Бахшҳо
27 авг 2014 17:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Танқиди афғонҳо аз Карзай, ки натавонистааст Кобулро мисли Душанбе кунад

Як навори 3-дақиқаии видеоӣ дар бораи шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон баҳсеро миёни корбарони афғон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба миён овардааст.

Атиқ Атиқуллоҳ – як корбари афғон дар шарҳи ин навор навиштааст, Ҳомид Карзай – раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон бо тими худ бояд ин наворро тамошо кунанду дарси ибрат гиранд. Ӯ мегӯяд, “дар пайи 13 соли ҳукуматдории Карзай ва тимаш, ки миллиардҳо доллар барои Афғонистон ворид шудааст, имрӯз шаҳри Кобул – пойтахти ин кишвар ҷодаи ободу ва барқ надорад.”

Атиқуллоҳ дар идома аз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари обод нисбат ба ватанаш ном гирифта, изҳор доштааст, худи ӯ тақрибан 60%-и қаламрави Тоҷикистонро дидаасту ҳамчун як кишвари сабзу обод ёфтааст.

Brice Rice - корбари дигари афғон, ки худро ҳаводори пойтахти Тоҷикистон вонамуд мекунад, ба сокинони кишвар маслиҳат додааст, аз вуруди дини Ислом ба ватани худ ҷилавгирӣ намоянд, то ин шаҳри обод ба харобазор табдил наёбад.

Вале Ҳазратгул Вафодор – корбари Фейсбук ба ин ҳарфҳои оқои Rice вокуниши сахт нишон додааст. Вафодор дар хитоб ба ҳамватани худ гуфтааст, ин шаҳри зебою обод пойтахти мардумест, ки беш аз 90 дарсади онро мусулмонон ташкил медиҳанд: “Шояд Шумо аз мусулмон будани беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон хабар надоред?! Ислом худ зебоӣ асту саршор аз муҳаббат ва сулҳу оромӣ.”
Мӯҳр
Антикарзик
Ҳазратгул Вафодора дар ароба баста Ироку, Покистону Сурияву Ямана тамошо дода овардан лозим.. баъд самолёти Боенгда шинонда Лондону Парижу Берлину Стокголма ин дафъа худаш бо пули худаш раваду бинад.. марзхои байни Швейцариву Данияву автрияву Олмона тамошо кунад баъд мефахмад ки Карзай ва Ашраф Ахмадзай кист?

Бисёр гапхои нагз задан ин хамзабонони мо дар масалаи ислом
Бовар кунед камтар агар ин мусулмонони моро шанс дихед хамин ватани мо хам мисли авгонистон мешавад,танхо дар мо мардум хаминкадар гумроху бесаводанд ки як муллои чаласаводро гуш мекунанд,бовар мекунанд ва фанати хамон курсавод мешаванд барои он ки мо мардуми точик бенихоят соддаем ва ин содаги моро хам дар хорич ва ватан мекушад!

Кабир
мо мусулмонем аммо на мисли шумо фанатик. аммо холо кам кам буркаву риши дароз дида мешавад дар кучахои Душанбеи нозинин ки боиси эхтимол ба харобазор табдил донаи ин шахр мумкин шаванд.

LKJHGF
КОБУЛ АГАР ХАМУ ХОНАХИ БОБОГИШОНА ГИРАН АЗ ШАХР ШАХРИ ЗЕБОХАЙ БАДИ ИКА КАЩМАКАШИ ВА ЧАНГУ ЧАНЧОЛ ДАР МУДАТИ 20 30 СОЛ

ТОЧИКАК
БА. КОРБАРИ BRICE- RICE БО ТАМОМИ. ИТМИНОНИ. КОМИЛ. МЕГУЯМ. Е. МУСАЛМОН. НЕСТИ. Е. ОДАМ. НЕСТИ. Е АЗ. ИН. ОЛАМ. НЕСТИ. САДКАИ. ИН. ХАМА. МЕХНАТХОИ. 124. ПАЙГАМБАРОНИ. ПОКУ. БАРХАК. ШАВИ, ИН. ХАМА. ОЗОДИВУ. ОБОДИВУ. ТОЗАГИВУ. ФАРХАНГИ. МУОШИРАТИ. ОДАМОН. РО БА. МО РАСОНДААНД'. ТУ. БОШИ. САД. АФСУС. ЧУНИН. ТАРСУ. ХАРОС. АЗ. ИСЛОМУ. МУСАЛМОНХО. ХАРОС. ДОРИ.

Dev
ТОЧИКАК,
Man ham hamchun tojik az islom neyu az "musulmonon" metarsam , bovar kun hele metarsam. Onho metavonand odam kushand, shahrro gorat kunand, davlatro ba nesti rasonand, zanonu kudakonro lagat zanand... az onho hazar. Hudo nakunad,ki in johiliyat ba sari Tojikistoni kuchak oyad, chun in guna "musulmonon" dar Tojikiston kam nestand...

Шумо хатто мекунед, гап дар Ислом нест, гап дар гумрох кардани мардум аст, пайдоиши гуруххои тундрав ки дар Ислом хаворидж мегуянд, гап дар анамин аст. Бубинед давлатхои ки мусалмонан мисли Малайзия, Дубай, Катар ва дигар далатхои мусалмониро. Факат мубориза бурдан даркор алайхи тундравон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)