Бахшҳо

12 пешниҳоди Бобоҷонов барои манъи "облава" ва роҳи ҷалби ҷавонон ба Артиш

Музаффар Бобоҷонов, раҳбари созмони иҷтимоии “Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд”, 12 пешниҳоди худро барои ислоҳи қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ дар ихтиёри “Озодагон” гузошт. Ӯ бовар дорад, дар сурати ба назар гирифтани пешниҳодҳояш аз сӯи вакилони Маҷлиси Намояндагон камбудҳо ҳангоми даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ҳадди ақалл камтар хоҳад шуд:


1. Дар қонуни нав бояд “облава” ё даъвати маҷбурии ҷавонон ба Артиш билкул манъ шавад. Дар Қонун таъкид гардад, комиссариати ҳарбӣ танҳо даъватшавандаеро, ки дар комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо сабт шудааст, метавонад ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бубарад;

12 пешниҳоди Бобоҷонов барои манъи "облава" ва роҳи ҷалби ҷавонон ба Артиш2. Сари вақт ба даъватшаванда супоридани қарори комиссияи даъват, ки оид ба ӯ қабул шудааст. Чунки ҳолатҳо нишон медиҳанд, баъзан барои гирифтани қарори комиссияи даъват шаҳрванд як чанд рӯз овора мешавад;

3. Дар қонун оид додани музди ҳадди ақал ба оилаи сарбозе, ки як фарзанд дораду ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шудааст, нишон дода шавад. То соли 1993 ин дар Қонун буд. Бо ин, мо масъалаи ҳифзи иҷтимоии оилаи сарбозро ҳал менамоем;

4. Масъалаи даъвати ҷавононе, ки оила доранд (зан ва ё як фарзанд) ҳама вақт душвор буда, кормандони комиссиариати ҳарбӣ ба монеъагиҳо дучор мешаванд. Хуб мешуд, дар Қонун нишон дода шавад, даъватшавандагони оиладор барои гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳудуди вилоят ҷойгир карда мешаванд. Ин боз як роҳи кам кардани ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта дар давраи даъват мебошад;

5. Дар барномаи тайёрии сарбозон ва афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ соатҳои барои тайёрии ҳуқуқии онҳо ҷудо шуда ду баробар зиёд гардад. Мо бояд маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро баланд бардорем;

6. Дар боби якуми Қонун ҳамаи мафҳумҳое, ки дар Қонун истифода бурда мешаванд, ба таври мушаххас шарҳ дода шаванд. Дар сурати шаффофтар ва ба ҳамаи табақаи мардум фаҳмотар таҳия кардани қонун бисёр баҳсу мунозираҳо дар миёни ҳуқуқшиносонро аз байн мебардорад;

7. Умуман, шаҳрванд то 18-солагӣ ноболиғ ҳисоб мешавад. Дар Тоҷикистон афроди то 16-сола ва ё нафароне, ки ҳанӯз ба 16 қадам нагузоштаанд, комиссия барои ба қайди ибтидоии ҳарбиро мегузаранд. Дар он вақт бояд ба падару модари онҳо иҷозат дода шавад, то дар комиссия иштирок кунанд. Ин як роҳи ҳизфи ҳуқуқи кӯдак аст;

8. Дар Қонун ба аъзои комиссияи қайди ибтидоии ҳарбӣ рӯҳшинос ва намояндаи шӯъбаи маориф, духтури ноболиғони шаҳру ноҳия дохил карда шавад. Ин барои кам кардани хатоӣ ва дуруст муайян намудани қарори комиссияи бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ёрӣ мерасонад;

9. Аз давраи аз қайди ибтидоии ҳарбӣ гузаштани шаҳрванд, қайди марказикунондашудаи ҳолати саломатии шаҳрвандон дар шӯъбаи тандурустию комиссиариати ҳарбӣ ба роҳ монда шавад. Ин фаъолияти мақомоти тандурустию комиссариати ҳарбӣ ва дигар идораҳоро барои тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нишон медиҳад;

