Бахшҳо
19 авг 2014 16:56Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷавоби Ато Муҳаммад Нур ба хандаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Ато Муҳаммад Нур – волии вилояти Балхи Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири омехта бо хандаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай – номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар бори дигар аз шӯриши зидди Кобул ҳушдор дод.

Ӯ гуфт, “дар сурате болои мо зулм ва қазоват ноодилона мешавад, дар эътироз ба он аз тамоми нофармониҳои маданӣ истифода хоҳем кард”. Ба қавли волии Балх, ӯ ҳарчанд аз қарордоде, ки миёни ду номзад ба миён омада буд, ҳимоят хоҳад кард, вале тафтиши ноодилона ва бо тақаллубро қабул надорад: “Пештар гуфта будам, аз қарордоде, ки миёни ду номзад ба миён омада буд, ҳимоят мекунем, аз тафтиши шаффофи раъйҳо ҳимоят мекунем. Аммо агар ин ҳама як намоиш бошаду ба мо зулм шавад, дар он сурат аз тамоми нофармониҳои маданӣ истифода мекунем.”

Ин волии бонуфузи Балхи Афғонистон, ки яке аз ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ - номзади даври дуюми интихоботи президентии ин кишвар ба шумор меравад, бори дуюм аст, аз шӯриши зидди Кобул дар сурати ғайришаффоф будани раванди эълони натоиҷи интихобот хабар медиҳад. Ӯ қаблан низ чунин ҳушдореро дода буд, вале Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар вокуниш ба ин ҳушдори волии Балх хандаи тамасхуромезе карда, гуфт, “онҳо дар баробари чӣ касе қиём хоҳанд кард?!”

Ато Муҳаммад Нур дар ин суханронии худ низ ба масъалаи хандаи Аҳмадзай ба ҳушдори ӯ дахл карда, гуфт, қаҳ-қаҳи ин номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон аз ҳолати ғайриодии ӯ дарак медиҳад. “Дар баробари ҳарфҳои мо тими Таҳаввул ва тадовум – ситоди интихоботии Аҳмадзай бисёр як қаҳ-қаҳи калон нишон дод, ки ҳамаи мо дидему он нишондиҳандаи як ҳолати ғайриодӣ мебошад ва мо низ аз он гила надорем.”

Волии Балх дар идома таъкид дошт, “Аҳмадзай баъд аз хандаи худ савол додааст, ки “қиём дар баробари чӣ касе?” Мо мегӯем, қиём дар баробари касе, ки аз роҳи тақаллуб ба майдон меояд; қиём дар баробари нафаре, ки бо раъйи расвошудаву бӯяш дунёро гирифтааст, ба майдон меояд; қиём дар баробари нафаре, ки аз дин бехабар асту фарзанду оилаи ӯ афғон нест, хоҳад шуд!”
Мӯҳр
Амир аз Панчшер
Вокеан он хандае, ки аз чониби Ашраф Гани Ахмадзай садо дод, гувох аз бемории рухи доштани Ахмадзай буд ва бояд ба он ханда аз чониби точикиони Афгонистон, ки аз точикони Точикистон дида гурури милли доранд, чавоби сазовор дода шавад. Дар ин чода ба устод Ато аз ин хам дида зиёдтар часури ва гурурии милли зохир карданро таманно дорем...

Бародарони 5 Шер
Боракалло дуруст кайд кардед !!!

шери нари кулоби
Мардуми точики шарифи афгонистон! Огох аз пируз ба нафъи миллати точику афгонистон хастед. Худованд иншоолох пируз гардонда буд ва пируз хохед гашт. Хукмронии давлат дар авгонистони шариф хоси ТОЧИК асту бас. Оиди хандаи бемавриди ахмадакзай (клоун) гуфтаниам ки хеч гох мардуми шарифи авгонистон аз ин ханда ранч набарандч. ФАРДО КИ ДОКТОР АБДУЛЛО КИ ДАР АРКИ ПОДШОХИ НИШАСТ. АЛБАТА БАРОИ К ЯК МАШОТТА ЧАНД МУСИКАНАВОЗ ВА ХАТМАН КЛОУН ДАРКОР КУ БАРОИ ВАКТХУШИ. АНА ахмадакзай барои хамин хандид ки акалан маро ба клоуни кабул кунад. САЛОМ АЛЕЙКУМ ВА РАХМАТУЛЛО!

Точик
Аз Устод Ато хохиш менамоем ки барои иваз кардани номи Афгонистон ба Хуросони Бузург ё Ориёно талош биварзанд ва албатта барои як бори дигар ба хам омадани точикони чахон дар махдудаи бузурге аз Кобул то Хоразм бо пойтахтии Бухоро сахми арзандаи хешро бигзоранд.

.
Ана ин аст оппозиция. Оппозицияи Точикистон бошад, як одамони буздили беобруи муттахам.

Балуч
Ба симо ва садои Ахмадзай як бор назар куни, тез мефахми бо ки сарукор дори. Ин ЗАЙ ЗАЙ просто толиби бе ришу бефархангу чохилаи. Агар ин кас сари чавки бишина, ахволи мардуми шарифи Афгонистон баъдтар меша.

Абдуллох
Охири ин Худобехабари Ахмадзай одами амрикои малъуна аст албата механданд зеро пуштибонаш яхудихост. Ба Устод Ато часорат ва имони кавиро тамано дорам бигзор мардуми афгон хуб зиндаги кунанду аз ин бадбахти халос шаванд.

Шарифчон
Худо туро дар панохавш нигах дорад Устод Ато! Гургу(Амрико) шагол(паштунхо) дусташон бурида бод!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)