Бахшҳо
20 авг 2014 14:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Интиқоди ҲНИТ аз “порнография”-и ТВ-ҳо ва радди узвияти Саркоров

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши изҳорот навореро, ки шоми 19 август тариқи телевизионҳои давлатии кишвар намоиш дода шуд, “ғайриахлоқӣ, таҳрифи ҳақиқат ва дорои ангезаи сиёсӣ” хондааст. Ин навор дар бораи равобити маҳрамонаи Асомуддин Саркоров, имоми масҷиди деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор, ки аз ӯ раҳбари ячейкаи ҲНИТ ном бурда мешуд, ҳикоят мекард,

Аммо Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, гуфт, Саркоров узви ҳизби онҳо набудааст. Номбурда ин наворро “туҳмати навбатии мақомот нисбат ба ҳизб хонда”, мегӯяд, “амали мақомот бо нашри се матлаби ахир алайҳи раҳбарияти ҲНИТ дар нашрияи ҳукуматии "Ҷумҳурият" рабт дорад”.

Оқои Файзраҳмонов дар идома афзуд, “чуноне маълум аст, имомону хатибон тибқи қонунҳои амалкунанда аъзои ҳеч ҳизби сиёсб шуда наметавонанд. Намоиш додани китъаҳое аз навор, ки хусусияти порнографӣ ва шаҳватбарангезӣ дорад ва он ҳам дар шабакаи расмии ҳукуматӣ, ки аз ҳисоби андози аҳолӣ фаъолият менамояд, ба вижа барои кӯдакон ва ҷавонон зарари равонӣ дошта, мухолиф ба арзишҳои миллӣ ва динӣ мебошад”.

Сухангӯи ҲНИТ афзуд, “бар асоси гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин навор, ки бархе аз қитъаҳояш дар гузориши 19 август ба намоиш гузошта шуд, аз тарафи доираҳои муайяне чанд вақт пеш омода шуда, ба аҳолии навоҳии минтақаи Кӯлоб дар шакли дискҳо тақсим гардидааст, ки ҳадаф аз он коҳиш додани нуфуз ва бадномкунии ҲНИТ дар остонаи интихоботи парлумонӣ аст”.
Мӯҳр
Ч,амшед
Э нахзате...биё гумш кн ами худсафедкнитона. То кайа худтона мусичаи бегунох мегирен? Наход олиям нафахмен ки мардуми Точикистонда дига хизби шмо даркор нест!!! Исломи мардуми Точикистон дар имону вичдонмонай. Мерем масчидода намозхомона мехонему шукри тинчии Ватан мекнем. Хизби исломии шмо да ном бокй мондагиай. биё дига хдтона гам натену пароканда шен....

Сухроб
Муллохои зинокору фосикро хамин хел нишон дода, шарманда кардан даркор. Онхоро дар замони пеш сангборон мекарданд. ХНИТ монед, ки акалан дар ТВ нишонашон диханд. Чй тарафашонро мегиред? Ё ки хаматон хамин хел хастед? Неки хамун занакора хам руйрост бо ному насабашон гуфтан даркор аст.

Абдуллох
Рости ин амали шуми Кумиати амният ва хукуматдорони мо кардаистодаанд хеч ЯХУДИ ингуна наворо дар шабакахои телевизионхои давлатиашон намегузоранд! Хайрон мешави инхо ба кадом фикру андеша ин коро мекунанд?! Дониста бошенд, ки шумо ба решаи худ теша мезаненд. Як суол ба хамин рохбарони Кумитаи амнияту Кумитаи телевизиоин ва хукуматдорон агар "имони кави" дошта бошанд оё хамин наворо метавон бо ахлу оилаатон ва духтаронатон якчоя тамошо кунед?! Боваркунед бародарони исломи вакте хамин гузориш тарики твт пахш шуд мо дигар аз шарма дар назди занхои хона телевизионро хомуш кардем! Пас ба ин бадбиниву бадкуни кучоро мегиренд?! Камунистон 70-сол исломро мулоро бадкардан чи гирифтанд, ки шумо мегиред?! ба чуз шарумсор кардани милату давлат дар чомеаи дохилу хорич дигар коре намекунед!!! гуфти шоир як нукта басаст агар шуураст...

Бехизб
Интихоби парлумони дар ким кучою, аммо ин сухангуи ҲНИТ пешаки рекламаша сар кардесаи ку.

