Бахшҳо
18 авг 2014 14:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Озмуни такрории Маркази миллии тестӣ барои тақсими ихтисосҳо

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон ба довталабоне, ки холҳои лозимиро ба даст оварда, аммо ба ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, озмуни такрорӣ баргузор мекунад.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ба қайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ 26 августи соли ҷорӣ оғоз гардида, довталаб имкон дорад, то 10 ихтисоси дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи як кластер интихоб намояд.

“Барои ба қайдгирӣ довталабро зарур аст, дар яке аз шуъбаҳои “Амонатбонк” 14 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаро ба нуқтаи азнавбақайдгирӣ пешниҳод намояд. Ддовталабоне, ки дар озмуни тақсимот яке аз ихтисосҳои интихобкардаашонро соҳиб шудаанд, дар сурати даст кашидан аз ихтисоси ба он тақсимшуда ҳуқуқи аз нав бақайдгирӣ ва иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надошта, ҷойи онҳо дубора ҳамчун ҷойи холӣ барои тақсимоти такрорӣ эълон карда мешавад”,-гуфт Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ.

Нишонӣ ва телефонҳо барои муроҷиат:

1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 192, телефонҳо: 224 53 66, 224 53 67, 224 53 68);
2. Хуҷанд: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 (шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников 79, телефонҳо: 915 98 00 69, 915 98 00 89);
3. Қӯрғонтеппа: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 (шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Мирзоқодирова 7, телефонҳо: 915 98 00 58, 915 98 00 71);
4. Кӯлоб: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 (шаҳри Кӯлоб, хиёбони И.Сомонӣ 2, телефонҳо: 915 98 00 58, 915 98 00 71);
5. Хоруғ: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (шаҳри Хоруғ, , телефонҳо: 915 98 00 51, 93 515 30 22).

Мӯҳр
довталаб
нокомгаштагони КУХИСТОНИ МАСЧОХУ АЙНИЮ ПАНЧАКЕНТ ба кучо мурочиат кунанд??????!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

аз Масчохи кухи то Хучанд 260 км, то Душанбе 230 км

паримахваш
яксаду панчох сум кам буд? Боз 14 сомониии дигар илова кардед. шумо инсоф доред, инсон хастед, охи дили фарзандони камбагал мегиратон,эй мардуми сариштакор. Хамаш майлаш фикри мурданатонро кунед, фарзондони мардуми камбагалро фиреб карда,ваъдаи 15-ум биёед, 26-ум биёед, аз шаф-шаф карданда шафтолу гед осон мегалтад, беинсофхо. Хайфи умри чавононе, ки имсол аз дасти шумо барин олимони кала холи месузад.

ха 150 сомониш кам буд ки бо 14 сомонии дигар супоранд дигар воситаи пулкоркуни наёфтен хайфи шумо садкаи дониши баъзе довталабон шавед ки аз хама бали баландро сохиб шуданд дар ихтисосхои интихобкардаашон нагузоштен як ихтисосое ба таксимот карден ки ин ихтисосхо дар кишвари мо умуман кор намиянд ва манфиатоварам нестанд. мухимаш дигар хеч кас дар маркази милли тести имтихон насупоранд маъно надорад корошон донишчура ки дар касби интихобкардааш нагузоштед, пас вай аз кучо онхо кадрхои баландихтисоси чомеа мегарданд... худатона шарманда карден маркази миллии тести.........................................

кабинети инфироди гуфтеду рузи 15-ум ягон маълумотро нафиристондед. Ба воситаи паёмак гирид гуфтед, чунки паёмак 1сомону 70 дирамро ташкил медихад. аз он ки хар чизро воситаи пулкоркуни мекунед, руи рост гап занед, нагзтар ва осонтар аст.

Dekan
довталаб,
Ba Dovtalab Shumo ba Janobi Oli murojiat kuned!!!!

довталаб,
Агар аз Сугду Душанбе боши бехуда ба Донишгохи тибби мурочиат накун. Зеро Тибќи фармони Вазири тандурустї ва хифзи иљтимоии ањолии Чумњурии Точикистон Н. Салимзода аз 10 июли соли 2014 ба ноњияњои зерин дар ќабул ба Донишгоњи тиббии Точикистон бартарият дода шудааст ва ба довталабони ин ноњияњо ба њар 100 холашон зиёда аз 30 хол илова карда шудааст.
Рўйхати нохияхо?
1.Нуробод, 2. Ховалинг, 3. Кўлоб, 4, Балљувон, 5. Н. Хисрав, 6. Бохтар, 7.Темурмалик, 8.Вахш, 9.Рошкалъа, 10.Љиргатол, 11.Кўњистони Масчоњ, 12.Мўъминобод, 13.Данѓара, 14.Восеъ, 15. Ёвон, 16.А Љомї, 17.Хуросон, 18.Шуѓнон, 19.Рашт, 20.Файзобод, 21. Ѓончї, 22.Ҳамадонї, 23.Сарбанд, 24.Шањритус, 25.Шўрообод, 26.Ќубодиён, 27.Румї, 28.Ќумсангир, 29.Рўдакї.

Худчанддовталаб,
довталаб,

Оё метавонам, бо 100 холи доштаам, ки дар кластери 2 мебошам дар озмуни дуюми таксимот иштирок кунам.

Лутфан гует ки такроран имтихон мешавад е не (барои он шахсоне ки дар Руссия будану дар давраи яккуми имтихон супори иштирок карда натавонистан е он шахсоне ки балли онхо нарасидааст )илтимос хатман чавоб дихед (аз шахри Ростов на Дону навишта шуд)

Салом ба кормандони  ММТ .   Аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам, ба ман маслихат дихед.

 

 

 

Ман орзу доштам ки дар баробари  хатми Мактаби Миёна хучатхои худро ба Маркази Миллии Тести супорам ва номи Донишчуро  сохиб шавам , ягона орзуям хамин буд. Падарам аз сини хурдиам чудо шуда пас аз чанд соле аз олам чашм пушид, Модарам аз нав зиндагиашро огоз кард хозир ман хамрохи Модарам хастам (шавхари Модарам намехохад ба ман кумак кунад) ва бо ин сабаб наметавонам ба орзуи деринаам бирасам, ягон хешу

таборам ба ман кумак намекунанд.Ва намедонам чи кор кунанд . 

 

Дар Моддаи 18-уми Конуни Чумхурии Точикистон омадааст.. <Дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон>  ДАВЛАТ БАРОИ ТАЪМИНУ ХУКУКУ ИМКОНИЯТХОИ БАРОБАРИ ЧАВОНОН БА ТАХСИЛ ШАХРВАНДОНИ ЧАВОН , ХУСУСАН АЗ ОИЛАХОИ КАМБИЗОАТ ВА СЕРФАРЗАНД , ДУХТАРОНИ ДЕХОТ, ЧАВОНОНИ СОХИБИСТЕЪДОДРО БО ТАРТИБИ  АФЗАЛИЯТНОК ДАСТГИРИ МЕНАМОЯД...   Хохиш мекунам ба ман маслихати муфид дихед, дар айнихол ман бояд чи кор кунам??

Aбдулоев.чамшед.
Ака.аз.тест.назугаштам.акамешав.дар.тети.ил

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)