10. Қабул намудани Қонун (Консепсия) дар бораи хизмати ҳарбии касбӣ ва марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани хизмати ҳарбии касбӣ (дар муддати 10-15 сол) ва кам кардани мӯҳлати хизмат аввал аз ду сол то якуним сол ва дар оянда то як сол. Чунки ояндаи Артиши миллӣ ин Артиши касбӣ мебошад;

11. Ҷорӣ намудани имтиёзҳое, ки аз давлат ягон маблағ талаб намекунанд, барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд (Бе конкурс дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус; имтиёз додан ба онҳо дар вақти дохил шудан ба кор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ва хизмати давлатӣ). Таҷрибаи Узбакистон нишон дод, ки ин як такони бисёр сахт барои баланд бардоштани обрӯю эҳтироми Артиш мебошад;

12. Ба таври шартӣ дар ҷойҳои намоёни вилоят насб кардани рӯйхати шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ равон карда мешаванд; бо нишон додани баста, вақт ва рӯзи гусел. Бо ин гуна кирдор мо бисёр ҳаяҷону изтироби падару модар ва даъватшавандаро аз байн мебардорем, ба онҳо маълум мешавад, ки дар ин масъала комиссариати ҳарбӣ шаффоф фаъолият дорад.

Музаффар БОБОҶОНОВ,
раиси ТҶ “Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд”
Мӯҳр
Духтур
Мухтарам Музаффар Бобочонов! Пешниходхои дуруст.
Вале, то он даме ки комиссияхои тиббии военкоматхо аз будчети вазорати мудофиа маблаггузори нашаванд, кор пеш намеравад.
Холо духтурхо барои дар военкоматхои нохиявию шахрию вилоятию чумхурияви гузаронидани муоинаи тиббии хам тодаъвати (допризывная комиссия) ва хам давраи даъвати (призывная комиссия) хар сол то 3-4 мох аз муассисахои табобатии шахру нохияхо, ки тобеи вазорати тандурусти мебошанд, илова ба хамаи сарбориашон дар чойи кори асоси бе ягон пардохти иловаги, чалб карда мешаванд. Дар хамин даврахо ахоли бе хизмати тибби мемонад.

Мухтарам Бобочонов. Ин хамаи пешниходхои худро дар ягон чои пинхони нигох доред, ки дигар ба хеч кас нишон надихед. Пешниходи 3. Дар қонун оид додани музди ҳадди ақал ба оилаи сарбозе, ки як фарзанд дораду ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шудааст, нишон дода шавад. То соли 1993 ин дар Қонун буд. Бо ин, мо масъалаи ҳифзи иҷтимоии оилаи сарбозро ҳал менамоем;
Хандаовар. Чи ба волидайн 200 сомони басанда аст? Падар ва модари худат бо 200 сомони хар мох зиндаги карда метавонанд?

Устод
То хизмати Ватанро адо накунад, ба донишгоххои олй кабул карда нашаванд. Ё хадди акал ба ДМТ, Тиббй, Молия, Тичорат.

Dovtalab
Agar khizmat nagz bosha ma yagon vaqt donishgoh nameravum khondani!!!

Падари солдат
Офарин ба пешниходхоятон. Агар ин андешахо ба инобат гирифта шавад кор ба манфиати хама хохад буд.
Як масъали дигар аст, ки мо дар вакти давлати совети мохона мегирифтем, ки да худуди 7-рубл буд. Мо ба он чанд руз хуши мекардем ва чизхое, ки диламон мехост мегирифтем. Вале имруз ана хамин маблаг аслан ба дасти аскар намерасад, шояд нихоят кам хам бошад ман намедонам вале онро аскар аслан намебинад Командири рота онри гирифта ду-се чизи пастсифаттарин мехарад аз собуну амсоли инхо тамоми бокиаш дар чайби командири мухтарам. Ин хиёнат аст. Ин харом аст. ин зулм аст. Набояд командирон аз ин рох касб намоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)