрӯз намояндагони мардумии кишвараш шоҳиди ҳодисае шудаанд, ки таърихи парлумони онҳо ба ёд надорад.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки номи раиси ҷумҳури Эрон ба иттиҳоми чизе сархати расонаҳои хабарӣ қарор мегирад. Дар гузашта низ бо нашри як филм дар бораи фаъолиятҳои сиёсияш ӯро ба ғарбгароӣ муттаҳам карда буданд. Дар филми ҳуҷаттии “Ман Руҳонӣ ҳастам” бештар сари фаъолиятҳои сиёсии раиси ҷумҳури кунунии Эрон мутамарказ шуда, дар он Ҳасан Руҳонӣ ба ғарбгароӣ муттаҳам мешавад. Ба қавли таҳиягарон, гӯиё Ҳасан Руҳонӣ аз аввал ҷонибдори муттаҳид шудан бо Ғарб буда, аз ибтидои Инқилоби исломӣ аз созишкорӣ бо онҳо ҳимоят мекардаасту хостори барқарории иртибот бо Амрико будааст.

Ҳасан Рӯҳонӣ 12 ноябри 1948 дар вилояти Симнони Эрон таваллуд шуда, аз 13-солагӣ вориди ҳавзаи илмии Қум шудааст. Баъдан ӯ дар донишгоҳи Теҳрон ва Бритониё дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кардааст. Раиси ҷумҳури нави Эрон аз соли 1999 то кунун яке аз аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ буда, аз 12 сол қабл раёсати комиссияи сиёсиву иҷтимоӣ ва аз соли 2005 раёсати дабирхонаи ин маҷлисро бар ӯҳда доштааст.

Рӯҳонӣ дар даврони Хотамӣ дабири шӯрои амнияти миллӣ ва мушовири раисиҷумҳур ва аз соли 2002 то 2004 раҳбари тими музокиракунандаи Эрон дар масъалаҳои ҳастаӣ буд. Дар маҷмуъ Ҳасани Руҳонӣ 5 давра намояндаи парлумон, 16 сол дабири шӯрои олии амнияти миллӣ ва 2 сол раҳбари музокироти ҳастаӣ будааст.
Мӯҳр
Бородач
Ин муллохои фанатику ифроти ахволи Рухонира ба танг меоранд. Муллохо аз хисоби санксияхо хело фойдаи калон ба даст овардагианд, барои хамин намехоханд, ки Рухони сиррошона фош созад.

Дар баргарди матолиб аз форси таваччухи бештар намоед. Мутамарказ иштибохи маъруфи точикист. Набояд мутамарказ гуфт, балки мутамаркиз бояд навишт ва гуфт.

бародарони азиз!! дар кишвари мо 85-90% мансабдорони болои шаҳодатҳои (Диплом) олии худро ба роҳи тақаллуб ҳосил кардаанд, ҳоло он,ки Руҳони то марҳалаи докторант дигар шаҳодатҳояш мумкин дуруст бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)