Бахшҳо
01 сен 2014 09:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дарси президент дар бораи телефону интернет, хиёнат ва баҳогирӣ бо халтаи чакка

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни баромадаш дар Рӯзи Дониш дар Душанбе хостори танзими истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, телефонҳои мобилӣ ва либоспӯшии ҷавонон шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз, 1-уми сентябр дар бинои нави Донишгоҳи омӯзгорӣ баромад мекард, аз волидайни наврасони тоҷик хост, истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои фарзандони худ дар хонаҳо маҳдуд карда, телефонҳои мобилии онҳоро зери назорат қарор диҳанд. Ӯ дар хитоб ба ҳозирин афзуд, бархе ҷавонон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба ҷиноят мезананд, ки бо куштор анҷом хоҳад ёфт.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин раванд бархе аз волидайн ва масъулини таълимгоҳҳро айбдор кард, ки бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд: “Гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои бегонаву ифротӣ, даст задан ба қочоқи маводи мухаддир, шомил шудан ба гуруҳҳои ҷиноӣ ва тақлид ба тарзу либосҳои мардуми бегона омилҳое мебошанд, ки насли наврасро аз расму русуми миллии хеш дур мекунанд.”

Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони кишвар даъват кард, дар робита ба мушкилоти мазкур худро бетараф нагиранд: “Бетарафӣ хиёнат аст, ҳар як шаҳрванд масъулияти шаҳрвандиашро бояд зоҳир кунад. Аз беаҳамиятии бархе аз масъулини таълимгоҳҳо истифода карда, баъзе аз гуруҳҳо ҷавононро ба доми худ мекашанд ки оқибати бад дорад: “Мо шоҳиди ҳаводиси Ироқу Сурия ҳастем, ки чигуна воқеаҳо аст, ин даҳшат аст.”

Ӯ дар идома аз муаллимон ва устодони таълимгоҳҳои кишвар тақозо кард, ки дар тарбияи насли наврас аҳамият дода, онҳоро ба роҳи дуруст равона кунанд, то ҷавонон ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки гуруҳҳо насозанд: “Мутаассифона, дар аксар муассисаҳои илмӣ диққати асосӣ ба таълим дода шуда, тарбия то ҷое фаромӯш шудааст.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз таърихи бойи тоҷикон, ки дар гузашта соҳиби илму маърифат ва мақом буданд, хост, вақтро ғанимат донанду аз имкониятҳои фароҳамовардаи ҳукумату давлат барои омӯзиш истифода кунанд: “Тоҷикон аз қадим соҳи китобу қалам илму олим ҳастанд ва дар оянда хоҳанд буд. Тақдири давлат ва миллат дар дасти Шумост. Ҳар лаҳзаи умри худро сарф омузиши забону илм ва касбу ҳунар намоед, то ворисони ҳақиқии ин марзу бум бошед, аз имкониятҳои фароҳам овардаи ҳукумату давлат истифода кунед.”

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари фаъолшавии Маркази миллии тестии назди раисиҷумҳур дар хитоб ба тоҷикистониён таъкид намуд, ки дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва баҳогирӣ "бо халтаи пул ва чакка"-ро фаромӯш кунед! Раҳмон муаллимонро ба баҳогузории воқеӣ даъват кард, чун ба гуфтаи ӯ бисёре аз баҳоҳои гирифтаи мактаббачаҳо ба донишашон мувофиқат намекунанд. Ӯ ислоҳи вазъро тақозо карда, даъват намуд, ки дониши талабаҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.
Мӯҳр
Абдулло
Мухтарам бародарону хохарони исломи ин аст натичаи маън кардани амри маъруфи рухониён дар тую маъракахои аъзодори ва маън кардани фуруши дискхои амри маъруфу нахи аз мункар ва ин аст натичаи манъи чавонон ба масчид! Пас чавонон аз кучо биомузанд ахлоки диниву инсониро?! Аз дискакулубхо ё аз филмхои фахшу фохишаи интернети?! Агар хамин тавр рафтан гирад чомеаи мо чавонон аз ин хам батар мешаванду хубтар не!!! Касам ба Худо он замон мо метавонем сади рохи бадахлоки ва авбошии чавононро гирем, ки дар мактабхои миёнаву олии кишвар дарсхои адёни дини таълим дода шавад ё ин, ки он рухониёни маъруфи кишваро дубора ба сари минбари Пайгомбари Худо дар масочидхои панчвакта баргардонида шавад то ки чавоноро аз гаравидан ба дигар равияхо танхо онхо метавонанд насихат намоянд ва илло ягон натича намедихад ин конунхои шумо!!!

