Бахшҳо
28 авг 2014 11:32Тоҷикистон / Сиёсат

Истиқболи ҲНИТ аз оташбаси Ҳамосу Исроил ва миннатдориаш аз ҳукумати кишвар

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз эълони оташбаси дарозмуддат миёни Ҳаракати Ҳамос ва Исроил дар навори Ғазза истиқбол карда, онро пирӯзии мардуми азиятдидаи Фаластин хонд.

Дар баёнияи ҲНИТ аз ҷумла омадааст, “ин пирӯзӣ натиҷаи муборизаву муқовимат ва устувории фаластиниҳо барои расидан ба истиқлолияту ташкили давлати миллиашон дар сарзамини аҷдодии хеш мебошад.” Масъулини ҲНИТ гуфтаанд, ҳаводиси охир дар навори Ғазза бори дигар ҷинояткориҳои Исроилро ба ҷаҳониён нишон дод, ки он боиси ба ҳимоят бар хестани тамоми миллату созмонҳо ва ҳукуматҳои озодихоҳу адолатпешаи ҷахон гардид.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар охир аз ҳукумат ва сокинони кишвар барои бетараф набуданашон нисбат ба қазияи охири навори Ғазза ва мардуми мазлуми ин сарзамини мусулмоннишин миннатдорӣ кардааст. “Шӯрои сиёсии ҲНИТ миннатдории худро ба ҳукумати Тоҷикистон, созмону гуруҳҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хабарию рузноманигорон, уламо ва хатибони муҳтарам, ба хусус, ба мардуми муъмину инсондусти кишварамон барои чунин мавқеъгирии шарафмандона изҳор менамояд”, омадааст дар баёнияи ҲНИТ.

Маҳмуд Аббос – раиси Ташкилоти худгардони Фаластин аз оташбаси номаҳдуд миёни Ҳаракати муқовимати исломии ин кишвар - Ҳамос бо Исроил дар навори Ғазза рӯзи 26 август хабар дода буд.

Ҳамлаҳои хунини Исроил даҳаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба навори Ғазза шуруъ шуда буд. Дар пайи ин ҳамлаҳо 3 ҳазору 138 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 11 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба қавли манобеи хабарӣ, шумораи зиёди қурбониёнро кудакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҷавобии ҷангҷӯёни Ҳамос низ 48 нафар аз сокинони Исроил кушта шудаанд, ки 46 нафари онҳоро низомиён ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ппв
ХНИТ хам ба шестеркаги, яъне таърифи хукумат гузашт. Хукумат ХНИТро таги пой кардааст, ин беномусон бошанд боз хушомадгуи карда истодаанд. Ба хотире, ки боз ду курсича дар парламент бидиханд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)