Шамс
Салом ба хамаи хонандагони ин сомона, ман дар як чиз хайрон мешавад ки барои чи ин гунахгороне ки дар ин намоишхо нишон дода шуданд дар назди конун гунахгор нестан то чое ки дар макаолаи гузашта навишта шуда аст инхо дар хонахои худ мебошанд, камтар ба кучахо мебарянду камтар бо мардум сухбат мекунан гуфта навишта будед,
Худо хохад ки ин мардум чи нияте хам ки надошта бошанд дар назди Худо чавобгарии калоне доранд чунки хам дар бораи Харом сухбат мекунанду ва хам худашон ба вай даст мезананд,

Худованд хамаи моро аз ин намуд шармандагихо нигох дорад.

ин сухангуи ХНИТ боз тавассути расонахо аз пашша фил сохтанист. Хеч икрор намешавад, ки хамаи муллохо аъзои ин хизб набошанд хам, бо ХНИТ робита доранд, зеро ХНИТ аз аввал барои чалби муллохо ба сафи худ кушиш дорад. Аъзоёни он аксарият рухониянд-ку.

Халима
Бобои Файз хамсояи мо антенаи телевизионии хонаша аз болои бомаш ба замин партофт. Ба эътирози хамсараш ки ай муйсафед чо мекуни Бобои Файз аз болои бом дод мезад, ки кинохои турки намонен. телевизионхои Точикистун хамара шармында каан

Барфия
ХНИТ бе ин хам реклама шудаги гам нахуред мо дигар проблема надорем танхо як проблема ин хам бошад ХНИТ мебошад бо ин хизб хамаашро хал кунем ба дигараш шукорана кунед

Сухроб
Корхои бадахлоконаи чиновникхоро ки нишон медихад. Ё онхо мусичаи бегунох

Ростаст-другаст ман коре надорам, хатто бовархам надорам. Вале хурсанд нашавед касонеки ин наворхоро ташкил мекунед кам монд барои наворхои шумоёнрохам пахш кардан дар хама шабакахои чахони!!! Чи дар дигар хизбхо хама бе гунох будаянд???

Салом бакули мардуми шарафманди Точикистон ин ХНИТ дигар кор надорад монеаи ин корхо мешавад монед мардум донад, ки Шумо барин ба ном мулохо оромии ин чаъмиятро халадор месозед. Тамоми мардум бояд ба тарики шабакахои телвизони бинад ва хулоса барорад, ки чи кор када истодаст пайравони ХНИТ шарм надошата боз инрам ба сиёсат олуда мекунад. Кори дасти Шумо буд, ки якбор мардумро ба рохи гумрохию бародар куши бурда расонидед бас нест боз шарм надошта булбулвори месароед. Озодагон озод бош фикри бандаро руи чоп намо. Каблан сипосгузорам.

муслим
Сухроб,
намедонм акаи додари. хами филми порнографира да р хонат кати ки тамошо карди?? кати кудакот??!!

Фархори
Ин муллоро бо маслихати пешаки хамон зан, омада он зан хохиш мекунанд ки маро дуъо хон, баъд мегуяд ки шавхари ман дар росия фарзанодонам бечораву бепадар маро никох карда гир. баъд ин мулло он занро бо ду шохид ба никохи худ межарорад ва мегуяд ту хамсари ман, баъдан вомехурем. ин зан ки пешаки маслихат кардааст, меуяд не ман хона дораму дару девор, биё назди ман ва пешки хонаро бо камера тайёр мекунад. ин мулло ба назди он зан яъне зани худаш рафта хамхоба мешавад тибки никохи мусалмони, вале бехабар ки ин зан фохиша аст бо хамин расво мешавад, вале барои чи кормандони макомот ва бо кадом хадаф ин корхоро мекунанд, казоват ба мардум аст.

Аз раксу бозиву чучаи зарин, акнун ба нишони наворхои ба як дирам намеарзидаги гузаштан. Парвардигор инсофу тайфик буте ба халки ТОЧИК.

Сухроб, Ин худсафедкуни нест. ин вокеият аст. Ва барои тубарин басаводон агар ХНИТ лозим набошад барои мардуми мусалмон лозим аст, чунки Нахзат ягона хизбе аст, ки мушкилоти чомеаро ошкор мекунаду дар гами мардум аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)