Падар
Аз Озодагон хоҳиш мекунам ин матлабро ба тезтарин сурат кор карда бароянд ва ба сайти Президенти кишвар, Вазорати маориф, агар дошта бошад, расонанд.
Ҷаноби Президент гуфтанд: "Таъмини амнияти миллӣ ба рушди илму маориф бастагӣ дорад.".
Бале чунин аст, амнияти миллии мо ки имрӯз ба он сахт ниёз дорем ба рушди илму маърифат вобастагӣ дорад. Сари ин масъала бояд ҳар фарде, ки Ватанро дуст медорад кор бигирад. Касе сустӣ варзид, чунин маъно дорад, ки барои ӯ Ватан қиммат надорад.
Вале вақте имрӯз фарзандонам аз мактаб баргаштанд дар бораи камбуди форма гап мезананд. Дар бораи дониш гап нест, формаро чаро ту аз Текстили Қурғонтеппа нагирифтаи? Чаро онро аз дукон гирифтаи? Оё ин гап аст? Кӣ ва кай чунин корро мекард? Ин даҳшат аст. Ин як муассисаи давлатиро бозорчаи худ ташкил кардан аст. Барои ба даст овардани пулу мол сари ҳам талабагон ва ҳам падару модаронро ба дард мондаанд. Дар давраи Шуравӣ касе чунин коррро намекард. Агар ТЕКСТИЛ мехоҳад молашро харанд, моли босифат барорад дар дуконҳо гузорад, мардум мегиранд. Чаро моли туркиро мегиранд ва аз худамон ва хитонро не? Зеро он матоъҳо ва тарзи духти онҳо ба бадани талаба зарар дорад, сифати паст мебошанд. Чаро ин дарди сарҳоро барои ҷомеа эҷод мекунанд? Магар ин омузиш шуд, ки ДИРЕКТОРИ МАКТАБҲО махсусан дар шаҳри Қурғонтеппа омада маҷбур кунад, ки рафта аз ТЕКСТИЛ сару либос гиред ё чаро аз онҷо нагирифтаед? Айб аст. Президенти кишвар дар барои чӣ гап мезанад, инҳо дар бораи чӣ гап мезананд, гӯё ин ДИРЕКТОР фурушандаи дукони ТЕКСТИЛ бошад. Маълум аст, ки маслиҳати пешакӣ аст ва онҳо ҳам пул кор мекунанд, дигар ин фарҳанги баду палид дар хуни ин миллат ҷой гирифта истодааст. Ин муаллимҳо ҳам ба ин вирус гирифторанд. Ҳайфи номи муаллимӣ. Ҳайфи ин шараф. Ҳайф ки Ватанро ва амнияти онро касе андеша намекунад. фақат чи кор кунад панҷ тангаро ба даст орад, он ба сурати шарофатмандона ба даст меоянд ё бешарафона.

Сохиби илму хунар шуда рафта дар русия гуломи кунед

карим
23-сол шуд афсона гушдорем хеч бехбудие нест

охират
дар хакикат айб аст чи хел як одама ки мохо интизори маблаг аз россия хаст ки барои фарзандаш як формаи мактаби бари гузаронидани мавсими тирамохи гирад мабчбур кни як моли бесифата гирад у текистила хдаш чи ву бораш чи. зур бошан броран молшона хама размер кати дар магоза бо номи ресанда сифати хубу кимати арзон кати ки намегира як прашки фуруш ё собунбарору равган барор кора сар аз стандарт мекна и стандарти вилоят курай бина сифату духта ки ичозат додай халк кида мурочиат кна ё конун кабул кнан ки ай текистили нусрат харн ки у верталёт хара замин кати наметона

Фарход
Ачабо барои чи дар Донишгохе, ки хама фосод зада шудаанд. Прзидент озод сухан меронад. Бовар накунед натичаи сухбат нитгаред. Ё кадои устодро суд карданд барои поранири

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)